Изҳороти кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ нисбати амалҳои фосиқонаи ТТЭ ҲНИ, ки бори дигар тасдиқашро ёфт.

Тариқи рўзномаҳо ва намоиши филмҳои телевизионӣ огаҳ гашта истодаем, ки дар давоми чанд соли охир  аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва Давлати исломии Ироқу Шом ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин содир шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ва даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ аз ҷумла тағйир додани сохти конститутсионии кишвар мебошанд. Гурӯҳҳои тундрав ва ифротии мазкур ба сафи худ ҷавонони зудбовар ва дорои усулҳои заифи ахлоқӣ ва ақидавӣ доштаро ба содир намудани ҷиноят бештар ҷалб менамоянд. Дар оқибат ҷавонони сустиродаву ноогоҳу ба доми гурўҳҳои манфиатҷў афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат намуда, обрў ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд. Алокамандии аъзоёни ТТЭ ҲНИ  ба куштори даххо нафар шахрвандони бегуноҳ дар чараёни тафтишоти парвандахои чинояти тасдики худро ёфтаанд.Бояд ёдовар шуд,ки санаи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара гурўҳи муташаккил бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон ба куштори  сайёҳони хориҷӣ даст задааст. Дар иртибот ба ин,  зикр кардан зарур аст, ки тибқи иттиллоти расонаҳо амиқан муайян карда шудааст, ки яке аз аъзоёни ТЭТ ҲНИ таҳти роҳбарии бевоситаи Ҳусейн Абдусамадов амали разилонаашро бо ҳаммаслаконаш содир намудааст. Тасдиқи навбатии фаъолияти террористии  ҲНИ аз ҷониби ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн, ки тариқи телевизиони чумҳуриявӣ ва маҳаллӣ баромад намуд ва он ба содиршавии ҷиноятҳояш бо пуррагӣ иқрор шуд.Зимни баромадаш Абдусамадов Ҳ. қайд кард, ки ў солҳои 2014-2015 чор маротиба ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, дар он ҷо бо Убайдов Носирхўҷа Аҳтамович яке аз аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ, ҷинояткори дар ҷустўҷў қарордошта  бо тахаллуси «Қорӣ-Носир» вохўрда, ба аъзои ҲНИ шомил гардидааст. Қайд намудан зарур аст, ки Абдусамадов Ҳусейн қаблан барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷиноятҳои вазнин дар ҳудуди Федератсияи Россия маҳбас шудааст. Аз сухани бевоситаи Абдусамадов Ҳ. маълум гардид, ў бо мақсади иҷро намудани супориши роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳоҷагони хориҷиаш ба зодгоҳаш омада, хешу таборашро ба содир намудани амалҳои террористӣ ҷалб намудааст. Масалан бо ҳар гуна ҳилаю найрангӣ  хешу ақрабои наздикаш, аз ҷумла Беҳруз Сафоев ва Кароматулло Сафоевро  ҷалб намуда, аз нуқтаи Эсхатабонк  маблағҳои  ирсолшудаи ТТЭ ҲНИ-ро  гирифта,сипас  барои омодаги амали террористӣ, лавозимоти заруриро харидорӣ кардааст. Инчунин дар рафти ҷараёни намоиши филми мустанад боз амиқтар маълум гардид, ки Абдусамадов Ҳ. аз амали ғайриинсониаш пушаймону иқрор шуда, амалҳои фосиқонаи ТТЭ ҲНИ-ро бори дигар тасдиқ намуд.Зимни суханрониаш нисбати кирдори ноҷавонмардонааш қайд намуд, ки ў бо дастурҳои яке аъзоёнии фаъоли ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла Убайдов Н.А даст ба куштор задааст. Бо назардошти иқроршаваи  Абдусамадов Хусейн таҳлилҳо собит месозанд, ки дар паси ҳамаи ин ҷиноятҳо роҳбари асосӣ М.Кабирӣ меистад ва ба ў бо ҳамҳизбиёнаш роҳу усулҳои онро нишон медиҳад. Баррасии ин масоил имрўз бисёр муҳим буда, тақозо мекунад, ки ҳар як фарди тоҷик, хусусан ҷавонон бояд кўшиш ба харҷ диҳанд, ки анъанаҳои миллии меҳмондории аҷдодиамонро идома бахшида, ба кулли сайёҳону меҳмонони ба кишварамон ташрифоварда, харҷи бештар эҳтирому самимият зоҳир намоянд ва ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзанд.дар интиҳои ақидаи хеш, бо камоли эҳтиром аз забони шоир ба ҷавонони миллати хеш даъват ба амал меорем:

Ҷавонон, бин, муқаддас ин Ватанро ҳамчу ҷон донанд,
Шукуфоию рушди мулк аз илму адаб хонанд.
Хурофотию ифротӣ бувад оини бегона,
Агар бинанд гумроҳе, зи роҳи бад бигардонанд.

Ҷавониро далерӣ, зиракию нанг мезебад,
Ирода, руҳи солим, бозуи чун санг мезебад.
Ҷасурию фидокорӣ чу пешоҳанг мезебад,
Худафрўзӣ ба роҳи донишу фарҳанг мезебад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *