ФЕСТИВАЛИ АТЛАСУ АДРАС

     Санаи 19-уми октябри соли равон бо мақсади тараннуми анъана ва либоспӯшии миллӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд фестивали атласу адрас баргузор гардид. Дар ин чорабини 30 нафар донишҷӯдухтарони донишкада бо намоиши сару либоси миллӣ иштирок карданд. Духтарон либосҳои милии кӯдакона, рӯзмара, қадима, идона ва арӯсӣ намоиш доданд, ки тамошобинон аз нозукиҳои дӯхт ва мӯди либоси миллӣ бархӯрдор гардиданд.

     Ҳамзамон, дар фестивал барномаҳои ҷолиби дастаи “Сарроф”-и донишкада, ки санаи 13-уми октябр дар озмуни ҷумҳуриявии байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ  “Маҳфили зарифон” ғолибият ба даст овард, ба намоиш гузошта шуданд.

        Фестивали атласу адрас, ки дар ДИС ДДТТ баргузор гардид, пеш аз ҳама, ҷиҳати ҷалби ҷавонон барои гиромидошт ва пӯшидани либосҳои шинами миллӣ, эхтиром гузоштан ба либосҳои миллии тоҷикӣ ва тарғиби анъанаи неки либоспӯшии тоҷикон нигаронида шуда, хиссае аз ташаббусҳои Раёсат ва донишҷӯёни муассиса дар ин самт арзёбӣ мегрдад. Фестивал дар фазои идона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, бо натиҷагирӣ аз намоиши сару либоси миллии намудҳои атласу адрас анҷом пазируфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *