Солҳои охир дар ватани азизамон дар ҳама соҳаҳо пешрафтҳои назаррас мушоҳида мешавад. Аммо, иддае аз бадхоҳони миллат ва гуруҳҳои ифтрогаро пешрафту шукуфии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд. Ба ҳар баҳона санги маломат ба сӯи давлату миллат меафкананд.
Мутаассифона, ҳар рӯз мешунавем аз ҷониби ин нохалафон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардурӯғро нашру паҳн сохтааанд. Албатта, ки ҳама худ шоҳид аст ва бо чашми сар мебинад, ки кадом ҷониб дар роҳи ҳақ ҳукмронӣ менамояд. Вале бо вуҷуди ин боиси нигаронист, ки дар кишвари мо низ чандин нафарон симои воқеии худро бармало нишон доданд. Онҳо дар хақиқат бадхоҳон ва экстремистони аслӣ буданд, бо вуҷуди ин ки ҳамаи он афродон сохиби вазифаҳои баландмартаба буданду соҳибмансаб, аммо боз ҳам ба ҳамаи ин неъматҳои насибкардаи Худо изҳори ношукрӣ намуда, хостанд халқро ба иғвову дасиса бархезонанд. Ҳамон халқеро, ки ҳоло ҷавон асту мустақилияташро бар ивази ҳазорҳо ҷони абармардони шуҷои миллат ба даст овардааст, хостанд, ин бадтинатон ба ҳолати ҳаокатбор оваранд, хушбахтони рӯҳи бузурги гузаштагони мо ғалаба карду тири ин ноодамон ба ҳадаф нарасид. Мардуми тоҷик аз азал дар партави дастури супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон тарафдори озодиву ваҳдат, сулҳу амният ва истиқлолият буда, чунин рафтори аз доираи инсоният дурро пурра маҳкум менамоем ва дар муттахидии якдигар онро шикаст медиҳем, ба хотире ки он ба амнияти миллии мо хатари ҷиддиро таҳдид менамояд.
Яке аз сабаби гумроҳ намудаи ҷавонони мо дар он аст, ки дар ниҳоди онҳо илми дини мубини Исломро ғалат мефаҳмонанд, гуё агар фирефтагон ба суханони бадхоҳон амал кунанд дунёро аз ҳамаи нопокиву олудагиҳо софу тоза мегардонанд. Дар ҳоле, ки ҳамаи ин баръакси кор аст. Он фиребхӯрдагоне, ки ба доми бадхоҳолни миллат афтодаанд, на танҳо ба ҷони худ ҷафо мекунанд, балки бо шомил шудан ба чунин гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба аслашон доғ оварда, бо ин амалҳои нангинашон дар кишвари мо нооромиро эҷод мекунанд, худашон аз номи худу аҷдодонаш доғеро дар ҷомеа мӯҳр мезананд.
Раҷабов Раҷабмаҳмад,
муаллими калони кафедраи
математика ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ