АЖДАРХӮЙӢ  ВА БАДХУЛҚИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Солҳои охир фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар самти мустаҳкам намудан дар кишварҳои Аврупо байни созмонҳои байналмилалии ҳифзи инсон, бахусус бо кӯмаки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавқеи худро пайдо карда, роҳҳои муносиби бозгашт ба ватан ва иштирок дар ҳаёти минбаъдаи сиёсии кишвар, гузаронидани пикету тазоҳуроти зидди ҳукуматиро роҳандозӣ намуданро пеша намудааст. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки санаи 28- 29 сентябри соли равон дар шаҳри Берлин, аз ҷониби худсохти наҳзатӣ -“Паймони миллӣ” ва думраваш “Гурӯҳи 24” бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон ҳамоиши эътирозӣ ташкил намуда буданд. Мо зимни изҳороту мақолаҳоямон доир ба ин ҳаводисҳо ибрози андеша намуда, онро маҳкум намуда будем. Хонандаи закӣ аз ин бохабаранд ва ҳоҷат ба баён нест!

Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо тӯдаи хоинон – роҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” ва думраваш “Гурӯҳи 24“ санаҳои 16, 20, 24 сентябр ва 1 октябри соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сомонаи ифротӣ -“Ислоҳ нет“ баромадҳо намуда, бо ин васила аз ҳисоби ашхоси ноогоҳу норизо ё эътирозгар ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати зиёд кардани сафҳои тарафдорони худ кӯшиш намуданд. Гурӯҳи аждархӯй ва бадхулқи ифротгаро бо ин васила мехоҳанд давлату миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Воқеан, рафтору гуфтори аждархӯй ва  бадхулқи ифротгаро аз даъвоҳои пучу беъманӣ иборат аст. Ин тудаи хоинон ҳамон афроде мебошанд, ки аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои заруриро гирифта, ҳамчун зархаридони хоин кишвари азизи моро бо унвони наҳзатӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд. Агарчи зоҳиран роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ вонамуд менамояд, ки гўё дар расидан ба истиқлолият саҳми арзанда дошта бошанд, вале ин фиреби назаре беш нест, зеро онҳо ба хотири ба қудрат расидан аз дуруштарин ва ноҷавонмардонатарин шеваҳо истифода намуда, аз усулҳои хатарбори миллаткуш истифода намуданд, ки яке аз он ба тарзи густурда ҷудоӣ андохтан байни минтақаҳои кишвар буд. Хулоса, дар баромадҳои қаблию навбатии тӯдаи аждархӯй ва бадхулқи ифротгаро, аз ҷумла ҳамоишҳои эътирозӣ, сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ танҳо суханони беасосу бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Тӯдаи хоинон – аждархӯй ва бадхулқ бояд бидонанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдорӣ нахоҳанд кард. Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбинӣ намудаи қонунгузорӣ муборизаи беамон мебарем.

Ф. ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *