КУШИШИ НАВБАТИИ ТАХРИБКОРИҲОИ ТЭТ ҲНИ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

Рўзҳои охир тариқи расонаҳои шабакаи Интернет  Ташкилоти террористӣ-эктремистии ҲНИ бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Бо баробари ин дигар ҷеҳраи манфури пайравони ҳизби назҳат,ки мазҳаби бегонаро қабул карда,дар хизмати доираҳои махсуси идеологияи он қарор дорад, ибрози ақида менамоем. Бояд қайд кард, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) тибқи  нақша кориаш санаҳои  9-12 сентябри соли равон дар Варшава конфронси солона таҳти унвони  «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ»-ро доир   менамояд. Роҳбари фирории  ТЭТ ҲНИ  Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў ният доранд, ки дар конфронси мазкур ширкат варзад. Вале бояд таъкид кард, ки аз 57 давлати аъзои САҲА  13 кишвар инчунин ба сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ (СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ, СААД, Интерпол) шомиланд, ки ҲНИ-ро  террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки  нисбати паҳлуҳои фаъолияти ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он расман Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Ҳизби назҳати исломӣ дониста шудааст. Масалан, Конференсияи байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар муборизу бар зидди созмонҳои террористӣ, омўзиши тафсилии фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” ва Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби назҳати ислом”, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Қоҳира, шаҳраки Маодии Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардида, мисоли равшан ва далел аст. Дар ҷараёни конфронс кӯшишҳои ҲНИ барои ноором кардани вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср зикр  шуда, дастгирии ин созмони террористӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар исбот карда шуд.
Тасдиқи ин гуфтаҳо аз ҷониби сомонаи «Амон» низ перомуни фаъолияти ТТЭ ҲНИ тадқиқот анҷом дода, маълум намуд, ки ин ҳизби мазкур бар асоси идеологияи Ҳасан Бано – таъсисдиҳандаи «Ихвон-ул-муслимин» ва Сайид Қутб – ақидасоз ва Абу Аъло ал-Мавдудӣ, ки устоди «Қутб» ба шумор меравад, барпо гардидааст.Аз масъалаҳои матраҳшуда  хулоса бароварда  қайд  кардан лозим аст, ки ҳақиқатан  ҲНИ ташкилоти эктремистӣ –террористӣ аст. Аз ин рў умед дар он аст, ки  САҲА бо назардошти масоили зикршуда чун баргузории конфронси қаблиаш иштирокчиёнро аз расмиёти қатъӣ пешакӣ гузаронида, онҳоро ҷиддан интихоб намуда,дар ҳолати тасдиқ гардидан ба рӯйхати маърӯзачиён  ҳамроҳ намуданашон ба манфиати кор аст ва аз ин амалаш обрую эҳтиромашро  дар сатҳи байналмилалӣ нигоҳ ҳоҳад дошт, вагарна….?

                  Ҳамарўза хислатҳои аблаҳонаю разилонаи ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки ақидаҳои мазҳабгаронро талқин менамоянд, муборизаи беамон бояд бурд. Дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва махкум намудани терроризму экстремизм.

Файзулло Мамадҷонов,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *