Мо омӯзгорони кафедра доир ба рушди босуръати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон андешаи хешро иброз намуда, қайд менамоем, ки вилоят яке аз минтақаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб рафта, суботу оромӣ ва рушдиу тараққии он дар маркази сиёсати давлат қарор дорад. Воқеан аз файзи истиқлол пешрафту ободии ВМКБ ба марҳилаи сифатан нав гузашта, ҳатто бо як мушоҳидаву муқоисаи одӣ метавон дарёфт, ки ин муддати кӯтоҳи таърихӣ симои шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату деҳоти вилоят ба таври куллӣ тағйир ёфтааст. Хусусан, симои маркази вилоят – шаҳри Хоруғ дар даврони истиқлол комилан дигар шуда, ба як шаҳри обод ва инак бо марказҳои тиҷоратию фароғатӣ ,зерсохторҳои иҷтимоӣ ва биноҳои баландошёна табдил шуддаст. Тавре худи бадахшониҳои асил дар вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Дар солҳои соҳибистиқлоли Бадахшон дар ҳақиқат ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил ёфтааст”. Садҳо километр роҳҳо, пулҳо, марказҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои хурди саноатӣ бунёд гашта, Бадахшон ба гӯшаи сайёҳии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Ҳазорҳо ҷойҳои кории нав бунёд гаштанд, ки он бевосита ба сатҳи зиндагии мардум таъсири мусбат мерасонад. Бубинед, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 7-8 моҳи сол роҳи Бадахшон баста буд, мардум равуо карда наметавонистанд.Имрӯз бошад бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати бунёдкорани Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи стратегияи милии баромад аз бумбасти коммуникатсионӣ тӯли тамоми сол имконияти рафту омад ба Бадахшон фароҳам оварда шудааст. Чунин далелҳоро аз ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Бадахшон зиёд овардан мумкин аст.
Аммо баъзе доираҳои сиёсӣ ин бурдбориҳоро нодида мегиранд. Онҳо аз ҳар як ҳодисаи рух дода, истифода намуда, мехоҳанд вазъиятро ноором гардонанд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки моҳҳои охир дар фазои иттилоотию шабакаҳои иҷтимоӣ тамоюле мушоҳида мешавад, ки бархе гуруҳҳои бадхоҳ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири эҷоди ҳисси норозигию эътироз миёни мардуми Бадахшон ва ноором сохтани вазъияти Тоҷикистон дар ин масъала таблиғоти ғаразнок ба роҳ гузоштаанд. Ноором гардонидани вазъ дар Бадахшон барои онҳое, ки ҷонибдорони ғояҳои ҳаракати “Толибон” мебошанд, хеле мувофиқ аст. Гарчанде ҳаракати “Толибон” ба сари қудрат омадаанд, вале аз ғояҳои террористиву экстремистии худ даст накашидаанд. Ва мехоҳанд ба ҳар роҳу васила он ғояҳоро дар Тоҷикистон паҳн намоянд. Аз ин лиҳоз, на фақат бадахшониҳо, балки ҳар як шаҳрвадӣ бо ору номуси Тоҷикистон ҳиссӣ маҳалгароӣ, хешу таборчигиро як сӯ гузошта, ҳисси ватанпарварӣ, худшиносии миллӣ ва худогоҳиву зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.
Дар фарҷоми изҳороти хеш гуфтанием, ки мардуми кишвар, аз љумла сокинони Бадахшон минбаъд низ ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои бадхоњонро шадидан маҳкум намуда, баҳри сулҳу суботи кишари соњибистиқлоламон талош меварзанд.