Филми “Хиёнат” аъмоли бадхоҳони миллатро ошкор кард

Филми “Хиёнат”, ки тариқи телевизиони кишвар ба намоиш гузошта шуд, тамошо кардем. Дар воқеъ вақте аз оғози филм мушоҳида мекунем таҳиягарони он нахуст мардуми шарифи кишварро ба шукргузориву расидан ба қадри тинҷиву осудагӣ ва истиқлолияти миллӣ бахусус дар вазъияти ҳассоси ҷомеа ва бахусус вазъи доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус мекунанд, ки хело амри саривақтӣ ва муҳим маҳсуб меёбад.

Дар ҳақиқат кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус шоистаи таъкид ва зикр мебошад.

Ҳамагон шоҳиди бевоситаи тариқи корвонҳои махсус озими шаҳру навоҳии кишвар гардидани кӯмакҳои Певшои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили маводҳои озуқаворӣ ва дорувориҳо дар шароити вазнину ҳассос гардидем, ки рӯҳияи мардуми шарифи кишварро болида гардонида, ба беморону барҷомондагон умеди шифо бахшид.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки аз забони шоҳидони ҳол нақл мешавад собит сохт, ки наҳзат дар кадом шакле набошад, хоҳ паймон, хоҳ анҷуман ва хоҳ ҳизби сиёсӣ ҳадафаш нооромӣ байни мардуми тоҷик ва хунрезиву кашмакашиҳо дар Тоҷикистон аст.

Хулоса, филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки оид ба хиёнатҳои ин нотавонбинон ва душманони миллат қисса мекунад. мардуми шарифи Тоҷикистон ва бахусус ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки ба хоинони миллат бовар накарда, баҳри ободониву суботи кишвар саҳмгузор бошанд.

Қоситов О.,

Ҷӯраев Ҷ, устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *