ГУМРОҲШУДАГОН АЙБИ ХУДРО БОЯД ДАРК КУНАНД!

Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир дар шабакаи “Ютуб” пайравони ТТЭ ҲНИ, хоса Беҳрўз Тағойзода ва Ашўров Ҳусейн, имрўз домони хоҷагони аврупоиҳоро гирифта, бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳанд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳарчанд наҳзатиҳо ва “Гурўҳи 24” худро ба аҳли илму адаб некхоҳ нишон доданӣ мешаванд, вале дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан ба тасаввуфу ирфон, назари манфӣ дошта, ба маънои томаш равшанфикронро чашми дидан надоштанд. Шояд баъд аз ин гуфтугўи иттилоотӣ гумроҳшудагон айби худро дарк намуда, минбаъд  бо назардошти ақидаҳои солиму возеҳ  шарҳ додашудаи мо роҳи дурустро пеша кунанд!

Ҳадафи ин мақолаи мазкур аз ҷониби як омўзгор дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати ўҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳои иғвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.

Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ карда, қайд менамоем, ки имрўз бо баробари дучори хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор доштани ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин иғвогарӣ, дасисабозӣ, дурўғгўӣ, ғайбату тўҳмат ба назар мерасад. Бинобар ин ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат бо онҳо водор месозад. Аз ин рў, вазифаи муқаддаси волидайн, омӯзгорон ҳар фарди худшиносу ватандўст аз он иборат аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд.

ШАРИПОВ Д.С.,
ассистенти кафедраи
тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *