Кӯмаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус

Ба ҳамагон равшанаст, ки ҳамхунӣ, ҳамҷонӣ, ҳамдамӣ, ҳамдилӣ ва ҳаммаромии ду халқи ҳамҷавори тоҷику ӯзбек анъанаҳои дерин дошта, дар дарозои асрҳо ба ҳикмату маърифати хоси ин ду халқ такя дорад. Таърихи гузашта ва навин равшан ба мо исбот мекунад, ки ин ду халқ аз қадим, аз қаъри асрҳо бо он ҳама ихтилофҳои қаввмиву гурӯҳӣ дар ҷараёни ҳамзистии ҳамдигарӣ қарор дошта, аз сарчашмаи ба назар файзбори моддиву маънавӣ ғизо гирифтаанд ва дар ҳа ҳол, шодишарик ва ғамгусори ҳамдигар будани онҳо ба як ҳақиқати бебаҳс табдил ёфтаанд. Хосатан ин ҳамдиливу ҳамаромӣ дар ҳолати имрӯзаи ҷаҳон, ки саросари он ба мубориза ва пешгири сирояти коронавирус равона шудааст ба таври равшан таҷассум ёфтааст.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 вагон кумаки башардӯстона фиристод.

Ин кӯмак бо супориши президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат гирифта, аз 1000 тонна орд, маводи безараргардонӣ, ба монанди воситаҳои антисептикӣ-дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, респираторҳо, айнакҳои тиббӣ, дастпӯшҳо, ниқоб ва пойафзоли тиббӣ иборат мебошад.

Ҳамзамон ширкати UzAutoMotors ба Тоҷикистон нақлиёти ёрии таъҷилӣ ирсол намуд. Ҳар як мошини ёрии таъҷилии тиббӣ бо асбобҳои иловагии муҳофизатӣ барои кормандони тиббӣ муҷаҳҳаз карда шудааст

Имрӯз, дар шароити бадтар шудани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон, зарурати муассисаҳои тиббӣ ба мошини ёрии таъҷилӣ афзоиш ёфтааст. Бо мақсади васеъ кардани парки махсуси нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва расонидани кӯмаки саривақтӣ ба беморон дар давраи пандемия нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

Ҳар як нақлиёти фиристода барои кормандони тиб ҳамчунин таҷҳизоти иловагии муҳофизати инфиродӣ дошт.

Гуфта мешавад, мошинҳо барои тақсимоти минбаъда дар байни муассисаҳои тиббӣ ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд.

Истеҳсоли ин мошини махсус дар пойгоҳи Дамас аз ҷониби УзАвтоМоторс соли 1996 таъсис ёфтааст. Нақлиёти мазкур барои интиқоли беморон дар якҷоягӣ бо кормандони тиббӣ тарҳрезӣ шудааст.

Ёдовар мешавем қаблан низ ҷониби Ӯзбекистон нахуст маводи ғизоию доруворӣ ирсол кард ва баъдан табибон ва дастгоҳҳои тиббӣ барои мубориза ва пешгирии коронавирус фиристода шуда буд.

Ибтикори хуб ва иқдоми назарраси идома додани дӯстиву ҳамкории тоҷикону ӯзбекҳо ҳар шахси соҳибандешаро ба мағзи суханони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҶанобиОлӣ Эмомалӣ Раҳмон наздик хоҳад бурд, ки боре бисёр ҷолиб ва ангезанда ироа карда буданд: «Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек амри Худовандаст!». Ин гуна матлабро дар гузашта шахсиятҳои мубтакири номвари сиёсии Ӯзбекистон низ дарназар доштанд. Аз ҷумла, чеҳраи шинохтаи сиёсӣ ва давлатии ӯзбекон Шароф Рашидов тоҷикону ӯзбеконро болу пари як паранда ва ё ду сари як марза ба шумор меовард.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвари ба ҳам дӯст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев арзи сипос мегӯянд.

 Холиқов Д.Н.,

устоди ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *