СУЛҲУ ВАҲДАТ ОМИЛИ ШУКУФОИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНB АСТ!

 

Рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ оид ба вазъи Ҷумҳурии Белорусия навиштаҳои гуногун, ки ба андешаи мо заминаи воқеӣ надоранд ба чашм мерасанд. Афсӯс, ки шароитҳои хуби кишвари Белоруссияро баъзе аз ашхосон нодида мегиранд. Онҳо дар дарун ва берун аз мамлакат дар манотиқи гуногун бо дастгирии молиявии хоҷагони худ бо ҳар роҳу усулҳо дар фаъолияти худ кӯшиш доранд мардумро ба роҳи гумроҳӣ андозанд. Воқеан мардуми сарбаланди Белоруссия худашон хеле хуб метавонанд сафедро аз сиёҳ ҷудо намоянд. Ҳангоме, ки мардум дар фазои мусбии тағйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум ҳаёт ба сар мебаранд, ҳамагон риояи қонунҳои давлатро қатъиян риоя намоянд. Хушбахтона имрӯз кулли мардуми Белоруссия ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳо ва амалҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро маҳкум карда, барои барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави кишвар якдилона ташаббус зоҳир намуда истодаанд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки халқи Белоруссия имрӯз хуб дарк кардаанд, ки сулҳу ваҳдат яке аз омили шукуфоии ҷомеаи ҷаҳонb аст!

 

          Шарипов А.А.-мудири кафедраи математекаи олӣ

                              ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *