ДАР ДИС ДДТТ ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 5-уми майи соли равон дар ДИС ДДТТ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, комиссари ҳарбии вилояти Суғд, полковник Давлатшоҳ Мирзозода, директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳомид Ҳошимзода, Раиси Шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии вилояти Суғд, подполковники эҳтиётӣ Шарифҷон Азизов, Раиси Шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии шаҳри Хуҷанд, полковник Раҳимҷон Бурҳонов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, устодони собиқадор, падару модарон ва донишҷӯён маросими ботантанаи гусели наваскарон-хатмкунандагон баргузор гардид.
Боиси зикр аст, ки наздик ба 100 нафар хатмкунандагон-ҷавонписарони бонангу номуси ДИС ДДТТ ихтиёран барои пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда, пас аз ба пуррагӣ ва пеш аз муҳлат супоридани имтиҳони давлатии хатм ва ҳимояи рисолаҳои дипломӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд. Маросими гусели наваскарони ДИС ДДТТ дар бинои чорӯм баргузор гардида, дар он директори Донишкада дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ меҳмонони гиромиқадрро ба муассиса хайрамақдам гуфта, тасмими ҷавонони баору номуси таълимгоҳро нишонаи ватандӯстиву меҳанпарастии онҳо ва самараи таълиму тарбияи неки устодону волидон арзёбӣ намуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода суханронӣ намуда, сухани шодбошӣ ва таманниёти самимии Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро нисбати тасмими воқеан ҷавонмардона ва ватандӯстонаи наваскарон-донишҷӯёни Донишкада қироат намуд. Комиссари ҳарбии вилояти Суғд, полковник Давлатшоҳ Мирзозода зимни суханронии хеш иқдоми донишҷӯёнро намунаи ибрат ва саҳми арзандаи кулли ҷомеаи меҳнатии Донишкада дар тарбияи ватандӯстонаю меҳанпарастонаи насли ҷавон маънидод кард.
Ҳамзамон, Раиси Шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии вилояти Суғд, подполковники эҳтиётӣ Шарифҷон Азизов баромад карда, ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтани хатмкунандагонро фоли нек ва ҳисси баланди масъулият дар хештаншиносиву ватанпарастӣ пиндошт.
Инчунин, дар вазъияти тантанавӣ ба хатмкунандагони фаъол сипосномаҳои раёсати Донишкада тақдим карда шуд.
             
Сипас, бахшида ба гусели наваскарони Донишкада бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорон чорабинии фарҳангию бадеӣ баргузор гардид, ки он қироати ашъори ватандӯстона, саҳначаи бадеӣ, сароидани сурудҳои дилнишин ва иҷрои рақсҳои ҷолибу дилангезро дар бар гирифт. Чорабинии бадеӣ-фарҳангӣ бо сароидани суруд дар васфи Пешвои муаззами миллат ба анҷом расида, наваскарон дар ошхонаи Донишкада сари як пиёла чой суҳбати самимӣ ва хотирмон анҷом доданд.
Ҳамин тариқ, маросими гусели наваскарони ДИС ДДТТ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, минбаъд низ саҳми аҳли ҷомеаи меҳнатии муассиса дар тарбияи ватанпаристию меҳандӯстии ҷавонон назаррас ба чашм хоҳад расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *