АЗ КАСОФАТИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ҶАВОНОНРО ЭМИН НИГОҲ ДОРЕМ!

Таҳлилҳо собит менамояд, ки дар ҷаҳони муосир технологихои сиёсӣ бунёд гардиданаш ба мушоҳида мерасанд, ки аз ҷонибит хадамоти махсуси бархе кишварҳои манфиатҷӯ маблағгузорӣ мешаванд. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, ки арзишҳои дини мубини Исломро ба ҳадафи геополитикӣ истифода намуда, вазъи иҷтимоӣ-сиёсии кишварҳои мусулмонниро ноором гардонанд. Дар иртибот ба ин, андешаи собиқ Канслери Федералии Олмон Ангела Маркелро мисол меорем, ки дар яке аз суханрониаш қайд кардааст: “кишварҳои Ҳинд ва Чин рӯи ҳам дувуним миллард аҳолӣ доранд, 150 Худо ва 700 ақидаи гуногун доранд ва дар сулҳ зиндагӣ доранд. Аммо мусулмонон як дин ва як китиб доранд, хиёбонҳояшон сурх шуда, аз хуни якдигар, ки мутаасифона, зуҳуроти экстремизм дида мешавад. Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки айни замон назаррастарин таҳдид ин экстремизими динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу ШоМ (ДИИШ), ки тамоми Ховари Миёна, бахусус, Ироқ, Сурия ва ҳоло бошад ба Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна дида мешавад. Ҳамин тариқ, бояд қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳизбу ташкилотҳои экстремистиву террористӣ бо истифода аз дастоварҳои навтарини технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ,васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо хабарҳои бардурӯғ ба ҷалб намудани аъзои нав ба сафи худ машғуланд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем,ки моҳи декабри соли 2021 донишҷӯи технологиии Русия аз ҷониби мақомоти қудратии Русия боздошт гардид, ки миёни ҳамсолонаш ғояҳои ҷиноии ДИИШ-ро тарғиб мекардааст.Ҷавони дастгиргардида, яке аз шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, борҳо кори ҷангии ДИИШ-ро сафед карда, ба бунёди хилофат дар Ироқу Сурия даъват менамуд. Инчунин тибқи расонаҳои Туркия маълум шудааст, ки 22 декабри соли 2021 яке аз ёварони Бағдодӣ, раиси пешини созмони террористии ДИИШ-ро барои ҳашт солу чор моҳ равонаи зиндон кардааст. Бояд қайд кард, ки маҳкумшуда зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Миёна буда, Аҳмад Сулаймон ибни Муҳаммад ном дорад.
Хулоса, нагирифтани пеши роҳи ин ҳолат метавонад, боз ба қалби садҳо нафар ҷавонон андешаҳои носолимро ҷой намояд. Бинобар ин ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.
Мо ҳама омӯзгорону падару модарон дар ҳамкорӣ бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ худро эмин нигоҳ доранд.

М.АХМЕДОВ,
сармуалими кафедраи
математекаи олӣ ва
технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *