АҲРИМАНСИФАТИИ ТТЭ ҲНИ АЁН АСТ!

      Имрӯз раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои Аврупо аз ҷониби хоҷагони  хориҷӣ пуштибонӣ ёфта, асосан тавассути  шабакаҳои иҷтимоӣ  дар барномаҳои ифротиашон аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳо, бо таблиғи андешаҳои ботил баромадҳо намуда, ноором ва рахна сохтан ба девори сулҳу суботи кишварамон кӯшиш доранд. Бо ин роҳ мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд. Хулоса бо баромадҳои ифротиашон худро ба аҳли илму адаб некхоҳ нишон доданӣ мешаванд, вале дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан ба тасаввуфу ирфон, назари манфӣ дошта, ба маънои томаш равшанфикронро чашми дидан надоранд. Мо қаблан оид ба баромадҳои ифротиён ибрози андеша намуда, онро маҳкум намуда будем. Боз такроран қайд менамоем, ки шояд баъд аз ин гуфтугӯи иттилоотӣ бадхоҳони миллат айби худро дарк намуда, минбаъд  бо назардошти ақидаҳои солиму возеҳ  шарҳ додашудаи мо хулосаи зарурӣ мебароранд ё не! Албатта не!!! Хонандаи закӣ дарк менамояд, ки хоинони миллат ботинан виҷдону имонашонро ба шайтон фурӯхтаанду беҳаёӣ,  палидӣ, манфурӣ, муғризӣ, рӯбоҳони айёр, ҳиллагарӣ ва дигар сифатҳои аҳриманиро соҳиб шудаанд.

          

          Ҳадафи масоили матраҳгардида он аст, ки бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон аҳримансифатии ТТЭ ҲНИ огаҳ гардида, фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурӯҳҳои иғвопеша ва ба суханҳои шахсони мутаассибу бегонапараст фирефта нагарданд.

              

      Хулоса, пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар муассисаю ташкилотҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа  нишон диҳем ва бо ҳамин тарз қарзи хешро дар назди Ватани азизамон адо намоем! Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.

                         А. ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *