ДАР ЗЕҲНИ ҶАВОНОН АНДЕШАИ СОЛИМ ПАРВАРЕМ

Таълиму тарбияи насли наврас ва миллат хостанд, ба пояи ин арзиши волои зиндагӣ латма зананд. Ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаи ҳассос ва муҳим ба шумор рафта, мебояд нисбати тарбияи ҷавонону ноболиғон ҷиддӣ муносибат намуд.
Ҷавонон насли ояндасози миллати мо буда, нафарони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии моанд. Таърих шаҳодатгар аст, ки ҷавонони ватандӯст ҳанӯз дар солҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии хешро дар назди Ватан ва халқи кишвари азизамон содиқонаву сарбаландона иҷро карда, барои ба эътидол овардани вазъияти онвақта саҳми муносиб гузоштанд. Ҳазорон нафар фарзанди сарсупурда ва шуҷои мамлакат, ки ҷонибдори сулҳу салоҳ бу‐ данд, ҷони худро қурбон карданд.
Имрӯз, ки зуҳуроти номатлуб ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад, ҷавонони ватандӯстро мебояд, барои ҳифзи сулҳу суботи кишвар далерию матонат ва садоқатмандӣ нишон диҳанд.
Ҷавонони имрӯзаи мо набояд фирефтаи суханҳои хоинони Ватан гарданд, нагузоранд, ки ниятҳои нопоки онҳо амалӣ гардад. Илм омӯзанд, сатҳи дониши хешро сайқал бахшанд.
Ифротгароён бо тавсия ва супориши хоҷагони хориҷиашон амал карда, мехоҳанд ҷавонони ноогоҳро фирефта созанд. Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз мушкилоти ҷиддӣ, ин ҳам бошад, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро нигарон кардааст. Ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд, ғофил аз худшиносии миллӣ буда, шинохти хотираи таърихии миллати куҳанбунёди моро надоранд. Фаромӯш набояд кард, ки ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд.
Онон бояд бидонанд, ки мафҳуми миллат, Ватан, муқаддасоти миллӣ, арзиши зеҳнӣ, фарҳанги миллӣ, осор, хотира ва расму ойини таърихӣ арзишҳои олии миллати мо мебошанд. Ва ҷавононро лозим аст, ки ба ин арзишҳо эҳтиром гузоранд. Таърихи тамаддуни башарӣ шаҳодат медиҳад, ки худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷавонон пойдевор ва асли бақои миллат аст.
Ҷавонон ояндаи миллат ва кишвари азизамон ‐ Тоҷикистон буда, бояд афкору андешаи солим дошта бошанду дар азхуд кардани илму дониш бикӯшанд ва нерӯи худро баҳри рушду нумӯи меҳани худ масраф намоянд. Барои ин тамоми шароитҳои муосир баҳри илму донишомӯзӣ ва касбомӯзии насли имрӯз муҳайёст.

 

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *