ДИИШ масъули ошуби зиндониёни Хуҷанд ҳеҷ муштаракоте ба Ислом надорад!

Имрӯз мо ҳама шоҳиди вазъияти ноороми дунё ҳастем. Мутаасифона, бархе аз тоифаҳо динро василаи расидан ба мақсаду ҳадафҳои нопоки худ қарор додаанд ва ин ҳам барои ноором сохтани вазъи давлатҳо, шуронидани ҷомеа ва бадбахт сохтани мардум. Таърихи на чандон тӯлонии даврони Истиқлолият собит месозад, ки мардуми тоҷик, давлати ҷавону соҳибистиқлоли мо дар ҷодаи ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Муҳимтарин дастоварде, ки ба пешрафту муваффақиятҳои минбаъда заминаи устувор гузошт, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба ризоият ва оштии миллӣ, истиқрори сулҳ дар ҷомеа буд, ки дар натиҷаи талошҳои босубот ва пайгиронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.

 Ба шарофати сиёсати оқилонаю дурандешона ва созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат мо дар роҳи бунёди давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли худ ба комёбиҳои чашмрас ноил гардидем. Вале афсус, ки баъзе аз шаҳрвандон дидаву дониста даст ба ҷиноят даст мезананд.Таҳлилгари тоҷик Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ таъкид менамояд, ки ин гуна амалкардҳои „Давлати исломӣ“ ҳеҷ муштаракоте бо Ислом надоранд ва ба номи он иснод меорад: „Давлати исломии Ироқу Шом” ё маъруф ба ДИИШ ё ДОИШ то ҳанӯз чеҳраи асосии худро накушодааст ва ҳеч коршиносе низ ба пуррагӣ дар мавриди он баҳогузорӣ накардааст. Имрӯз як идда бадбахтон дар гурӯҳҳои террористиву экстримистии нахзати ислом ва гурухи 24 ҷамъ омада, корашон кӯшиши зарар расондан ба манфиатҳои давлату миллат аст. Бадбахтии асосиашон ҳам ин аст, ки ин корро аз номи дин анҷом дода истодаанд.  Барои чи дидаву дониста ба кори кардааш иқрор нашудааст, вале афсус  чунин ҷавонон, ки дидаву дониста ба корҳои ғайриқонунӣ даст мезананд фикр надоранд ки фарзанд ва оилаашон дар кадом ҳол аст ва чиро интизоранд?!

Моро месазад, ки имрӯз чунин гуруҳҳое, ки аз дини мо бар муқобили мо истифода мекунанд, парҳез кунем. Ин исломшиносии онҳо то куҷо оварда мерасонад?

Имрӯз аксарияти он нафароне ки аз кишвари мо ба ҳизбҳои террористӣ шомил шудаанд, пайравони равияҳои мамнуъи террористиву экстремистӣ мебошанд. Масъули сафарбаркунии ин гуруҳҳо ба сафи ДИИШ дар Тоҷикистон ТЭТ ҲНИТ мебошад. Ҳифзи ҳар як зарраи обу хоки Ватан вазифаи ҳар як ҷавонмарди боору номуси тоҷик аст. Дар охир бояд қайд намоям, ки барои ҳар як миллати дунё доштани Истиқлолият шараф аст. Мо насли имрӯза махсусан ҷавонону наврасони даврони Истиқлол бояд аз ин шароити мусоиди барои зиндагӣ фароҳамомада хуб истифода намуда, баҳри ободию гулгулшукуфоии Ватан талош намоем.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу
нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *