ГУФТОРУ РАФТОРИ РАЗИЛОНИ ВАТАНРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ !

 

Имрӯз бештари пайравони аъзоёни собиқ ТТЭ ҲНИ дар Аврупо қарор дошта, пӯсту рӯи худро тағйир дода, баҳонаҷӯю  разилтару ғайбатчӣ шудаанд, ки гуфтору рафтори разилони ватанро маҳкум намуда, нисбати онҳо ибрози андеша менамоем. Таҳлилҳо собит менамояд, ки наҳзатиён худсарона бе ягон ҳуҷҷати расмиятдарорӣ собиқ ҲНИ-ро ба созмон табдил дода, онро Паймони  миллӣ…” ном гузоштаанд ва  боз чун солҳои қаблӣ барои амалисозии ҳадафи нопок – ба даст овардани ҳокимият ва татбиқи он аз номи дини маъруфу шинохтаи олам алалхусус М.Кабирӣ ва М.Садриддин баромад карда истодаанд. Чунин гуфтору рафтори разилонаи хоинони ватан мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони чаҳон қарор дорад. Ёдовар бояд шуд, ки собиқ ҲНИ дар зарфи тамоми фаъолияташ бо истифодаи ҳар гуна фитнаву дасиса бо бадномсозии ҳокимони давр, танқиди сиёсати замона мехоҳанд, режиме барқарор сохта бошанд, ки дар он сарвар ҳокимияти олӣ дошта, амалу кирдорҳои онҳо танқиднопазир бошад. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки пайравони ТТЭ ҲНИ орзуманди бунёди тартиботи авторитарӣ ва инкори низоми сиёсии демократии ҳуқуқбунёд мебошанд. Умуман, назардошти тағйирдиҳии сохтори сиёсии Тоҷикистон ошкоро нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ нисбат ба халқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо бетараф мебошад. Доштани ҳадафи зиддиконститутсионӣ худ шаҳодатгари он аст, ки бо соҳиб шудани ҳокимият низ хунрезиҳову ошӯбаҳо дар байни ҷомеа дар солҳои 90ғуми асри гузашта ба амал омаданд. Дар сари ҳамин гуна гурӯҳҳои ифротӣ шахсияти хиёнатгори миллат Муҳиддин Кабирӣ буда, кӯшиш намуда истодааст, ки боз ҷавонони ноогоҳро дарёфт намуда, ба сӯи ҷангу хунрезӣ хонад. Дар натиҷаи ин амалҳои  собиқ аъзоёни ҲНB ва равияҳои ифротӣ ва ғайраҳо  солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд.Дар иртибот ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти навбатии хеш изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини соҳа ва ҷавонони даврони соҳибистиқлол дастуру ҳидоятҳо доданд. Аз ҷумла, зимни баромадашон Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили аромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳоро ҷиддан халалдор сохта истодаанд. Бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд. Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.

Дар интиҳои мақолаи хеш баён медорем,ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст. Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон , ки мо имсол 30-умин солгарди онро ҷашн мегирем, ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи  амалии онҳоро таъмин намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд  ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.

Саидхоҷаева М. Н., муаллимаи калони

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *