
Тайи чанд соли охир Сарони ду кишвари ба ҳам дӯст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров аз амонию сулҳ гуфтугӯ карданд ва боиси сарфарозии ин ду миллати ҳамҷавор аст, ки имрӯз сарҳадҳо боз шуда, даст ба сулҳу ваҳдат зада, якдигарро ба оғӯш кашиданд.
Агар ба умқи таърих назар андозем, ин ду миллат дар тӯли садсолаҳо дар шароити сулҳу субот зиндагӣ карда, дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ дастгири ҳамдигар буданд. Дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест, зеро ин ду миллат аз оби як дарёю сойҳо об нӯшида, ҳаёт ба сар мебаранд.
Устод Сотим Улуғзода дар повести “Субҳи ҷавонии мо” дар ин хусус чунин нигоштаанд: “Рӯзҳои чоршанбе қирғизон ба бозори деҳаи мо меомаданд. Қариб ҳар хонаводаи деҳаи Варзик аз қирғизҳо ошно дошт. Ҳатто, вақте ки қирғизе ба деҳа фурояд, мегуфтанд, қирғизи фалонӣ омадааст. Қирғизони ба бозоромада ба хонаҳои ошноҳои худ мефуромаданд. Онҳо баъзан як рӯз-ду рӯз пештар омада, дар хонаи ошноҳояшон меистоданд ва рӯзи бозор аспу уштур ва борҳояшонро дар он ҷо монда, худашон машғули хариду фурӯш мешуданд. Инчунин, бошандагони деҳаи мо ҳам, агар ба коре (одатан барои даравгарӣ) ба Қирғизистон раванд, дар хонаи ошноҳои худ манзил мегирифтанд. Баъзе хонаводаҳо дар тобистон гову гӯсфандони худро ба Қирғизистон, ки чарогоҳҳои фаровон дошт, бурда, ба рамаи ошноҳои худ ҳамроҳ карда мемонданд.”
Дар повести “Субҳи ҷавонии мо” зербобе бо унвони “Қирғизҳо” ҷой дода шудааст. Тавре дар боло зикр кардем, солҳои пешин аҳолии деҳаи мо ҳамеша бо қирғизҳо аҳлона умр ба сар мебурданд. Чи хеле ки дар урфият мегӯянд, ”аз азал бозору мазори як доштанд”. Устод Улуғзода дар образи амакашон ва дӯсти вай Сайидалӣ, ки дар дараи Сумсор зиндагӣ мекард, маҳз ҳамин дӯстию рафоқатро нишон додааст. Нависанда тазаккур медиҳад, ки дар он солҳои ноамни пурхавотир амакам якмоҳа барои даравгарӣ ба Қирғизистон рафт ва маро ҳам ба худ бурд, ки хӯша чинам. Дар ин радиф, нависанда хотираҳои худро дар бораи қирғизҳо ба ёд оварда, мардуми қирғизро ҳамчун одамони солим, бақувват, хурраму зиндадил арзёбӣ намуда, дар баробари ин, расму оини онҳо, тарзи зист, хонадорӣ, либоспӯшиашонро хеле воқеъбинона тасвир намудааст. Нависанда ёдоварӣ мекунад, ки онҳо хурраму зиндадил буда, ҳазлу шӯхӣ ва таронагӯйиро дӯст медоштанд.
Он солҳо ҳаракати босмачигӣ авҷ гирифта буд. Дар деҳоти дурдаст, ки ҳоло Ҳокимияти Шуро барқарор нагашта буд, гурӯҳе худро босмачӣ эълон намуда, одамонро азобу шиканҷа медоданд, молу амволашонро толону тороҷ мекарданд. Устод Улуғзода ба ёд овардаанд:
– Рӯзе ҳамроҳи понздаҳ-бист нафар даравгарон, аз ҷумла, амакам ҳам, бо гандумдаравӣ ва ман бо хӯшачинӣ машғул будем, аз пушти теппа ду каси пиёдаи милтиқдори қамчин дар даст намудор шуданд. Баъди чанд саволу ҷавоб, аз лаҳҷаи амакам босмачиён фаҳмиданд, ки ӯ қирғиз нест. Ва амакамро пешандоз карда, бо қундоқи милтиқ зада-зада гирифта бурданд. Вақте ки мӯйсафеди авул Сайидалӣ аз ин ҳодиса бохабар мешавад, зуд ба назди босмачиён рафта чунин мегӯяд:
- Ин мард меҳмони ман аст! Шумо меҳмони маро зада бар хок афкандед, акнун ман дар ин ҷоҳо чӣ тавр сар бардошта мегардам ва бо кадом рӯй ба рӯйи мардуми Варзик нигоҳ мекунам?!
Сайидалӣ асояшро бо шиддат ба замин кӯфта наъра кашид:
- Набошад, мани пирро ҳам гирифта занед, кушед, нобакорон!”
Сайидалӣ, ки дар авул обрӯи баланд дошт, қирғизҳо ба хотири ба қаҳри мардуми авул дучор нашудан, амакамро ҷавоб доданд.
- Пирамард, ки ҳанӯз ҳам аз ғазабаш нафуромада буд, босмачиёнро боз дашном дода, моро бо худ гирифта бурд.
Дар ин ҷо аз овардани иқтибос матлаби мо ин аст, ки имрӯзҳо, ки гоҳ-гоҳе байни тоҷикону қирғизҳо муноқишаҳои сарҳадӣ рух медиҳанд, барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо мувофиқи мақсад мебуд, агар ҳар ду миллат ба таърихи ҳамгироию ҳамзистӣ назар афкананд. Чунин симоҳои барҷаста, ба мисли Қурбонҷон Додхоҳ, ки ўро “Маликаи Олой,”, “Шоҳдухтари Ҷануб”, “Модари миллат” дар хонигарии Қӯқанд ва Аморати Бухоро меноманд, эпоси “Манас”, асарҳои оламшумули нависанда Чингиз Айтматов тољикону қирғизҳоро ба ҳам мепайванданд. Ҳатто қирғизҳо мо-тоҷиконро “ҷезне” (язна) мегӯянд, зеро аз рӯи баъзе ривоятҳо шавҳари Қурбонҷон Додхоҳ мансуби тоҷикони водии Фарғона будааст. Аз ин лиҳоз, он гурӯҳҳои манфиатталаб, ки имрӯз муаммоҳои обу заминҳои наздисарҳадиро баҳона карда, мехоҳанд байни ин ду миллати сулҳдӯст ҷудоиандозӣ намоянд, тирашон хато хӯрд.
Дар воқеъ, имрӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон бо роҳи гуфтушунид, гузаштҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ хатти сарҳади ду кишвари ҳамҷаворро муайян намуданд ва Президентони ду давлат дар ин хусус Созишнома ба имзо расониданд.
Президентҳои ду кишвар дар натиҷаи суҳбатҳои тулонӣ, гуфтушуниди мақомотҳо тавонистанд, ки мушкилии си солаи байни ду миллатро ҳал кунанд. Умед ҳаст, минбаъд робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва масъалаҳои гуманитариӣ байни ду кишвар ривоҷу равнақ ёфта, дӯстии байни онҳо боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.
Р. СОЛИҶОНОВ,
профессори ҷомеашиносии
ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд
