Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, Рӯзи забони давлатӣ ва “Рӯзи Рӯдакӣ” бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
Санаи 21 сентябр дар толори калони донишкада бо иштироки ҳайати васеи профессорон, устодон, донишҷӯён ва меҳмонон Рӯзи забони давлатӣ ва “Рӯзи Рӯдакӣ”-ро ҷашн гирифтанд. Чорабинии адабӣ-фарҳангиро, ки бо ташаббуси кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии донишкада таҳия шуда буд, ҷонишини директор оид ба таълим н.и.и., дотсент Ҳомидҷон Ҳошимов ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони олиқадр, адибони шинохтаи вилоят ва ҷумҳурӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, устод Атахон Сайфуллоев, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва шоири шинохта, сардабири маҷаллаи “Паёми Суғд” Толиб Карими Озарахшро ба таълимгоҳ хайра мақдам гуфт.
Сипас, мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии донишкада, н.и.ф., дотсент Сироҷиддин Бобоев дар мавзӯи “Баъзе масоили осор ва рӯзгори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” маърӯзаи илмӣ хонда, ҳозиринро перомуни таҳқиқи осору рӯзгори устод Рӯдакӣ шинос намуд.
Устод Атахон Сайфуллоев дар чорабинӣ суханронӣ карда, аҳамият ва манфиатбардорӣ кардан аз ашъори Рӯдакӣ, шӯҳрати ҷаҳонии шоир, осори тозанашри таҳқиқӣ ва чанд масоили муҳими паҳлӯҳои омӯзиши шеъри устод Рӯдакиро дар баромади пурмӯҳтавои хеш арза доштанд. Дар қисми қироати каломи манзум таҳти унвони “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…”, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва шоири шинохта Озарахш ҳарду баромад намуда, баҳри ҳозирин шеърҳои пурмазмун ва абёти шакаромез қироат намуда, таъкид бар он доштанд, то ҳар кас ками кам то се шеър аз Рӯдакӣ бояд донад. Шоирон ва ҳузури онҳо дар ин ҷашн, ҷашнвораро боз ҳам рангину гуворо сохт.
Барномаи фарҳангии таҳиянамудаи донишҷӯёни донишкада, ки асосан аз қироати ашъори устод Рӯдакӣ, саҳнаҳои ҷолиб аз рӯзгори шоир, хондани сурудҳои классикӣ ва эстрадӣ иборат буд, хотири аҳли толорро болида гардонид.
Баргузории ин ҷашнвора ба хотири гиромидошти фарҳанги бою ғании миллати шарафманди тоҷик буда, он бо як ҷаҳон таасуроти рангину гуворо дар хотираи иштирокчиён нақш хоҳад баст. Ҳамин тариқ, чорабинӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва адабӣ баргузор гардида, бо хотираҳои нек анҷом пазируфт.