ҚОНУН БАРОИ ҲАМА ЯК АСТ!

Мардуми осоиштаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, аз шаҳри Хоруғ, ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Мурғоб, ҳама ба муқобили гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ҳамагуна созмони ифротӣ мебошанд. Дар гузашта дар ин минтақаи Тоҷикистон тарафдорон ва аъзоёни ҷараёни ифротӣ мавҷуд буданд ва алҳол бархе афроди ҷиноятпеша Мухмммадбокир ва пайравонаш дида мешавад. Мо соли равон таввасути шабакаҳои иҷтиоӣ аз баромадҳои вакилони халқи вилоят ва аз шоҳидони воқеияти ҳол бохабарем, ки яке аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо номи Маҳмадбоқир бо зӯри ба бинои Раёсати маорифи вилоят ворид гардида, посбон Мируллоев Шакар ва баъдан бо изҳори маҳалгароӣ сардори раёсати мазкур Наврӯзов Лутфуллоро лату кӯб намудааст. Баробари ин наздикону ва зодгоҳи Наврузов Л.-ро дашномҳо намуда, бо таҳдид аз силоҳ маҷбур кардааст, ки бинои Раёсати маорифи вилоятро тарк намояд. Ин амали Муҳаммадбокир пеш аз хама ба беадабӣ, бемаданиятӣ, авбошию бадмастӣ, кинаҷуиву бешармӣ, ноадолатию разилӣ ва амсоли ин дохил мешаванд, ки инсонро ба касодию беиффатй ва беобругиву шармандагӣ оварда мерасонанд. Бинобар ин нисбат ба амали Маҳмадбоқиров М. аз ҷониби Прокуратураи вилоят тибқи моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла маҳалгароӣ, парвандаи ҷиноятӣ кушода, ба суроғаи Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир барои ба Прокуратураи вилоятӣ ҳозир шуданаш, расман хабарнома ирсол карда шудааст. Вале, бо сабабҳои номуайян Маҳмадбоқир амри мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мадди назар намуда, ба мақомоти мазкур ҳозир нашудааст. Мо боварӣ дорем,ки мақомотҳои дахлдор нисбати чораҳои зарурӣ андешида, адолатро барқарор менамоянд. Бояд қайд кард, ки ин гуна афрод чун Мухаммадбокир барои худашон чоҳ мекобад, ки дар интиҳо худашон ба он меафтад. Чоҳкан зери чоҳ аст. Ҳақиқат талх аст, вале қонун барои ҳама як аст ва бигузор Муҳаммадбокир ҷазояшро бигирад зеро вай ба ин сазовор аст. Ва ин амали Мухаммадбокир ба дигарон дарси ибрат шавад. Касоене, ки ба ин кор машғуланд оқибат ба чунин ҷазо сазовор мешаванд. Зеро ҳақиқат ҳамеша ғолиб меояд.

А.ВАЛИЕВ,
асссистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *