Ахиран дар шабакаҳи иҷтимоӣ хабарҳое мунташир шуд, ки ДОИШ тазоҳуроти зиндониёи шаҳри Хуҷандро ба душ гирифтааст. Оре, бубинед, онҳо чӣ қадар ваҳшониятро содир намуданд ва даст ба аъмоле заданд, ки сабаби ноором сохтани авзоъ гардид. Аммо, хушбахтона, имрӯз давлати тоҷикон қодир аст алайҳи ҳама гуруҳҳои ифротгаро муборизаи беамон барад. Баъди ошуби зиндониёни Хуҷанд чанде коршиносон хатари ДИИШ-ро махсус таъкид карда, зикр намудаанд, ки ин гуруҳҳи ифротгаро ба сулҳу суботи минтақа халал ворид месозад.
Ошӯби зиндониёни Хуҷанд – ин натиҷаи ғояҳои пешгирифтаи ДОИШ мебошад, тавзеҳ медиҳад коршинос дар масоили Осиёи Марказӣ Андрей Серенко. Масъулияти ҳодисаро ДОИШ бар ӯҳда гирифт. Ба гуфтаи коршинос Андрей Серенко ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) аз тобистон барои пиёда кардани чунин ҳодисаҳои “ҷиҳод дар зиндон” омодагӣ медид.
“Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғгарони ДОИШ бештар ба зиндониён рӯй меоварданд. Онҳо байни худ дар бораи гузаронидани ошӯб ва шӯришҳо нақша мекашиданд. Ҳодисаи Хуҷанд – ин на танҳо ошӯби зиндониёни норозӣ, балки”ҷиҳод” дар зиндон буд”, – мегӯяд коршинос.
Фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом, ки дар аксарияти мамлакатҳҳои рӯи олам фаъолияти он мамнӯъ аст, бино бар тасдиқи олимони бонуфузи олами ислом «хавориҷ»-ҳои замони муосир мебошанд, ки танҳо аз номи ислом сухану рафтор мекунанд ва дар асл бошад, кайҳо аз мусалмонӣ берун рафтаанд. Гарчанд ки дар Сурия ва Ироқ ин давлати ба ном исломӣ қариб маҳв гаштааст, аммо пайравону ҳаводорону ҳавохоҳони ин давлати мамнуъ разолату куштор ва бетартибиро дар кулли ҷойҳои будубошашон ба амал меоранд.
ДИИШ аз замони арзи ҳастӣ карданаш фаъолияташро аз номи дини ислом амалӣ мекард ва ҳатто ҳангоми ба қатл расонидани мусалмонон «Аллоҳу акбар» гӯён хитоб мекунанд.
Мо дар ин замонаи пур аз фитнаву шар бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ободию пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон заҳмат кашида, ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон нагардем.
Абдурашид Ҳоҷиев,
муовини декан оид ба тарбия,
устоди ДИС ДДТТ