Масъулиятнокӣ дар молиягузории хурд


Санаи 24 сентябр дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Масъулиятнокӣ дар молиягузории хурд” барои устодон, магистрантон ва донишҷӯён семинар-тренинг баргузор гардид. Семинар-тренинг бо ташаббуси мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада Юсупов А.К. ташкил гардида, дар он маслиҳатгарони молиявӣ аз кишварҳои хориҷа ширкат варзиданд. Дар семинар мутахассис оид ба молия ва бозорҳо аз Бонки умумиҷаҳонӣ Коллин Массеник, машваратчиёни Иттиҳодияи молиявии байналхалқӣ Буажар Абдыкадырова, Фаррух Тюряев ва магистранти Донишгоҳи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Бишкек Гульнур Рыскулова, намояндагони ташкилоти ғайридавлатии “Занон дар ҷомеа” Бобохонова Муяссара ва Расулова Хайриниссо иштирок намуданд.
Семинар-тренинг дар ду қисм гузаронида шуда, дар қисмати аввал оид ба масоили дуруст роҳандозӣ намудан ва гузаронидани тадқиқоти молиявӣ намояндагони ташкилоти “Занон дар ҷомеа” Бобохонова М. ва Расулова Х. ба иштирокчиён бо тарзи саҳначаву тренинг ва саволу ҷавоб, тартиб додани барномаи тадқиқоти молиявӣ ва амсоли он, машқҳои омӯзиши гузарониданд. Қисмати дуюми семинар, ки ба мушкилиҳои пайдошуда дар бораи рафтори молиявии мардум ва мусоидат ҷиҳати беҳбудии фарҳанги молиявии онҳо бахшида шуда буд, бо роҳбаладии маслиҳатгарони Иттиҳодияи молиявии байналхалқӣ Тюряев Ф. ва Абдыкадырова Б. гузаронида шуда, ба шунавандагони семинар оид ба маслиҳатдиҳии молиявӣ, ташкили нақшаҳои молиявӣ, рушди бонизоми соҳаи молиягузории хурд ва масъулиятнокӣ дар ин самт, бо тарзу усулҳои бозии гурӯҳии таълимӣ, саволу ҷавоб, тартиб додани барномаи маслиҳатдиҳии молиявӣ ва амсоли он гузаронида шуд.
Маврид ба таъкид аст, ки баргузории семинар-тренинги мазкур дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, тасодуфӣ набуда, балки маслиҳатгарони хориҷӣ гузаронидани онро дар ин донишкада маъқул шуморидаанд. Ҳамчунин аз гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисии донишкада 40 нафар донишҷӯён, ки дар ин семинар ширкат варзиданд, дар натиҷаи такмил ва рушди малакаи маслиҳатдиҳии молиявии хеш, минбаъд метавонанд дар оянда ҳамчун машваратчии хуб дар бонкҳо ва ташкилотҳои микроқарзӣ фаъолият намоянд.
Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва паст гардидани талаботи бозори меҳнат дар кишварҳои абарқудрат, махсусан Федератсияи Руссия сабаби коҳишёбии даромадҳои пулӣ ва имкониятҳои харидории муҳоҷирони меҳнатӣ гардид. Воридшавии маблағи ками муҳоҷирон дар солҳои 2015 ва 2016 нисбати солҳои қаблӣ ба имконияти пардохти қарзҳо аз тарафи мизоҷони бонкҳои мамлакат таъсири манфӣ расонид. Бо дарназардошти ин вазъ, Ширкати байналмилалии молия (IFC) барномаеро дар вилояти Суғд таҳти унвони “Оилаи ман ва нақшаи молиявии ман” барои ташкили маслиҳатдиҳии молиявӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом ва ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) ба нақша гирифт, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷонибдорӣ шудааст. Семинар-тренинги дар донишкада баргузоргардида низ, аз омилҳои амалисозии барномаи мазкури ин ширкат арзёбӣ гардида, барои дарёфти мутахассисони бомалака дар ин самт мусоидат менамояд. Баргузории семинар-тренинги мазкур бо 40 нафар донишҷӯёни гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисии донишкада барои гузаронидани маслиҳатдиҳии молиявӣ дар ноҳияҳои номбаршуда имконият фароҳам оварда, дониши онҳоро ҷиҳати усулҳои маслиҳатдиҳии молиявӣ мукаммал гардонид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *