Файзи Истиқлол сӯйи Тоҷикистон мерасад!

Файзи Истиқлол сӯйи Тоҷикистон мерасад,

Шодию иқбол ҳар дам баҳри ёрон мерасад.

Бо насими Ориёну шавкати Сомониён,

Ваҳдату эҳё барои тоҷдорон мерасад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:

“Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд”.

Дар ҷаҳони пурпечутоби замони муосир мо танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандӯстонаи тамоми сокинони кишвар метавонем истиқлолияти Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолиятро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд:

«Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Истиқлолият барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст. Он на танҳо ба ҳаёти ҷавонон, балки ба тақдири тамоми тоҷикистониён таъсири мусбӣ гузошт. Дар зарфи соҳибистиқлолӣ дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқ пешравӣ ва дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд. Ин дигаргуниҳо дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт, сохтмону нақлиёт назаррасанд. Ҳамаи ин бешубҳа самараи Истиқлолияти давлатӣ аст.

Ҳар сол 9-уми сентябр тамоми мардуми кишвар бо  хурсандию шодмонӣ  ҷашни Истиқлолиятро таҷлил менамоянд. Истиқлолияти комил ба кишвари мо имкон дод, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад намояд. Гузашта аз ин дар дарозои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аъзои бисёр ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ гардид. 2 – уми марти соли 1992 пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Миллали Муттаҳид гувоҳи равшани интихоби роҳи демократии бунёди ҷомеа мебошад. Аз таҳлили ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бармеояд, ки Истиқлолият ба маънои томаш ба рушди бемайлони тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт шароити мусоид фароҳам овард.

Махсусан дар ҳаёти ҷавонон Истиқлолият нақши муассир дорад. Мусаллам аст, ки ҷавонон дар ҳар давру замон нерӯи пешбаранда ва қувваи бузурги созанда мебошанд. Ҷавонон дорои қобилияти ақлию зеҳнӣ ва фикрию ҷисмонӣ буда, имкони ба вуҷуд овардани дастовардҳои тозаро доранд.

Ҳамаи ин таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳо моро водор месозад, ки баҳри ободии Ватан ва пешравии он камари ҳиммат бандем. Гузашта аз ин ба  моҳият ва арзиши бебаҳои Истиқлолият расида онро ҳифз намоем. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  аҳли башар ягон неъмати дигар аз истиқлолияту озодӣ бартар, гуворотар ва афзалтар нест.

Бигузор ин Истиқлолият ҷовидонӣ  бошад ва аз баракати ҳамдилию ваҳдати миллӣ дастовардҳои аҳли ҷомеаи кишвар аз ин ҳам бештар гарданд.

 

                                                    Олимӣ Р. Л., директори ДИС ДДТТ,

номзади илми иқтисод, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *