ДАР МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ КОРОНАВИРУС МО ТАНҲО НЕСТЕМ!

 Мо дар замони мушкили эпидемияи умумиҷаҳонии вируси маккори зиндагӣ карда истодаем. Созмони ҷаҳонии беҳдошт 11 марти соли равон изҳороти расмӣ паҳн намуд, ки пандемия ба амал омадааст.Паҳншавии ин бемории марговар хусусияти ҷаҳонӣ гирифтааст.Паҳншавии минбаъдаи COVID-19дар зери назорат намебошад. Ин эпидемия охирҳои моҳи апрел ба Тоҷикистон омадааст.

Лекин ин маънои онро надорад, ки мо ба таҳлука афтида, ба марги омма тайёрӣ бинем. Бино ба ақидаи мутахассисон зиёда аз 85 фоизи гирифторони ин беморӣ бояд сиҳат ёбанд.Шахсони риоякунандаи тавсияҳои тарзи беҳдошти ҳаёти худ ва наздиконашонро аз ин вабои аср эмин нигоҳ дошта метавонанд. Коршиносон муайян карданд, ки ин вирус дар муҳити ишқории РН- 5,5 -8, 5 нобуд мешавад. Барои пешгирии ин вирус чайқонидани бини бо маҳлули собуни хоҷагӣ,  Истеъмоли пиёзи куни ва чеснок дар хурок барои беҳтаршави ёрӣ мерасонад

ВирусиCOVID-19асосан ба шахсони иммунитеташонпаст будатасир мекунад. Мо бояд пеш аз ҳаманафарони ҳаёташон хатарнок буда, ба монанди пиронсолон ва нафарони маризии дурудароз доштаро муҳофизат намоемҲангоми дастҷамъона мубориза бурдан мо бо талафоти камтарин эпидемияро паси сар карда метавонем.

Дар мубориза бар COVID-19 мо танҳо нестем. Ба кишвари мо ба ин  чайқонидани гулу бо мҳлули содаи хурока, ки 5-10 қатра дар 100 мл маҳлул зарур аст.истодааст. Ба монанди 9 апрел дар шаҳри Душанбе маросими қабули ёрии башардӯстонаи аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбкистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор градид. Ин ёриҳои башардӯстона, кидар 18 вагон вориди пойтахти кишвари мо шуд.Дар ин вагонҳо 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ, респираторҳо ва айнакҳои тиббӣ иборад буд.

Ҳукумати Федератсияи Руссия дар қатори яке аз аввалинҳо дасти ёрӣ дароз намуда, мӯҳлати дар муҳоҷиратии меҳнатӣ будани шаҳрвандонамонро дарозтар намуд.Ба Тоҷикистон ёрии башардӯстона дар шакли тестҳои муайянкунии вируси COVID-19 ва дигар воситаю таҷҳизоти тиббӣ пешниҳод намуд. Дар он 210 дастаи тест-системаҳо барои гузаронидани 21 ҳазор тадқиқи шаҳрвандон вуҷуд дошт.

Дар моҳи апрел Иттиҳоди Аврупо ҷавобан ба мактуби Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани ёрӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои эпидемия ба маблағи 48 миллион евро грант (ёрии бебозгашт) ва 30 миллион евро кредит ҷудо намуд.

Бонки умумиҷаҳонии рушд ба Тоҷикистон барои таъҷилан ҷавоб гардонидан бар зидди коронавирус 11,3 миллион доллари ИМА ҷудо намуд, ки аз он 3 миллион доллар кӯмак барои аҳолии қашшоқ, боқимонда барои беҳтар намудани вазъи муассисаҳои тандурустӣ ба монанди ташкили 100 кат барои пешгирии ин касалӣ равона карда шудааст.

Германия ба Тоҷикистон бо воситаи Бонки германиявии рушд 1 миллион евро барои харидани воситаҳои ҳифз ва таҷҳизоти тиббӣ ҷудо намудааст.

8 апрел Ҳукумати ИМА бо воситаи агентии USAIDба Тоҷикистон ба маблағи 869 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона расонд. Ин маблағ барои пешгирӣ намудани паҳншавии касалӣ равона гардидааст.

Бонки осиёгии рушд ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА кӯмаки башардӯстона ҷудо намуд, ки он ба иҷроиши корҳои профилактикӣ сарф шудааст.

Хитой ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона дар шакли тест барои 2 ҳазор тадқиқоти коронавирус, 1000 комбинезонҳои тиббии ҳимоявӣ,500 ададтермометрҳои фосилавӣ барои ченкунии ҳарорат, 1000 адад айнакҳои тиббӣ, 1000 ҷуфи дастпӯшакҳои тиббии истифодаи яккаратава 1000 ҷуфт бахиллаҳои тиббии яккарата расонид.

Бо дастгирии молиявии Идораи швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ ва дастгирии техникии ЮНИСЕФ ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон воситаҳои фардии ҳимоя ва мавод ба маблағи 50 ҳазор доллар фиристода шуд. Дар байни ин воситаҳо – 5000 халатҳои истифодаи яккарата, 1840 комбинезонҳои истифодаи яккарата, 10000 дастпӯшак, 3900 респиратор, 5000 ниқоб, 200 ҷуфтботинкаҳои обногузар, 30 термосканербарои пешгирӣ ва воситаҳои санитарӣ мавҷуданд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва USAID ба Тоҷикистон воситаҳои фардии ҳимоя барои кормандони беморхонаҳои сироятиро пешниҳод намудааст.

Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон маблағи 189,5 миллион доллари ИМА баро мубориза бо пандемияи COVID-19 ҷудо намуд. Ин кредит дар мӯҳлати 10 сол бефоиз пардохт мешавад.

Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ нуқтаи назоратию гузаргоҳии Кулмаро бо таҷҳизоти тиббӣ, дорувор ва кормандони тиббӣ таъмин намуд, ки ин нуқта дар сарҳади байни Тоқикистону Хитой дар Помир ҷойгир аст. Инчунин ин ташкилот ба Вазорати тандурустии Бадахшони Кӯҳӣ 20 ҳазор таҷҳизот ва воситаҳои беҳдошт ва ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон 30 ҳазор дастпӯшакҳо ва ниқобҳо фиристод.

Инчунин ба мо маълум аст , ки тоҷирон ва соҳибкорони ватанӣ ва дар хориҷи кишвар будагон дар мубориза бар зидди вабои аср бетараф намебошанд. Ба муассисаҳои тиббӣ, камбизоатон, бекорон кумаки моддию пулӣ расонида стодаанд.

Лекин афсӯс мехӯрем, ки душманони миллат дар фазои иттилоотӣ ба ҷои кӯмак ба паҳн намудани бӯҳтонҳои беасос машғуланд. Масалан Шарофиддин Гадоев менависад, ки президенти кишвар дар Германия табобат мегирад. Ё ин ки худи Кабирӣ овоза паҳн мекунад, ки дар Тоҷикистон барои пешгирии эпидемия ягон чора дида намешавад. Худи Гадоев ё Кабирӣ барои халосӣ аз ин вобои аср ба халқу наздикони худ кадом кӯмакро расонидаанд. Ба ин ҷавоби ҳамшаҳриёни Кабирӣ дар шакли мактуби кушодро мебинем, ки дар он дар бораи кирдорҳои пешина ва ҳозираи ин нафари разил хеле хуб гуфтаанд.

Хулоса, ҳоло вақти он расидааст, ки мо бояд  дӯсту душманро аз ҳамдигар фарқ карда тавонем. Мо бояд дастҷамъона аз ин имтиҳони вабои аср сарбаландона бароем.

 

Қобилов Н.Қ.

н.и.х., дотсенти кафедраи

молшиносӣ ва фаъолияти

 гумруки ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *