ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-РОҲНАМОИ АҲЛИ ҶОМЕА

Чун ҳамасола дар арафаи соли нави мелодӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид. Паёми Президенти кишварро кормандони ҳамаи сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, ҷомеаи устодону донишҷӯёни Донишкадаи иытисод ва савдои Донишгоьи давлвтии тижорати Тожикистон бо як руҳияи том тариқи телевизион ва шабакаҳои интернетӣ тамошо намуданд.

Зимни паём қайд карда шуд, ки бо муносибатҳои хуби тарафайни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давоми 9 моҳи соли 2018 2,5 миллион нафар ба дидорбинии хешу пайвандони худ рафтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Ҳукумати кишвар ҳамаи кӯшиши худро ба амалигардонии ҳадафҳои стратегӣ равона менамояд. Дар соли 2018 рушди маҳсулот ба 7,3% зиёд шуда, сатҳи таваррум ба 5,4% баробар гардидааст. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки пешниҳод шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои рушди инрасохторҳо соҳаи сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

 Зеро ба таври назаррас амалӣ гардидани “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” ба татбиқи чунин тадбирҳои муҳим дар шароит навин вобастагии калон дорад. Давоми соли 2018 зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кории нав ташкил гардида, мардумро бо кор таъмин намудааст. Пешвои миллат қайд намуданд, ки барои беҳтар намудани некӯаҳволии халқ аз обу замин бояд самаранок истифода кард. Ҳамагон огаҳ ҳастем, ки аз моҳи сентябри соли равон маоши кормандони хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо 15% зиёд гардид. Дар соли 2019 бошад барои ин иқдом 1,2 миллион сомонӣ маблағ аз буҷаи давлат ҷудо гардидааст.

Маблағи буҷаи давлат дар соли 2019 бошад 24 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар соли 2018 нисбат ба соли гузашта маблағҳо аз ҳисоби буҷаи давлат барои соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7%, варзиш 17,3%, маориф 14%, суғурта 9,5%, тандурустӣ 7,2% зиёд равона гардидааст. Дар соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон ташрифоварда 2,5 баробар афзуда, минтақаҳои сайёҳӣ назаррас муаррифӣ карда шуданд. Ҳунарҳои мардумӣ васеъ паҳн гардида, ҳамагон аз маҳсулотҳои дастии ҳунармандии мардумӣ бештар огаҳӣ ёфтанд. Бо мақсади дуруст ташкил намудани инфрасохтори сайёҳӣ солҳои 2019-2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди деҳа ва сайёҳат эълон гардид.

Дар соли 2018 аз ҳисоби НБО Роғун 3,9 миллиард сомонӣ аз худ карда шуд. Соли 2019 бошад дуюмин агрегати НБО Роғун мавриди истифода қарор дода мешавад. Соли 2019 нерӯгоҳҳои “Норак” ва “Қайроққум” таҷдид карда мешаванд. Бори аввал давоми 27 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон тайи 2 соли охир мардум пурра бо қувваи барқ таъмин гардида, қувваи барқ ба кишварҳои дигар низ содирот карда шуд. Деҳаҳои дурдасти кишвар низ шабонарӯзӣ бо қувваи барқ таъминанд. Зимни паёми хеш Пешвои миллат ба нақши занон дар ҷомеи таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Шумораи занони роҳбарикунанда нисбат ба солҳои гузашта афзудааст. Ин аст, ки 19% занони роҳбар ва 25% хизматчиёни давлатӣ мебошанд. Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки давоми соли ҷорӣ 50% мактабҳои типи нав кушода шуд. 230 иншооти варзишӣ ба маблағи 175 миллион сомонӣ барои наврасону ҷавонон ба истифода дода шуд. Давоми солҳои 2008-2018 шумораи иншоотҳои варзишӣ ба 9300 адад расидааст. Ба сифати таълиму тарбия бояд диққати махсус зоҳир намуд. “Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” бояд амалӣ гардад. Махсусан дар замони ҷаҳонишавӣ волидон бояд ба тарбияи фарзанд аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Мардуми кишвар аз чунин нишондодҳои Ҳукумати мамлакат қаноатманд буда,ҳамеша набзи пешрафти рўзафзўни кишвари азизамонро эҳсос намуда истодаанд. Паёми имсола мисли дигар паёмҳо мардумро ба сулҳу субот ва истиқрору оромӣ ҳидоят кард ва мардуми мамлакат аз Паёми ироашуда истиқболии гарм карданд, ки ин нишону сулҳу иттиҳод дар кишвар мебошад.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *