Гар ҳазорат рост бошад як дурӯғ
Он дурӯғат боз дорад аз фурӯғ
Аз он рӯзе, ки шахсони хоинону ватанфурӯшон оид ба ташкил намудани ташкилоти террористиву экстремистии «Наҳзати ислом» дар рӯзгори мардуми мо Тоҷикистониён пайдо гардид мушкилиҳои бисёрро дучор кард. Оламро бо зулму ситам, дурӯғу фиреб қатлу бедодгарӣ обод карда намешавад.
Мақсади ҳар як инсон, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.
ТЭТ Ҳизби Наҳзати Ислом – сарчашмаи терроризми байналмилалӣ яке аз мушкилотҳо ва муаммоҳои асосии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ки аз шакли идоракунӣ ба тамоми мамлакати олам, аз ҷумла кишвари мо беасар нест. Терроризм ва ифротгароӣ дар ниҳоди худ зуҳуроти номатлуб аст. Ин зуҳурот боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйирот ба сохтори конститутсионии давлатҳо, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гашта метавонад.
Мавриди зикр аст, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ ва экстремистӣ яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони имрўза гаштааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала тавҷҷўҳи хоса зохир мекунанд.
Инчунин Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Прокуратураи генералӣ супориш дода буданд, ки дар ҳамкори бо дигар мақомотҳои дахлдори давлатӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд. Ин пешниҳод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасдиқ расид.
Доир ба иҷроиши ин «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» аҳли хираду тамаддунгарои кишварамонро мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром ва муттаҳид бошему бар зидди ин зуҳуроти номатлуб овоз баланд кунем.
Аммо боиси таасуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву мафкураи сиёсӣ, паст будани сатҳи дониш ва ҳмчунин ба сабаби рушд наёфтани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ботинашон, фирефтаи ҳаргуна суханони хоинони миллат шуда ба доми гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худ, фарзандон ва оилаву наздиконашонро хира месозанд.
Мо, омўзгорон, бояд дар сафи пеш истода мубориза бар зидди ТЭТ ҲНИ ва гурўҳҳои ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм қарор бигирем, шогирдонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намоем. Ҷавонон бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ва зиндагии шоистаи мардуми мо аз ҷавонони имрўза, яъне насли навраси кишвар вобаста аст.
Ҳоҷибоева Муҳайё
ассистенти кафедраи менеҷмент-и ДИС ДДТТ