Дар ДИС ДДТТ бахшида ба 75-солагии ходими ҳизбию давлатӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Темир Дадобоев конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ ва иштироки намояндагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи Донишкада бо иштироки ҳайати васеи меҳмонони олиқадр, устодон, донишҷӯён ва рафиқону пайвандони соҳибҷашн Т. Дадобоев конфронси илмӣ-амалӣ гузаронида шуд, ки онро бо сухани ифтитоҳӣ директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, д.и.и., профессор Инъомҷон Аминов ҳусни оғоз бахшид. Инъомҷон Аминов доир ба шахсият ва фаъолияти илмиву ҷамъиятӣ, хидматҳои шоёни соҳибҷашн дар корҳои ҳизбию давлатӣ ёдоварӣ намуда, номбурдаро яке аз фотеҳони Вахшонзамини Тоҷикистон гуфт. Сипас, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд суханронӣ карда, табрикоти ҳукумати вилояти Суғд, алалхусус Раиси вилоят, муҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба муносибати 75-солагии соҳибҷашн иброз дошт. Мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Мирпочоев Далер перомуни ҳаёт ва фаъолияти ходими давлатӣ, олим ва омӯзгор, дотсент Дадобоев Т. Сухан карда, саҳми устодро дар тарбияи олимони ҷавон махсусан таъкид намуд. Ходими ҳизбӣ ва давлатӣ Қурбон Тӯраев оид ба иштироки фаъоли Темир Дадобоев дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ карда, саҳми арзандаи соҳибҷашнро дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар баён намуд. Намоянда аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Темир Дадобоевро ба муносибати 75-солагии зодрӯзашон табрик намуда, меҳрномаи аҳли Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатро иброз дошт. Саҳми босазои устод Дадобоев Темирро дар тарбияи ҷавонон ва наврасон, н.и.и., дотсент Ҳодибоев А. дар суханронии худ махсусан таъкид дошта, гиромидошти меҳнати 50-солаи устодро аз амалҳои хайр арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми конфронс соҳибҷашн Темир Дадобоев ба сухан баромада, ба ҳамаи ташаббускорон ва ташкилотчиёни кори конфронс миннатдории хешро иброз дошт. Ҳамин тариқ меҳрномаи ҳамкасбону шогирдон ва пайвандони устод Темир Дадобоев дар охири конфронс шунида шуда, бо хотираҳои фаромӯшнопазир кори конфронс хотима ёфт.