Ҳеҷ кас монеаи табобати Ҳамза нест!

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди бемории Ҳамза Тиллозода – набераи Раиси ҳизби мамнуъ ва террористии наҳзат Муҳиддин Кабирӣ мақолаву гузоришҳои зиёде ба табъ расиданд, ки дар онҳо иддае аз шаҳрвандон Ҳукумати Тоҷикистонро бар он айбдор мекунанд, ки гӯё монъи сафари ӯ барои табобат ба хориҷи кишвар мегардад. Аммо ин ҳама шуру валвалаҳо аслан асос надоранд ва ҳеҷ мақомоти кишвар барои табобати Ҳамза Тиллозода мухолифат накардааст. Зимни чандин гузоришҳо мақомоти тоҷик таъкид карданд, ки барои ба хориҷ бурдани Ҳамза Тиллозода набераи бемори раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. Ҳамза Тиллозода аз бемории саратон ранҷ мебарад.
Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл бо пахши як изҳорот гуфт, ки “номи Ҳамза Тиллозода ва наздикони ӯ дар феҳристи афроди мамнӯъулхуруҷ аз Тоҷикистон ҷой надорад”. Афроди наздики Ҳамза ба ҳеҷ гузаргоҳи марзии Тоҷикистон муроҷиат накардаанд ва то ба ҳол ҳеҷ санади онҳо ба гузаргоҳҳои марзӣ пешниҳод нашудааст.
“Дар гузаргоҳҳои марзӣ дар фурудгоҳҳо, роҳи оҳан ва ё дар дигар гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон аз тарафи наздикони Ҳамза барои ба хориҷа бурдани он ҳеҷ санаде пешниҳод ва ба қайд ҳам гирифта нашудааст”, – омадааст дар ин изҳорот.
Тайи як шабонарӯзи гузашта даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба қазияи Ҳамзаи чаҳорсола таваҷҷуҳ намуда ва аз ҳукумат талаб карданд, ки иҷозат бидиҳад ӯ барои муолиҷа ба хориҷ аз кишвар, интиқол дода шавад. Ҳатто бархе аз онҳо пешниҳод карданд, ки худи ҳукумат ташаббусро ба даст бигирад ва худ ин тифлро барои табобат ба хориҷ барад.
Наздикони ин тифл қаблан гуфта буданд, ба дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат намуда ва хоста буданд, ки ба сафари Ҳамза ба хориҷ аз кишвар барои муолиҷа иҷозат дода шавад. Тибқи иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон баъди ташхиси дақиқи муайян гардид, ки воқеан ҳам набераи Кабирӣ ба табобат ва ҷаррорҳӣ кардан дар хориҷи кишвар ниёз дорад ва мақомоти низомии кишвар низ таъкид бар он карданд, ки давоми ду рӯз ҳуҷҷатҳои модар ва фарзандашро барои сафар ба хориҷи кишвар омода менамоянд.
Пас ин ҳама шуру валвалаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аслан асос ва пояе надоранд ва Тоҷикистон, ки кишвари демократию ҳуқуқбунёд ва бар асоси Конститутсия амал менамояд, ҳеҷ гоҳ барои хато ва иштибоҳи падару модар ба озори фарзанд ва дигар пайвандони онҳо роҳ нахоҳад дод.
Абдулло Ҳоҷизода, устоди калони кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *