Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Дониш дар ДИС ДДТТ

Ба муносибати Рӯзи Дониш дар ДИС ДДТТ чорабинии идона баргузор гардид. Дар даромадгоҳи бинои таълимӣ бо ташкили намоишгоҳ дастоварду комёбиҳои олимону омӯзгорон намоиш дода шуд. Бо сухани ифтитоҳӣ директори донишкада номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан устодону донишҷӯёнро табрику таҳният гуфта, меҳмонони чорабинӣ: муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозодаро муаррифӣ намуд.

IMG_7209
IMG_7218
IMG_7208
IMG_7220
IMG_7248
IMG_7250
IMG_7263
IMG_7273
IMG_7296
IMG_7310
IMG_7222
IMG_7240
IMG_7233
previous arrow
next arrow

Дар идомаи суханронӣ директори донишкада зикр намуд, ки муассисаи таълимии мо фаъолияти худро бо мақсади иҷрои амалии нуктаҳои асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ба роҳ мондааст.

Донишкада зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар аст ва дар баробари дастовардҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот то оѓози соли таҳсил дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд таҷдид ва таъмири бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода мешавад. Ба истифода дода шудани бинои нави таълимӣ туҳфаи арзандаи аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ табрикоти Раиси вилоя Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Дониш қироат карда, ба устодону донишҷӯён дар соли нави таҳсил барору комёбиҳо таманно намуд.

Ҳамчунин муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода табрикоти Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Барои дастовардҳои назаррас ва комёбиҳои илмӣ, иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва пирӯзӣ дар озмунҳои гуногун дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор устодон ва донишҷӯёни донишкада ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Барномаи рангини адабию фарҳангии донишҷӯён хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардонд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *