ФИТНАКОРИВУ ТАФРИҚААНДОЗИИ ТТЭ ҲНИ АЁН АСТ!

   

Аз расонаҳои хабарӣ таҳлилҳо собит менамоянд, ки асосан тариқи  шабакаҳои иҷтимоӣ раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ бо навбат бештар баромадҳои ифротӣ менамоянд. Аз ҷумла дар сомонаи ифротии “Ислоҳ нет” аз ҷониби  Муҳаммадиқболи Садриддин ва амсоли ин пайравони ТТЭ ҲНИ, ки аз мубаллиғони идеологияи бегонапарастӣ ва тафриқаандозӣ ба шумор мераванд, бо амали хиёнаткоронашон камбудиҳои ночизи кишвари азизамонро  мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Фитнакору тафриқаандозон – ТТЭ ҲНИ барои бадном кардани кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, ходимони илму фарҳанги кишвар дар назди ҷомеа, маводи иттилоотии бедалелу бемантиқро дар сомонаи ифротиашон ҷой дода, бо ин васила худро “ҳақиқатпарвар ва мусичаи бегуноҳ” нишон медиҳанд. Аслан ҳaдaфи ТТЭ ҲНИ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, ки aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои экстремистиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпӯш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудa истодаанд. Хулоса, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар робита ба ин аз суханрониҳои Пешвои миллат ёдовар мешавем, ки таъкид намудаанд: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини Ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Вобаста ба масъалаи мазкур мо борҳо  хулосабарорӣ намуда будем, боз иловатан, қайд менамоем, ки имрӯз ифротгароии иттилоотӣ ба амнияти миллии кишвари мо таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд.  Таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори  раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони онҳо дуруст андеша кунем ва онро шадидан маҳкум намоем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткори милат Кабирию Муҳаммадиқбол ва ҳаммаслаконаш нисбати кишвари соҳибистиқлоламон суханҳои бӯҳтонангезу  ихтилофангез гӯянд. Баробари ин, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона карда, баробари ин баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон барем. Набояд фаромӯш кард, ки  пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ  кори дастҷамъонаи мо аст!

                                                                                           М. АХМЕДОВ, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *