Дар ДИС ДДТТ бо намояндагони коррупсияи вилояти Суғд мулоқот баргузор гардид

Санаи 23-сентябр дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони коррупсияи вилояти Суғд бо ҳайати васеи омӯзгорони донишкада мулоқот гузарониданд.

Дар мулоқот Сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи вилояти Суғд Саломзода Наимҷон Раззоқ ва нозири калони ҳамин шуъба, Мутавалиён Шоира Абдувалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни баромади хеш Саломзода Наимҷон перомуни нақша ва чорабиниҳои донишкада оид ба иҷрои барномаи давлатии стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 сухан карда, атрофи қонунвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва коррупсия дар байни омӯзгорону донишҷӯён ва оқибати онҳо, андешаҳои ҷолиб иброз дошт. Аз афзоиши қонунвайронкунии характери коррупсионӣ дошта, махсусан дар таълимгоҳҳои таҳсилоти олии вилоят, номбурда изҳори таассуф карда, баҳри бартараф сохтан ва пешгирӣ кардани он ҳамагонро ба муттаҳидӣ, масъулиятшиносӣ, кору хизмати содиқона ва бо рафтору кирдори шоистаи хеш намуна шуданро даъват намуд.
Нозири калони ҳамин шуъба Мутавалиён Шоира Абдувалӣ суханронӣ карда, бо далелу рақамҳои мушаххас аз содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф, алалхусус, дар таълимгоҳҳои таҳсилоти олии вилоят, маълумоти муфассал дод. Номбурда оид ба масоили ҳолатҳо ва шароитҳои содиршавии ин ҷиноятҳо ибрози андеша карда, перомуни чораҳои пешгирии ин гуна падидаҳои номатлуб андешаҳои муфид иброз намуд.
Сипас, устодони донишкада суолҳо пешниҳод карда, ба саволҳояшон посухҳои мушаххас гирифтанд. Баргузории ин мулоқот бешубҳа, аҳамияти ҷиддӣ дошта, барои рафъи ҷиноятҳои характери коррупсионӣ дошта ва пешгириву мубориза бурдан бо онҳоро тақвият мебахшад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *