ТӮДАБОЗОНИ РОҲГУМЗАДА СИФАТИ ИНСОНИРО АЗ ДАСТ ДОДААНД!

Мусаллам аст, ки имрўз бо баробари дучори хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор доштани ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин аз ҷониби бархе афрод дурўғгўӣ, ғайбату тўҳамат ба назар мерасад.Чунончи, яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммади боли Садриддин дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир ” ровигиро ба уҳда дошта, мунтазам дар канали YouTube-”-Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет.) бо ҷалби шогирдону думравонаш баромад намуда, дастоварду пешравиҳои кишварамонро нодида мегиранду нисбат ба миллату давлат туҳмату иғвогариро пеша намудааст. Бо ибораи дигар ин тӯдабозони роҳгумзадаи ифротӣ бо ин роҳ кӯшиш доранд, ба оромиву суботи кишварамон халал ворид сохта, намехоҳанд, ки дар мамлакати соҳибистиқлоламон оромӣ ва осудагӣ бошад. Зимни баромади навбатиаш М.Садриддин 07 январи соли ҷорӣ боз бо ҷонибдорони ангуштшумораш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев, Абдулло ва

бо номҳои сохта “7+70,” ”Ватсаб” дар барномаи дар боло зикршуда, худро “сиёсатматор” вонамуд карда, нисбати кишвари соҳибистиқлоламон ва дар бораи масоили таҳаввулоти дунё, аз ҷумла дар бораи вазъи ҳолатҳои гуногуни сиёсии ҷомеаи муосир ибрози андешаи носолим намуданд. Аз ҷумла, дар бораи қазияи Венесуела, Греландия, Украина, нисбат ба муносибати Федератсияи Русия ва Туркия оид ба додугирифти гази табиӣ бо таври худ маънидод намуданд, ки ба ақли ҳар фарди солим рост намеояд. Хуллас, ин тудабозони роҳгумзада сифати инсониро аз даст додаанд. Ҳар чи ба забонашон меояд, берун аз одобу ахлоқи инсонӣ сухан мегӯянд. Аз баромадҳои М.Садриддин ва думравонаш хулосабарорӣ намуда, аз каломи шоир ёдовар мешавем, ки ҳамон ҳақиқати аслиест, гуфтаҳои боло тасдиқ мегардад:
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.
Умуман, ин гуруҳаки роҳгумзадагони ифротӣ хатокору хаторафтор ва аз ҳикмати ниёгонамон бехабаранд . Лозим ба ёдоварист,ки бо ташаббуси навбатии Сарвари кишвар ба ҳар шаҳрванди мамлакат «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ҳадя намуданд.Ин иқдоми сутудании Роҳбари давлат бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик аз азал дӯстдори каломи бадеъ буда, ҳар як ҳарфи бузургонро сармашқи кори хеш қарор медиҳанд. «Шоҳнома» асарест, ки тамоми мавзуъҳояш ба сулҳу ваҳдат ва ҳифзи марзу буми Ватан равона гардидааст. Тавре Пешвои маърифатпарварамон дар бораи арзиши мондагори “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таъкид карда буданд: “Шоҳнома” танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист”. Вале, тудабофонии роҳгумзадаи ифротӣ аз ин фарсахҳо дуранд. Аён аст, ки нангу номус, орияту виҷдон, инсофу инсонгарӣ ва дигар арзишҳои олиро бо маблағҳои хоҷагони хориҷиашон бадал кардаанду алҳол амсоли қоғазҳои расмдори бонкӣ даст ба даст мегарданд. Тудабофони роҳгумзадаи нобакори ифротӣ чун чуғзи белона дар фазои Аврупо ба ҳар дасте, ки луқма медиҳад, менишинанду фармонҳои луқмадеҳро тӯтивор ба иҷро мерасонанд.
Хулоса, баромадҳои тудабофони роҳгумзаи ифротиро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки М. Садриддин ва думравонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ғайбату тўҳамат, дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.
Хотиррасон бояд кард, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш мароми халқи тоҷик аст! Воқеан кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди кишвар баҳри сазовор истиқбол намудани таҷлили ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳаматарафа дида истодаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳама дар яқҷоягӣ ҷашни бузурги миллиамонро бо комёбии беназир пешвоз хоҳем гирифт.

Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *