Фирефтаи афкори мухолифини бадхоҳи миллат намегардем!!!

Дар дафтари САҲА дар Варшава намояндагони мухолифони тоҷик ширкат варзида, суханронӣ намуда, нисбати Ҳукумати кишвар интиқод намуданд, ки маҳбусони сиёсиро озод намекунад. Дар ин нишаст Низомиддин Зоҳидзода, муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҷаласаи ифтитоҳии анҷумани САҲА дар шаҳри Варшава ширкат варзида, ин созмонро ба меъёрҳои дугуна айбдор кард ва ҳузури намояндагони ҲНИ-ро, ки дар Тоҷикистон созмони террористӣ шинохта шудааст, ғайри қобили қабул номид.

Анҷумани Дафтари демократия ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава рӯзи 10 сентябр бо суханронии ифтитоҳии намояндагони расмии кишварҳои узв оғоз ёфта, то 21 сентябр давом мекунад.

Низомиддин Зоҳидзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки Душанбе ба ҳамкорӣ бо САҲА бахусус дар бахши мубориза бо терроризму тундгароӣ арҷ мегузорад: “Мо дар давоми ин солҳо ҳамкории худро бо САҲА фаъолона ба роҳ мондем. Дар чорчубаи ин ҳамкориҳо, чандин барномаҳо дар Тоҷикистон пиёда шуданд. Яке аз ин ҳамкории муҳими мо бо САҲА, гузаронидани ҳамоиши Конфронси байналмилалӣ дар масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм буд, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе шуда гузашт.” Низомиддин Зоҳидзода ин ҳамкориҳо бо САҲА-ро аломати пойдор мондани Тоҷикистон ба уҳдориҳои худ дар масоили озодӣ ва ҳуқуқи инсон номид. Вале, афзуд ӯ, бархӯрд бо “меъёри дугуна”-и кишварҳои алоҳидаи узви САҲА нисбат ба гуруҳҳои ифротиву террористӣ шароитро буҳронӣ мекунанд.

Муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон пинҳон накард, ки манзураш ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ) ва ҳузури намояндагони он дар анҷумани Варшава мебошад: “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ширкат дар ҳамоишҳо оид ба ченакҳои ҳуқуқи инсон ва нишастҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, чунин мемонад. Аммо, мо ғайри қобили қабул медонем, баъзе аз гурӯҳҳои ифротгарое, ки бо даст задан ба амалҳои террористӣ айбдор шудаанд ва кишварҳои узви САҲА ҳамчун созмони терористиву экстремистӣ шинохтаанд, дар ин нишаст роҳ ёбанд. Ба ин даъво метавонад ҳизби экстремистӣ ва терористии Наҳзати исломӣ мисоли равшан бошад, ки дар амалҳои терористиву экстремистии дар Тоҷикистон рухдода даст дорад. Даст доштани ин ҳизб бо далелҳои зиёди радношаванда, тасдиқи худро ёфтааст.”

Албатта, сокинони кишвар мухолифи ширкати раиси ТЭТ ҲНИ дар ҳамоиши САҲА мебошанд. Намоиши филмҳои мустанад, шоҳидии чанде аз сарварони собиқи ҲНИ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки ҲНИ дар воқеаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо ҳамдастии кишвари Эрон даст дорад. Мо фаъолияти ҳизбу гуруҳҳои ифротгароро дар хориҷи кишвар маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки мардуми сарбаланди тоҷик дигар фирефтаи афкори бегонагон намегарданд.

М. Файзиева,
номзади илмҳои филологӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *