Дар ДИС ДДТТ бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд ва ҳайати васеи меҳмонон, профессорон, устодон ва донишҷӯён бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гашт.

Конфронс ба мавзӯи «Саҳми шаҳри Хуҷанд дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ» бахшида шуда, онро ҷонишини директори донишкада н.и.и., дотсент Ҳомидҷон Ҳошимов ҳусни оғоз бахшид. Раиси шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Шарифзода Шариф Файз дар мавзӯи “Таърихи Хуҷанд-василаи тамаддуни ҷаҳон” баромад карда, оид ба нақш, дастовардҳо, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳри Хуҷанд дар давраҳои мухталифи таърихи башарӣ маърӯзаи пурмӯҳтавои илмӣ намуд.
Доктори илми иқтисод, профессори донишкада Абдумавлон Азимов суханронӣ карда, перомуни “Муаммоҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар солҳои Истиқлолият (дар мисоли шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд)” маърӯзаи баҳсбарангез ва пурмӯҳтаво хонд. Номбурда нуктаҳои муҳим ва аҳамиятнокии мавзӯи муҳоҷират ва рушди демографии шаҳри Хуҷандро мавриди таҳқиқ қарор дода, роҳҳои ҳалли он ва ба ин васила ба эътидоловарии мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро бо далелҳои мустанад пешкаши ҳозирин дошт.
Устоди донишкада, мудири кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ н.и.и., профессор Комарова Галина Борисовна дар мавзӯи “Иқтидори иқтисодии вилояти Суғд чун асоси рушди субъектҳои хоҷагидорӣ” бо забони русӣ баромад карда, бо факту рақамҳои аниқу ҷолиб аз дастовардҳои соҳаи иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва муаммоҳои ҷойдоштаи соҳа маълумоти басо ғанӣ ва муфид баён намуд. Алахусус, рақамҳои дар ҷадвалҳои иқтисодӣ таҳиягардидаи муаллима, ки тариқи тахтаи электронӣ намоиш дода шуданд, ҳозиринро аз маълумотҳои дар солҳои мухталиф ба дастомадаи соҳаи иқтисодиёти кишвар огаҳ сохтанд.
Омӯзгори ҷавону умедбахши донишкада, муаллими кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, иштирокчии фаъоли барномаи Erasmus Mundus, ки тариқи ин барнома дар мамолики Аврупо таҷрибаи корӣ омӯхтааст, Мухторов Саидқосим дар мавзӯи “Нақши минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар рушди робитаҳои берунии иқтисодии Тоҷикистон” бо забони англисӣ баромад карда, оид ба аҳамиятнокии ташкил кардани минтақаи озоди иқтисодӣ дар шаҳри Хуҷанд андешаҳои ҷолиб баён намуд.
Рӯзноманигор ва адиби шинохта, устод Додохони Эгамзод атрофи рушди фарҳангу адаби шаҳри Хуҷанд дар солҳои соҳибистиқлолӣ чанд нуктаи назарррас ва муҳимро иброз дошта, саҳми мардуми бомаданияту бофарҳанги шаҳрро дар рушди илму адаби ҷумҳурӣ бағоят бузург арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми конфронс, бо истифода аз фурсати муносиб, Раиси шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Шарифзода Шариф Файз ҳозиринро ба муносибати ин санаи мубораку фархунда шодбош гуфта, аҳли иштирокчиёни конфронсро ба чорабинии идона, ки дар назди майдони маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” баргузор хоҳад шуд таклиф намуд.
Баргузории конфронси мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд фоли нек арзёбӣ гардида, бо хотироти неку рангин ва як ҷаҳон таасуроти маънавӣ анҷом пазируфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *