ДАРСИ СУЛҲ ДАР ОҒОЗИ СОЛИ ХОНИШ ЯКЕ АЗ АНЪАНАҲОИ НЕКИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ АСТ !

Вобаста ба ҷашни Рӯзи дониш ва Дарси сулҳи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаи хешро иброз намуда, бояд қайд кард, ки таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш, яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад. Илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар як ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад.

Ин навбат таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамчун самараи даврони Истиқлоли давлатӣ дуюмин муассисаи таҳсилоти олии тиббии мамлакат мебошад, ки соли равон ба таъсисёбии он ҳафт сол пур мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз вазъи кунунии ҷаҳони муосир ибрози ақида карда, қайд карданд, ки  тайи даҳсолаҳои охир, яъне охири асри 20 ва оғози садсолаи 21-ум вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором гардид. Хусусан, ҳодисаву воқеаҳои вақтҳои охир, аз ҷумла бархӯрди манфиатҳо, мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои «ҷанги сард» ва гузариши он ба «марҳалаи гарм» дар минтақаҳои гуногуни дунё, инчунин, тағйирёбии босуръати иқлими сайёра имрӯз ҳаёти инсониятро зери хатари ҷиддӣ қарор додаанд. Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим ва ҳатто ҳаётӣ мебошад. Яъне сулҳу амният, оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳои сайёра бояд аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста шаванд. Аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки дар ҳақиқат мардуми мо таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кардаанд, моҳияти сулҳу ваҳдат, амнияту оромӣ ва ҳамзистии осоиштаро хуб дарк менамоянд. Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам бештар мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир устуворона ҳифз намоем.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти масоили маориф сухан карда, аз ҷумла супориш доданд, ки Вазорати маориф ва илми кишвар якҷо бо Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷиҳати бознигарӣ кардани барномаву стандартҳо ва мазмуни китобҳои дарсии фанҳои адабиёт ва таърихи халқи тоҷик дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҳои зарурӣ андешида, консепсияи таълифи китобҳои дарсии зикршударо таҳия намоянд. Дар заминаи он ба хотири таҳкими истиқлолу озодӣ, пойдории давлати навини тоҷикон ва ҳифзи арзишҳои милливу таърихии халқамон навиштани китобҳои ин фанҳо дар асоси талаботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ва дастовардҳои замони истиқлол ба роҳ монда шавад. Қайд гардид, ки ниёгони бузурги миллати тоҷик дар масири таърихи бостонии халқамон ба омӯхтани илму маърифат ва касбу ҳунар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути осори ҷовидонаи худ инсониятро ба роҳи фаро гирифтани илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ аз нодониву ҷаҳолат ва расидан ба рушду тараққиёт ҳидоят кардаанд. Баробари ин, қайд карданд, ки дар шароити кунунӣ низоми маорифи миллии мо дар заминаи суннату анъанаҳои деринаи маърифатпарварии халқамон ва дастоварду комёбиҳои сиёсиву иҷтимоии давлати соҳибистиқлол ташаккул ёфта, тайи беш аз се даҳсола дар раванди рушди ҳамаҷониба ва босуботи ҷомеа нақши басо арзишманд бозида истодааст.

Дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор доранд, маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон чеҳраи воқеии халқи тоҷик дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, аҳли маорифи кишвар ва устодону омӯзгорон содиқона ҷонибдорӣ карда, барои тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат ва раванди рушди босубот саҳми назарраси худро мегузоранд ва гузошта истодаанд. Ҳамчунин,  таъкид намуданд, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад. Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, Ҳукумати мамлакат захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона карда, барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё сохта истодааст. Аз сӯи дигар, раванди афзоиши аҳолӣ водор месозад, ки барои сохтани мактабҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимии мавҷуда, бо шароиту таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани онҳо ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар гардонидани имкониятҳои моддии аҳли маориф, яъне ғамхорӣ дар ҳаққи устодону омӯзгорон чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Вобаста ба дастовардҳои соҳаи маориф қайд намуданд, ки танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст ва тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст. Илова бар ин, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 25 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди беш аз як миллион нусха аз чоп баромадааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ рӯ ба афзоиш дорад.

Соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва фосилавӣ қариб 5000 нафар хонандагони мактабҳои Тоҷикистон иштирок карда, сазовори 124 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 21 нуқра ва 90 медали биринҷӣ гардидаанд.

Дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 240 ҳазор нафар иштирокчӣ 215 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» қариб 25 ҳазор нафар хонандагон фаъолона иштирок доштанд, ки аз афзудани таваҷҷуҳи насли наврас ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар ҳақиқат ин раванд собит месозад, ки дар кишвар насли созанда ва эҷодкору навовар ба воя расида истодааст.

Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд карда истодааст. Соли ҷорӣ барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳаи маорифи мамлакат ду стратегия қабул шуда, дар асоси онҳо амалисозии ҳашт барномаи давлатӣ идома дорад. Дар ин раванд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд. Раванди бунёд кардани то 200 муассисаи таълимӣ дар як сол ҳамасола амалӣ шуда истодааст. Илова ба ҳазорҳо муассисаи таълимие, ки то имрӯз бунёду азнавсозӣ гардидаанд, шумораи донишгоҳу донишкадаҳо нисбат ба замони то истиқлол чор баробар ва донишҷӯён се баробар афзудааст.

Рӯзи донишро имсол беш аз 2 миллиону 200 ҳазор нафар кӯдакону наврасони кишвар пешвоз гирифтанд.  Аз ин шумора беш аз 260 ҳазор нафар бори нахуст ба мактаб қадам гузоштанд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла, стипендияи президентии «Дурахшандагон», ҷудо кардани квотаи президентӣ ва тадбирҳои дигар далели возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия буда, ба насли наврас руҳияи тоза мебахшад.

Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз дар 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи дунё беш аз 41 ҳазор нафар ҷавонони мо таҳсил доранд.

Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта шуда, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки рушди босуръати техникаву технологияҳои муосир, ҷаҳонишавии низоми маориф, омезиш ва ба ҳам наздикшавии фарҳангу тамаддунҳо моро водор месозад, ки зимни татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ хеле эҳтиёткор бошем. Дар ин раванд, мо бояд беҳтарин унсурҳои низоми маорифи ҷаҳони мутамаддинро интихоб намуда, пас аз таҳлилу омӯзиши дақиқ аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳаи омӯзгорӣ, мутахассисони мактабшинос ва бо ҷалби дигар мақомоти масъул онҳоро бо арзишҳои миллии соҳаи маорифи мамлакат мутобиқ сохта, пас аз гузаронидани озмоишҳои ҳамаҷониба ҷиҳати амалӣ сохтани ҳама гуна навоварӣ дар низоми маорифи мамлакат чораҳои зарурӣ андешем.

Дар шароити нави татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф гузаштан аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон аҳаммияти торафт бештар касб менамояд. Тавассути такмили ихтисос омӯзгор метавонад таҳсилоти заминавии худро таҳким бахшида, фаъолияти хешро ба муҳит ва талаботи нави иқтисодиву иҷтимоӣ мутобиқ созад. Шароити кунунии пешрафти илму техника талаб мекунад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд.

Дар робита ба ин, ду масъалаи муҳимро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки робитаи илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки аҳаммияти торафт бештар ва мубрам касб карда истодааст. Дар иртибот ба ин, Дастгоҳи иҷроияи Президент вазифадор карда шуд, ки бо ҷалби олимону коршиносон ва сохтору мақомоти дахлдор комиссияи босалоҳият таъсис дода, вазъи корҳоро дар ин самт ҳамаҷониба баррасӣ намояд ва доир ба густариши минбаъдаи корҳои вобаста ба ин масъала пешниҳодҳои мушаххас манзур созад.

Дигар ин, ки тибқи таҳлилҳо вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда доир ба «Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» ба талаботи рӯз бояд ҷавобгӯ бошад. Инчунин ба Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода шуд, ки ин масъаларо низ ҳамаҷониба омӯхта, ба Роҳбари давлат гузориш пешниҳод намояд.

Дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсир расонида, дар рӯҳияи эҳтироми сулҳу оромии мамлакат, илму маърифат ва Ватани аҷдодӣ тарбия ёфтани онҳо мусоидат хоҳад кард. Фаромӯш набояд сохт, ки ояндаи ободи Ватани аҷдодиамон ба донишандӯзии имрӯзаи наврасону ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Ҳар яки мо бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода кунем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли навраси кишварамонро тавсеа бахшем, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро ҷой диҳем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонем. Бигзор, парчами истиқлоли давлатии мо бо нуру зиёи аҳли маорифи мамлакат, омӯзгорони ботадбир, падару модарони меҳрубон ва ҷавонони бонангу номуси кишвар ҳамеша парафшон, сулҳу оромӣ, амнияту суботи мамлакат бардавом ва Тоҷикистони азизи мо дар олам то абад чун диёри донишу адабпарвар машҳур бошад.

 

ЁҚУБОВА Н.Ё.,

досенти кафедраи

молия ва қарзи

ДИС  ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *