Имрӯзҳо берун аз ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори хеле зиёди аҳолӣ бо мақсадҳои гуногун, хусусан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳсил хеле пурсамар меҳнат мекунанд. Аз фаъолияти онҳо албатта беҳбудии шароити оилаҳои онҳо хеле вобастагии калон дорад. Лекин мутаассифона дар байни ин тоифа халқи меҳнаткашу ташнагони илм шахсоне ёфт мешаванд, ки мақсадҳои онҳо тамоман дигар буда, бар зидди манфиатҳои ҷомеаи сулҳпарвару ҳукумати мамлакати мо равон карда шудааст.
Мутассифона, бархе аз ҷавонони мо гумроҳ гашта, пайрави андешаҳои ботил мегарданд. Ҳодисае, ки дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб рух дод ва боиси марги сайёҳони хориҷӣ гашт, моро хеле муаассир кард. Дар ин ҳамлаҳои ваҳшиёна ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ даст доштанд, ки дар филми мустанаде, ки намоиш дода шуд, кирдорҳои даҳшатбори худро тасдиқ карданд. Филмҳои мустанади “Решаҳои ноаён”, “Бозгашт аз ҷаҳаннам” амалҳои ваҳшатангез ва террористиии ҲНИ-ро аз забони собиқ аъзоёни ин ҳизб тасдиқ менамояд. Онҳо ба воқеаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар рӯй оварда, даст доштани кишвари Эронро дар ҷанги дохилии Тоҷикистон собит менамоянд.
Албатта, ин тоифа мардумро ифротгароён ё террористон меноманд. Ин тоифа мардум манфиатҳои худро аз манфиатҳои халқу давлат ва роҳбарияти он болотар меҳисобанд. Амалиёти ифротгароён чи дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи берун аз он доман паҳн кардааст. Ин амалиётҳо табиати сиёсӣ дошта, тарафдорони онҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои муосир доираи фаъолияти худро васеъ карданианд.
Одатан, чи хел ки таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ба ин равияҳо шахсоне шомил мешаванд, ки худ соҳиби фикру ақидаи устувор нестанд ва аз олами илму маонӣ хеле дур ҳастанд. Инчунин, аксари аъзоёни ин гурӯҳҳо ҷавононе мебошанд, ки аз таҳти назорати волидайн дур мондаанд.
Барои ин гуна шахсон(аслан онҳоро шахс гуфтан ҳам мумкин нодуруст бошад, балки нокас гуфтан беҳтар аст) мафҳумҳои Ватан, волидон, хешу ақрабо, ёру ошно, миллат дину мазҳаб тамоман бегона аст. Онҳо барои манфатҳои шахсии худ қодир мебошанд, ки ҳамаи ин неъматҳоро бе ягон фикру андеша фурӯшанд.
НЕГМАТОВ М.Т.,
устоди ДИС ДДТТ