Ҷавонони худшиносу худогоҳро тарбия намоем!

«Ҷавонон дар ҷомеаи навини Тоҷикистон нерўи азиму тавоно ва навовару ташаббускоранд».

 Эмомалӣ Раҳмон

 Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хафу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.

Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

 Тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандўст, соҳибкасбу ҳунарманд ин вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат пеш аз ҳама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористиро ба худӣ ва бегона, ашшадӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Аммо расидан ба ояндаи нек танҳо бо суханони шифоҳӣ, ифтихори забонӣ муяссар намешавад. Дар ин роҳ самимият, масъулиятшиносии бузург, нерўи эҷодиву хиради инсониро дареғ надоштан нисбат ба фаъолияти ҳамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар ҷавонон ва насли ояндасози миллат, завқи забономўзӣ, хондани адабиётҳои бадеӣ, шунидани васоити ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшонро бедор намуд.

Барои бедор кардани завқи забономўзии ҷавонон бояд фазои маърифатомўзии муҳассилин ғанӣ гардонида шавад. Ҳар як омўзгор дар соатҳои тарбиявӣ, дар суҳбатҳои инфиродӣ ба донишҷўён, бо истифода аз ҳар роҳу восита (намоиши филмҳои тарбиявӣ, хондани китобҳои бадеӣ, иштирок дар чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ, ташкили саёҳат ба хона – музейҳои таърихи кишваршиносӣ) дар дили насли наврас нисбати маҳалгароӣ, ифротгароӣ нафрат пайдо намуда, оқибати бади ин амалҳоро фаҳмонад. Ҷавонон бояд дар ҳар давру замон, дар ҳолатҳои гуногун зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба суханони душманони дохилию хориҷӣ фирефта нашаванд.

 Ба насли наврас моҳияти рафтори некро фаҳмондан лозим. Онҳо бояд донанд, ки маънои «Кори савоб» ин ниҳоли сабзонидан, шогирде тарбия кардан, иморате сохтан, маконеро обод кардан аст. Роҳи дигар ин ҳамкорӣ бо волидайн аст. Мактабу оила бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳам волидайн ва ҳам омўзгор бояд аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд. Волидайн имрўз дар баробари мактаб вазифадоранд, ки дар тарбияи фарзанд масъулиятшинос бошанд, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар муассиса сайқал меёбад.

Аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти корӣ ба хулосае омадем, ки аз оилаи солим, фарзандони солим ба камол мерасонад. Аксарияти он ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир мешаванд, аз оилаҳои носолим буда, падару модари онҳо маърифати паст дошта, нисбати тақдири кўдаки худ бетарафанд. Вақте фарзанд дар оила танқисӣ мекашад, меҳру муҳаббатро ҳис намекунад, албатта ба корҳои ношоям даст мезанад.

Имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ – мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмонон бо дасти худи онҳо мебошад.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо ҳатто дорои саводи ибтидоии динӣ нестанд. Бо вуҷуди ба дин таваҷҷуҳ доштан, шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин, онҳоро аз номи дин бо осонӣ барои шомил шудан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ даъват мекунанд. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтад. Бехабар аз он, ки на дар хизмати ислом, балки дар хизмати кадом як хоҷае қарор гирифтааст.

Барои пешгирии ин бояд маърифати динӣ ва сиёсии мардум, хоса ҷавононро баланд бардошт. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Парвина Исломова,
устоди кафедраи забонҳои хориҷии
ДИС ДДТТ, номзади илмҳои филологӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *