Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ қаблан зимни изҳоротҳои хеш оид ба амалҳои созмони террористии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) андешаҳоямонро иброз дошта будем. Ин навбат нисбат ба фаъолияти созмони террористӣ бо номи “Ансуруллоҳ”ибрози андеша менамоем.
Таҳлилу мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз назаррастарин таҳдид ин терроризим ва экстремизими динӣ мебошанд. Бояд қайд кард, ки ҳодисаҳои қаблӣ дар Сирия, Ироқ ва Ливия нишон доданд, ки гурўҳҳои ғайриқонунӣ зидди ҳукумати қонунӣ вазъиятро дар дохил вазнин намуда, баъдан ба он дигар давлатҳо ё ба таври дигар гўем хоҷагони берунаи онҳо барои амалӣ намудани нақшаҳои худ аз хизмати онҳо истифода мебурданд. Алҳол нисбатан ба эътидол омадани вазъи кишварҳои Сурия, Ироқ ва Ливия, бештари аъзоёни ДИИШ ва яке аз пайравонаш созмони террористӣ бо номи «Ансоруллоҳ» мебошад, ки ба таври ошкору пинҳонӣ дар қаламрави Афғонистон маскан гирифтаанд, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Дар ин кишвар имрўз даҳҳо гурӯҳу созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият мекунанд, вазъияти Афғонистонро мураккабтар намуда, ҷиҳати амалӣ кардани мақсаду ҳадафҳои ғайриинсонии худ бо ҳар роҳу васила кӯшиш доранд. Чунончӣ, шаби 29 ба 30 августи соли равон се нафар аъзоёни созмони террористии «Ансоруллоҳ» аз хоки Афғонистон ба ҳудуди Тоҷикистон гузашта, дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз барои амалӣ намудани амалҳои террористӣ даст доштанд. Яке Зариф Бобоҷонов, зодаи ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара бо лақаби “Усмон”, раҳбари ин гурӯҳ мебошад. Ду нафари дигари ин гурӯҳ Фарҳод Баҳодуров, зодаи деҳаи Шербегиёни ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод ва Аҳтам Қосимов, зодаи шаҳри Кулоб мебошанд. Ин се нафар дар баробари силоҳҳои дар ихтиёр доштаашон, ҳамчунин қаблан аз ҳудуди Афғонистон миқдори зиёди аслиҳа, маводи тарканда, таҷҳизоти иртибототиро дар паноҳгоҳе ҷой карда буданд. Баъд аз муайян кардани ҷойи будубоши ин гурӯҳи таҳрибкор аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвар безарар гардонида шуданд, ки амалиёти зидди онҳо 5 сентябри соли равон анҷом дода шуд.
Дар интиҳои изҳороти хеш амалҳои навбатии созмони террористии “Ансорулло”-ро шадидан маҳкум намуда, қайд менамоем, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷонии ҳар як сокини сайёра аст. Хулоса, воқеаҳои давраҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои Афғонистон бефарқ набошем. Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк намоянд. Имрўз ҷавонон бояд аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд, аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омўзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсант хонанд.