FАЙБАТИ ТӮҲАМТИ НАҲЗАТИЁНИ ХИЁНАТКОР

Наҳзатиён-бехирадону бахилони баҳонаҷӯйю ғайбатчӣ, имрӯз боз чун солҳои қаблӣ дар барномаҳои телевизионӣ ва дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, алалхусус Кабирӣ  дар  барномаи“ Паймони миллӣ…“ғайбату тӯҳматро пеша карда, номи давлату миллат ва Ҳукумати кишварро сиёҳ кардан кӯшиш намуда истодаанд. Кас агар ба мазмуну мӯҳтавои кулли суханрониҳои матбуотию расонавии роҳбари ташкилоти террористии “Паймони миллӣ”-  ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аз назари таҳлил нигарем, аз оғоз ва решаю бунёдаш коштани тухми иғво, тӯҳмат, дурӯғу бӯҳтон, салтанатхоҳӣ ва гумроҳ кардани мардум мебошад. Барои амалӣ намудани супориши еврохоҷагонаш М.Кабирӣ кӯшиш дорад бо ҳар гуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок Тоҷикистонро дубора ноамн созанд.

Суханбозон бо суханони барои худ манфиатоварашон ба ҳаёти садҳо инсонҳо, бахусус ҷавонон зарба расонида, дарахти дӯстию тинҷиро решакан кардани мешаванд, вале мо намегузорем, ки ин гуна одамон садди роҳи ободкориву тозакориҳо бошанд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик ба маслиҳати  наҳзатиён эҳтиёҷе надошту надорад ва гӯш ҳам намедиҳад, зеро тинату ботини наҳзатиён аз амали инсоният дуранд. Хабарҳои бардурӯғ ва суханҳои фитнаангез ба касе лозим нест ва моён ба он бовар намекунем. Нест бод бӯҳтон, нест бод ҷангу ҷидол, нест бод фитнаангезӣ! Тасдиқи ин гуфтаҳоро мо аз филмҳои мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам”  ва “Хиёнат”дида,  хулосабарорӣ намудаем, ки амалҳои номатлуб, хиёнаткории наҳзатиён ва дигар гурӯҳҳ ифротӣ бори дигар ба ҳамагон аёну исбот шуд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида мардуми шарафманди  Тоҷикистони соҳибистиқлол, алалхусус ҷавонон баҳри решакан намудани гурӯҳҳои ифротӣ камари ҳиммат баста, бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯён ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин  ва дигар хоинону ватанфурӯшони миллату давлат ва сарзамани тоҷикон сухани худро баланд намудан намегузоранд, ки ягон нохалаф бар муқобили давлату миллати мо санги маломат бизанад.

 

Ҷалолова Ф.А.,н.и.ф.,муаллимаи калони кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *