Дастаи «Сарроф»-и ДИС ДДТТ дар озмуни ҷумҳуриявии байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бахшида ба Соли ҷавонон бо дастаи «Навовар»-и ДПДТТ ба номи М. Осимӣ рақобат карда, бо 73 хол ғолибият ба даст овард.
Сабқати байни дастаҳо аз рӯи шартҳои: саломнома, суруди ҳаҷвӣ, саҳнача, саволу ҷавоб ва тақлидкорӣ гузаронида шуд. Дастаи “Сарроф”-и ДИС ДДТТ бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ карда, пирӯз гардид ва ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт.
Мо ҳайати дастаи “Сарроф”-и донишкадаро ба ин дастовард табрик гуфта, барояшон дастоварду комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.
Абдувалӣ Акбарзода