

Дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ мо – халқи тоҷик бо шарофати меҳнати софдилона, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат тавонистем дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем ва ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллии хеш анҷом диҳем. Пеш аз ҳама озодиву истиқлолият ва ваҳдати комили миллӣ ин орзуи ҳазорсолаи миллати тамаддунофари тоҷикон буд, ки насиби мо гаштааст.
Вале, имрӯз нотавонбинони миллат, аз қабили ташкилотҳои иртиҷоии ба ном ислоҳталаб ТТЭ ҲНИ, худсохтаи наҳзат “Паймони миллӣ”ва думраваш “Гурӯҳи 24” барои мағзшуии ҷавонони муҳоҷири мо бо ҳар васила, бахусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи махсусеро рўи даст гирифтаанд. Ин тоифа афрод, умуман барои манфиати давлату мардуми кишвар андешаи носолим доранд ва манфиатҳои шахсии худро болотар аз ҳамаи арзишу ормонҳои миллӣ медонанд. Нанговар он аст, ки Кабири Муҳаммадиқболи Садриддин ва думраваш Беҳрӯзи Тағойзода дар хориҷи кишвар қарор дошта, нисбати Тоҷикистон, ки бо нону намак ва обу ҳавои ин диёр ба воя расидаанд суханҳои бардурӯғ ва сиёҳкунанда мезананд. Ба хориҷа рафта, аз пушти ким кадом хоҷагони хориҷӣ истода, ба самти Тоҷикистон санг партофтан хиёнат аст! Хиёнат ба он маъно, ки ба хориҷа рафта, дар назди камера истода, ҷавононро ба ҷиноят таблиғ кардан аст. Барбари ин бояд кайд кард,ки санаи 16 сентябри соли равон яке аз думрави ТТЭ ҲНИ Беҳрӯз Тағойзода, аъзои фаъоли “Гурӯҳи 24” бозори ҳангоматалабии худро гарм сохта, дар барномаи ифротӣ бо номи “Садои мардум” хабарҳои дурӯғу туҳматангез, дассисаю иғвоҳои навбатии худро нисбати давлату ҳукумати феълии Тоҷикистон ва иқдомҳои инсондӯстонаю ватанхоҳонаи Сарвари давлат барангехта бо тобиши барои худаш маъқул пешниҳод намуда, ҷомеаро ба нофаҳмӣ овардан кӯшиш намуд. Паҳн намудани маълумотҳои иғвоангезона дар шабакаҳи иҷтимоӣ ба ҷуз афрӯхтани оташи кинаву адоват ва барангехтани оташи ҷангу хунрезӣ беш нест. То ҳол Беҳрӯз ба худ хулосаи зарурӣ набаровардааст.
Бояд қайд кард, ки созмонҳои экстремистию террористӣ солҳои қаблӣ ҳамзамон ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавасути ҷустуҷӯи аъзои нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондаанд. Дар натиҷаи ин ташвиқот, танҳо дар солҳои 2014-2017 наздик ба ду ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ ҷиҳати иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ба сифати ҷангӯёни террористи хориҷӣ сафар намуданд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки аз соли 2015 Ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз минтақаҳои ҷангзада ба ватан бармегарданд ва аз хушунат даст мекашанд, пешниҳоди авф кард. Дар иловаҳо ба моддаи 401 (эзоҳи 1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 гуфта мешавад, ки шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар гурӯҳҳои мусаллаҳ дар қаламарви кишварҳои дигар то замони қатъи фаъолияти гурӯҳи мусаллаҳ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешавад. Маҳз андешидани чунин чораҳо боис гардид, ки дар Тоҷикистон теъдоди зиёд афроди ихтиёран баргашта ё ба истилоҳ “худбаргаштагон” (self returnees) сабт шуд. Теъдоди онҳо тибқи омори охир, дар давоми соли 2022 беш аз 247 узви ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ бо хоҳиши худ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон баргаштанд. Инчунин соли 2019 аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия 84 нафар ноболиғ баргардонида шуданд. Дар идомаи ҳамин раванд, дар соли 2022 аз кишвари Сурия 146 нафар, аз ҷумла 42 нафар зан ва 104 нафар кӯдаку навраси синнашон аз 2 то 18 сола ба ватан баргардонида шуданд. Инчунин соли ҷорӣ аз паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия 104 нафар, аз ҷумла 31 зан ва 73 наврас (33 духтар ва 40 писар) ба ватан оварда шуданд. Аксари ин занон ҳамроҳ бо шавҳарони худ дар солҳои 2014-2016 ба Сурия ва Ироқ рафта буданд.
Тибқи маълумоти Вазири корҳои дохилаи кишвар аз соли 2015 то инҷониб бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ беш аз 1 ҳазору 30 узви ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ ба Ватан баргардонида шудаанд. Ҷиҳати пурра муайян намудан ва баргардонидани боқимонда занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада чораҳо андешида шуда истодаанд. Мақомоти дахлдори кишвар барвақт тасмим гирифтааст, ки ҳамаи шаҳрвандонаш ба Ватан баргардонида шаванд ва дар навбати аввал занону кӯдакон ва онҳое, ки аз ақидаҳои ифротӣ даст кашидаанд. Таъкидан ба роҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони роҳгумзадагони ифротӣ гуфтанием, ки ба худ хулосаи зарурӣ бароварда, аз амалҳои номатлуб ва талқинкунандаи ақидаи ифротӣ даст кашида, ба диёрашон баргарданд!
Дар интиҳо гуфтанием, ки имрўзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардидани барномаҳои сар то муғризонаю тарғибгари ғояҳои ифротӣ моро вазифадор месозад, ки дар самти ҳамкории густурда бо волидайни муҳоҷирони меҳнатӣ ва робитаи мустақим доштан ва умуман бо қишри осебпазири ҷомеа ҳамкории судманд дошта бошем.
Ш. АБДУЛФАЙЗОВА ,
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ