Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар давоми солҳои охир роҳбарияту ҳаммаслакони худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” ва думраваш “Гуруҳи 24” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротии имрӯз пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар, шахсиятҳои мансабдор ба даъвати оммавӣ барои дигаргунсозии сохтори конститутсионӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Масалан, дар давоми моҳи сентябр ва ҳафтаи аввали октябри соли равон зимни баромади Муҳаммадиқболи Садриддин ва Беҳруз Тағойзода чун солҳои қаблӣ, бо истифода аз дини мубини Ислом, вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сафари кории Сарвари кишварро барои манфиатҳои шахсӣ тухми ноиттифоқӣ кошта, мисли борон онро сари миллати тоҷик рехтанд. Ин амалҳои таҳрибкоронаи хоинони миллат дар либоси дифои дини Ислом ва исломият ҳаргуна ормони инсондўстиро поймол ва ҷойгоҳи миллат, давлатдорӣ ва арзишҳои миллиро танг мекунанд, сазовор ба маҳкум шудан аст.
Таъкидан ба М.Садриддин ва Б.Тағойзода гуфтанием, ки зимни баромадҳояшон оид ба масоили ҳаммаслакони роҳгумзадаашон чӣ андеша доранд?! Бояд қайд кард, ки дар давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 125 узви аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ДИИШ, “Ҳаракати исломии Ӯбекистон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ”, “Гурӯҳи 24” ва амсоли инҳо барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткорона ва ғайра боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон аъзои ТЭТ ҲНИ мебошанд. Баромадҳои ифротӣ ва маълумоту оморӣ аз афкори ғалат, ҷоҳилона ва кўр-кўронаи хоинони миллат дарак медиҳад, ки ҳоҷат ба баён нест. Хулоса, рафтору гуфтор ва умуман амалҳои номатлуби хоинони миллат, ки имрўз дар либоси эътиқод ба Ислом ва Худо содир мегардад, ба кадом андешаву афкори баланду ҷаҳонсози Имоми Абўҳанифаи Аъзам, Имоми Бухорӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Ҷалолуддини Румӣ ва даҳҳо шахсиятҳои номвари дигари ҷаҳонӣ, ки фарзандони бузургвори миллати тоҷику форсанд, созгорӣ дорад? Ин хиёнат маҳз ба халқу Ватан ва оромиву суботи он аст. Мо бояд нагузорем, ки ин хоинони миллат бо афкори ғалат, ҷоҳилона ва кўр-кўрона фикри аҳли миллат, хоса насли ҷавонро заҳрогин гардонанд. Бояд дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди меҳандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи Ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи Истиқлол, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар талош варзад.
Д. ОРИФҶОНОВА,
сармуаллими
кафедраи молия
қарзи ДИС ДДТТ