Дар толори китобхонаи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки олимону донишҷӯёни Донишкада муаррифии китоби–«Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Доктори илми иқтисод, профессор Абдумавлон Азимов мулоқотро оғоз намуда, перомуни аҳамияти таърихӣ ва сиёсии китоби мазкур ибрози андеша кард. Мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишкада н.и.ф., дотсент Сироҷиддин Бобоев суханронӣ карда, оид ба паҳлӯҳои аҳамиятнокии китоб дар ташаккули ҳуввияти миллӣ ва ҳисси хештаншиносӣ мӯшикофона далелҳо оварда, донишҷӯёнро ба хондану тарғиби он даъват намуд. муаллими калони кафедраи ҷомеашиносии таълимгоҳ устод Неъматулло Авазматов оид ба аҳамиятнокӣ, қиммати илмиву таърихӣ ва дастури хуби хештаншиносӣ будани китоб андешаронӣ карда, маърӯзаи бисёр ҷолиби диққат хонд. Ҳамчунин, дар мулоқот ҷонишини директори Донишкада оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Гулчеҳра Аҳророва сухан карда, ҷавононро ба омӯзиш ва талқини китоби мазкур даъват кард.
Дар фарҷоми мулоқот донишҷӯён суолҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Мулоқот дар фазои баланди хештаншиносӣ ва ифтихор аз роҳбару давлати хеш бо хотираҳои рангин анҷом пазируфт.