ДИИШ ВА ТТЭ ҲНИ – ВАҲШОНИЯТУ ИВҒОАНГЕЗИҲО НИСБАТИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

 

Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ), ки дар натиҷаи ахирон тағйири ном, дар айни замон Давлати Исломӣ (ДИ) ном гирифтааст, ташкилоти террористии ифротиест, ки дар ҷаҳони муосир мавқеи хеле ҷиддӣ пайдо кардааст.Ба ин монад ТТЭ ҲНИ низ  дар Аврупо қарор дошта, бо корҳои иғвоангезу ифротгариаш машғул аст.Ин ташкилотҳо фаъолияти «Ал-Қоида»-ро омӯхта, таҳлилу хулосабарорӣ карда,барои амалинамудани мақсадҳои ғаразнокашон кӯшишҳои ҷиддӣ ба харҷ дода истодаанд. Дар ҳамдастӣ бо «Ал –Қоида» ва баъзе бо гурӯҳҳои мухолифини Сурия низ ба монанди ХАМАС ва «Ихвон – ул – муслимин» дар сарзамини Ироқ амалҳои разилонаи худро идома дода истодаанд.

Воқеан равандҳои ҷаҳони муосир собит менамояд, ки бо вуҷуди тадбирҳои байналмилалӣ зидди терроризму ифротгароӣ, гурӯҳҳои ситезаҷӯ ҳақиқн дар ҳоли фаъолнокии ҷиддӣ қарор доранд. Ин воқеият бозгӯи он аст, ки дигар ҳеҷ як давлат, созмону иттиҳодияҳои бонуфуз бидуни ҳамраъйии ҷомеаи ҷаҳон наметавонанд дар мубориза бо терроризм пирӯз шавад. Аз ин рӯ, бояд муборизаи ҳақиқӣ бар зидди терроризми байналмилалӣ ба суръат ва тамоми ҷиддият бурда шавад. Бинобар ин ҷомеаи ҷаҳонӣ дақиқан эҳсос кард, ки дар баробари хатари умумисайёравӣ бояд паҳлӯи ниҳодҳои фикрӣ, рӯшангарӣ, амниятию интизомӣ бо ин қувваи ҷиддии ифротӣ мубориза барад ва дар ин роҳ аз тамоми имкониятҳо ва захираҳо истифода намояд. Ёдовар бояд шуд,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд иштирокчии фаъоли ин мубориза аст.

Дар интиҳои мақолаи хеш бори дигар хотирнишон сохт, ки тундгароӣ ва ифротгарой на танҳо хатари миллию минтақавӣ, балки хатари байналмилаливу умумисайёравист ва муборизаи муташаккилона бо ин гуна қувваҳои ифротӣ қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии мардуми солимақли сайёра маҳсуб меёбад.

 

          Раҳматуллоев А.У.-ассистенти кафедра молшиносӣ ва

           фаъолияти гумрукӣи ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *