ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

Дар ин замони хатари муосири терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ мебошад. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ии ҳолат таҳдид ба амнияти ҷомеа аст. Бинобар ин омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаботи замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.
Бояд ёдоавар шуд, ки дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ибтидои солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ин ҳама дар ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Хулоса фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар робита ба ин аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат ёдовар мешавем,ки таъкид намудаанд: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини Ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Баробари ин бояд қайд кард, ки паҳншавии ифротгароии заминаи динидошта ва терроризм дар Осиёи Марказӣ ва хусусан дар Тоҷикистон, ба якчанд омил алоқаманд аст. Яке аз омилҳои ниҳоят ҷиддӣ, ки барои барпошавии Халифат мусоидат намуд, ин муборизаҳои сиёсӣ дар байни давлатҳои минтақа мебошад, ки баъзеи онҳо Халифатро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирии ҷиддӣ кардаанд. Чунин амалҳо бо он сабаб ҷой доштанд, ки ин давлатҳои минтақа барои пурқувватшавии Халифат манфиатдор ҳастанд. Аз ин шарҳи мухтасари ифротгароии динӣ бармеояд, ки экстремизм дар навъҳо ва шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Яъне ифротгароӣ аз рӯйи мазмун динӣ ва дунявӣ, аз рӯйи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ шуда метавонад. Нигоҳи ифротгароӣ хеле решаи чуқур дошта, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Терроризм низ яке аз шаклҳои мураккабтарини он ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд худдорӣ намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад.

Д. ОРИФҶОНОВА,
сармуаллими кафедраи
кафедраи молия қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *