
Мо борҳо зимни изҳорот ва мақолаҳои хеш оид ба фаъолияти созмони террористии “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ-ДОИШ) ва ё “Давлати исломӣ” ном дорад, андешаҳоямонро иброз дошта будем. Ин навбат низ вобаста ба фаъолияти муғризонаи ДИИШ ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо ҷангҷӯёне, ки дар Сурияву Ироқ истифода аз аслиҳаву маводи тарканда ва усулҳои ҷангро омӯхта буданд, на танҳо дар қаламрави Афғонистон инчунин дар дигар кишварҳо ба амсоли Туркия ва Эрон низ фаъолияти пинҳониро ба роҳ монда, бо ҳар роҳ бештар ҷавнононро гумроҳ намуда, амалҳои террористиро анҷом доданашон ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳайати дастаҳои ҷанговари ДИИШ аз ҳисоби зодагону шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна аслан он нафароне қарор доранд, ки барои пул ва ё бо роҳи фиреб ҷалб шудаанд. Чунончи тибқи расонаи хабарӣ бо номи “Sabah”-и кишвари Туркия, моҳи январи соли 2023, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар якҷоягии шаҳрванди кишвари ҳамсоя бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд. Ё мисоли дигар тибқи хабаргузории “Мизон“, марбут ба додгоҳи Эрон шаҳрванди кишвар Наврӯзов Раҳматулло тавасссути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ДИИШ пайваста, пас аз хатми тамриноти низомии урудгоҳи ДИИШ дар Афғонистон вориди Эрон шуда, дар паҳлуи мазори “Шоҳ Чароғ” зиндагӣ кардааст ва лақаби “Салмон Асламёр”-ро гирифтааст. Баъдан афроди роҳгумзада тибқи дастури мубаллиғони ДИИШ 13 августи соли 2023 мазори зикршударо оташ зада, бо автомат ба зоирон тир холӣ намудааст, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расида, ҳафт нафар захмӣ шудаанд ва оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Эрон Наврӯзов Раҳматулло бо ҳаммаслаконаш дасгир шудааст. Дар робита ба ин созмони террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи навбатиашро интиқом барои иҷрои ҳукми қатли ду узви худ дар Эрон номид. Ёдовар мешавем, ки тибқи хабаргузории эронии “Меҳр Нюс” соли 2022 аз ҷониби ҷангҷӯёни ДИИШ дар натиҷаи амали террористӣ дар шаҳри Шероз 13 нафар ба ҳалокат расида, 27 тан захмӣ шуда буданд. Мақомоти Эрон ин ҳамларо низ ба зодаи кишварамон ашхоси роҳгумкардаи бехирад бо номи Комрони Субҳон, бо лаққаби “Абӯ Оиша”-и 23 сола аз шаҳри Ҳисор мансуб карда буданд.
Аз ин амалҳои нангин суоле ба миён меояд, ки чаро ҷавонон даст ба чунин амали паст даст мезананд?! Тибқи ақидаи коршиносон сабаби асосии амалҳои номатлуб ин надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, худро бадному гумном менамоянд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки аз ин амалҳои нангин, ҳар як фарди солимақл ба худ хулосаи зарурӣ мебарорад, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Дар ин ҷода тамоми устодону олимон ва зиёиёни мамлакатро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандусти ҳақиқӣ тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии пеши роҳи шомил шудани ҷавонони кишварро ба ин гуруҳҳои ифротгаро гиранд. Вақти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати қатъӣ гиранду аз ҳаргуна гуруҳҳои иғвоангезу мазҳабҳои тафриқаангези ифротӣ эҳтиёт намоянд.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ