ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромадҳои иғвогаронаи М.Садриддин дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” (02.02.2025с.)

         Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

дар шаҳри Хуҷанд зимни мақолаву изҳоротҳои хеш борҳо нисбат ба бадхоҳи миллат- Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайравони худсохти наҳзат –Паймони милли мебошад, борҳо бо санаду далел ва мисолҳои амиқ андешаҳоямонро иброз намуда, баромадҳояшро зери маҳкум қарор додааем. Ин навбат низ нисбат ба баромади ифротии М.Садриддин, ки бо пуштибонии Кабирӣ ва хоҷагонаш аз хориҷи кишвар истода, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, амиқтараш тариқи сомонаи ифротӣ -“Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир“ ровигӣ намуда, бо ҷалби шогирдону думравонаш ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодааст, ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки М.Садриддин, санаи 02 феврали соли дар сомонаю барномаи зикршуда таҳти мавзуи “Интихобот меравед ё инқилоб” бо ҷалби шогирдаш Абдухалил Восиев ва думраваш афроде бо номи Муҳаммад баромади ифротӣ намуд. Зимни баромад ровии барномаи “Минбари муҳоҷир” чун баромадҳои қаблиаш худро боз “уломои дин, муфтии кишвар” ҳисобида оид ба рисолати рузадорӣ сухан ронда, вобаста ба маъракаи дарпешистода-интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон андешаи носолими худро баён дошт. Баробари ин вакилони мардумиро беасос таҳқиру ғайбат ва зери танқид қарор дод. Илова бар ин, шогирдаш А.Восиев ва думраваш Муҳаммад сухани М.Садриддинро ҷонибдорӣ намуданд. Хулоса, аз мавзуи навбатӣ: “Интихобот меравед ё инқилоб” ва баромади қаблиаш, яъне санаи 29 январи соли 2024 доир ба мавзуи “Оё Шумо дар интихоботи парлумон иштирок мекунед?” ҳар як хонандаи закӣ бе ягон мушкили дарк мекунад,  ки ин  гуруҳаки чи мақсад дорад, ки ҳоҷат ба баён нест.  Хулоса мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии бадхоҳони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна гуруҳаки иғвогари ифротӣ мубориза мебаранд, ки нақшаҳои муғризонашон амалӣ нагардад.

           Дар фарҷоми изҳороти хеш, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, минбаъд низ, барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии кишвари хеш талош меварзанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *