МУТААССИБИ БЕХИРАДИ ГУМРОҲШУДА

Мусаллам аст, ки дар давоми солҳои спиригардида бархе гуруҳу созмонҳои иғвогар, аз қабили наҳзатиҳо ва думравонаш, ки ин тӯдаи афроди ифротиро навнаҳзат ном гузоштаанд, то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, аз оғози соли равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ садо баланд намуда, ба оламиёни бехабар нисбати соҳибихтиёру соҳибистиқлолии кишвари азизамон эродҳои беасосу бардурӯғро паҳн намуда, бо ин васила кӯшиш доранд, ки дар ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди динии ҷавонон дигаргунӣ ворид намуда, шаҳрвандони кишвар ва муҳоҷиронро бар зидди сиёсати давлатдории навин барангезанд.
Имрўз Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш, амиқтараш навнаҳзатиҳо бо пуштибонии хоҷагонаш ва тарафдоронаш дар хориҷи кишвар паноҳ ёфтанд ва номи ҳизбашро бо “Паймони миллӣ…“номгузорӣ карда, бо ҳар роҳу восита мақсадҳои нопокашонро амалӣ созанд. Мо исми давлати тоҷикон-ро ҳамроҳ накарданро зарур мешуморем. Тоҷикистон барои мо муқаддасу азиз аст, набояд наҳзату навнаҳсатиҳои иғвогар онро истифода кунанд ва ҳақ надоранд, ки аз номи кишвари соҳибистиқлоламон баромад намоянд. Умуман, оид ба ин масоил ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест!
Агар нисбат ба паймони худсохтаи наҳзат –“Паймони милли,”дар асл ҳамон ТЭТ ҲНИ мебошад,ки аз оғози фаъолияташ гуфтанӣ шавем, бешубҳа ин гуруҳаки роҳгумзада ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанд ва имрӯз низ пеш аз ҳама барои манфиати шахсӣ мақсад доранд, ки вазъияти кишварро тағйир диҳанд. Имрӯз бехиради гумроҳшудагон аз пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон озурдахотир гардида, зимни бегонапарастӣ камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Дар иртиобат ба ин, мо яке аз думрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат – иғвогари ифротӣ Муҳаммадиқболи Садриддинро мисол меорем, ки мунтазам дар канали You Tube – ”Ислоҳ.тv”(Ислоҳ.нет.) дар барномаи “Минбари муҳоҷир”бо ҷалби шогирдону пайравонаш, амиқтараш навнаҳзатиҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо пахшу нашр кардани маводи ғаразнок миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунанд. Чунончи, 4 январи соли 2026 М.Садриддин тавассути барномаи зикршуда бо ҷалби думравони фаъолаш, аз ҷумла Абдулло, Муҳаммад Тағоев, Абдураҳмон ва як қатор номҳои сохта, аз қабили “Домоди чоплус”, “Ватан 665” ва ”7+70”зимни баромад суханро чун обу ҳаво тағйир дода, оид ба масоили ҳамсоядорӣ,

қазияи Президенти Внесуела Николас Мадуро, ба сари қудрат омадани Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ва нисбат кишварҳои Куба, Амрико бо шакли таҳқиру беэҳтиромӣ андешаронӣ намуданд. Илова бар ин, инчунин М.Кабирӣ дар давоми моҳи январи соли равон оид ба қазияи зикршуда

низ баромад намуда, андешаи носолимашро баён сохт. Ба андешаи мо нисбати ҳар давлату миллат, ҳар як шахс бояд дар қолаби инсофу мантиқ ва риояи шариату қонунгузории ҷорӣ сурат бигиранд, на дар доираи танги манфиатҳои шахсӣ ва гуруҳӣ.
Хуллас, воқеаву руйдоди нав дар хориҷии дуру наздик нишон медиҳад, ки наҳзату навнаҳзатиҳо ба таври комил дастпарвару дастнишондодаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми кишвар аст. Баромадҳои иғвогаронаи ин тоифа афрод дар шабакаҳои иљтимоӣ ва аз боздошти собиқ аъзоёни наҳзат нишон медиҳад, ки ин тоифа афроди гумроҳшуда дар макотиби мазҳабии хориҷӣ таълимоти динию низомӣ, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориљӣ корҳоро амалӣ менамоянд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслакону пайравонашон ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехиради гумроҳ шудаанд. Таъкидан ба Кабирию Муҳаммадиқбол ва шогирдону думравонаш, умуман ба гуруҳаки гумроҳшудагон гуфтанием, ки шумо барои пешравии давлат ба мисли мӯрчае хизмат накардаед ва ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоред.
Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки бояд имрўз ҳар фарди мардумони кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, баромадҳои М.Кабирӣ, М.Садриддин ва думравони иғвогарро маҳкум намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона карда, баробари ин, баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон мебарем.

Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

ТАНГНАЗАРОНИ ИҒВОГАРИ ИФРОТӢ

Мушоҳидаву таҳлилҳои, ки солҳои охир собит менамоянд, ки ҳаракату гурўҳҳое арзи вуҷуд доранд, ки бо ҳар роҳу восита пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳкиру туҳмати роҳбарияти олии кишвар, шахсияти мансабдор, баробари ин  дастовардҳои истиқлолият нодида гирифта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  иғво меангезанд. Зимни баромаду сабтҳои видеоӣ ва аудиоии онҳо танҳо суханони беасос, бедалел, ғайриқонунӣ, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Мисоли равшани ин гуфтаҳо яке Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз думрави фаъоли наҳзат бо ҷалби  шогирдону пайравонаш дар канали YouTube Ислоҳ.тv., амиқтараш пойгоҳи таҳлилӣ, сиёсӣ ва динӣ  номи “Ислоҳ нет.”дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ва дигаре ” Беҳрўзи Тағойзода, аъзои фаъоли ҳаракати мамнуъ дар кишвар “Гурўҳи 24” , дар барномаи “Садои мардум”

дар давоми соли 2025  шабакаи иҷтимоиро ба манфиати худ истифода бурда, бо навбат нисбати ҷумҳурии азизамон айбҷўӣ намуда, мурдуми кишварро ба бетартибиҳои оммавӣ даъват менамоянд. Ин тоифа афрод виҷдони пок надоранду пур аз  аз ғаразу кина,намехоҳанд, ки дар кишвари мо оромӣ ва осудагӣ бошад.  Ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки М.Садриддин ва  Б.Тағоев  омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Силсилатаҳлили ноқис, ва бепояи суханрониҳои М.Садриддин ва Б.Тағоев бар зидди сиёсати пешгирифтаи кишварамон аст. Кору амалашон танҳо исён овардану тафриқа андохтан аст,ки ин амал нобахшиданист!

Мо аз баромадҳои  иғвогарони фирорӣ хулосабарорӣ намуда, такроран изҳор доштанием, ки М.Садириддин ва Б.Тағоев  ва думравони  косалесонаш дар фикру андешаи амнияту осоиштагии миллату Ватани азизамон нестанд! Ҳар як фарди солимақл  бо чашмони худ дидаву бо гушҳои худ борҳо шунидааст, ки М.Садриддин ва Б.Тағоев тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ чи гуна миллатро бо ҳам мешӯронду мардумро ба майдонҳо даъват мекунад. Аз ин лиҳоз, аз ҳар як инсони ватандор, муҳоҷиру мусофир даъват ба амал меорем, ки аз тамошо ва ҳамроҳ шудан ба ин афроди ифротгаро дар шабакаи иҷтимоии фейсбук, ютюб ва амсоли инҳо худдорӣ намоянд ва ҳаёти худро зери хатар нагузорад. Ҷавонон бояд шабакаҳои иҷтимоиро фақат ҷиҳатҳои мусбиашро истифода баранд, барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, барои истифодаи китобхонаҳои электронӣ,  ҳамчун шабакаи иттилоотӣ ва ғайраҳо истифода баранд.

          Дар фарҷоми андешаи худ қайд менамоем, ки имрӯз тафаккури миллати боору номуси тоҷик тафаккури созандагӣ буда, бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти созмону ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин афроди тангназарони иғвогар – М.Садриддин  ва Б.Тағоев муборизаи беамон бурда истодаанд ва дар оянда низ ҳоҳанд бурд. Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда  тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз он минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори  давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.

Дар фароварди андешаи навбатиамон,  ба ҳар шаҳрванди кишвар ва шаҳрвандони дар хориҷи мамлакат кору зиндагӣ мекунанд, даъват ба амал меорем, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин гуруҳҳаки тангнзари  иғвогар, ки мехоҳанд бо ҳилаву фириефта намудан, ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд.

 Р.АНВАРӢ ,

устоди ДИС ДДТТ

ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд  оид ба баромади  нотавонбини миллат дар  канали YouTube-”-Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет.) аз 31 декабри соли 2025

 

Мо, кормандони шуъба дар давоми соли 2025  нисбат ба баромадҳои нотавонбинону бадхоҳони миллат,аз ҷумла, яке аз пайрави фаъоли паймони худсохти наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрўзҳо аз имконияти шабакаҳои ичтимоӣ истифода бурда, дар  барномаи  “Зери Заррабин” ва “Номаҳо аз Ислоҳ.нет” тўтивор такрор ба такрор баромадҳо намуда, беасосу бедалел бар зидди кишвари соҳибистиқлоламон, ба миллати куҳанбунёду тозаҷавонамон санги  маломат мезанад.Баробари ин, дар соли сипаригардида бештар тавассути канали YouTube-”-Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет) дар барномаи ифротӣ бо номи  “Минбари муҳоҷир” дар якҷоягии шогирдону думравонаш бо чашми ғараз баромадҳо намуда, бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистон шикоят мекунад. М.Садриддин бо ин васила нафақат аз ҳочагонашон маблағҳои бедардимиён ба даст меоварад, инчунин аз шаҳрвандони кишвар вва берун аз он  дар ҳар барномааш кӯмаки молиявӣ мепурсад. Ин яке аз  табори хиёнатпешагони ифротӣ ба ҳисоб меравад, ки агар рўзе бар муқобили Тоҷикистон ва аз кишвар туҳмату буҳтон наяфканад худро ором намегирад.  Масалан, санаи 31 декабри соли 2025 тариқи канали YouTube-”-Ислоҳ.тv “Ислоҳ. нет” боз М.Садридддин дар барномаи “Минбари мухоҷир” ровигиро ба уҳда дошта, бо ҷалби думравонаш ва як қатор афроди бо номҳои сохтаи гуногун, аз қабили 7+70”, “Як Кулобӣ”, “Шоҳ, “Кофарнихону Қабодиён”  зимни баромад бо мисоли бемантиқу беасосашон доир ба қазияи бархурди мусуаллаҳона дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ва масоили барқ ёдовар шуда, андешаи носолимро баён намуданд.Баробари ин, мардуми сарбаланди кишварро таҳқир намуданд,  ки ба ақли ҳар фарди солим он рост намеояд. Хулоса, гуфтаниҳо зиёданд, барномаҳои дар боло зикршуда характери ифротгароӣ дорад ва як роҳи мардумфиребӣ аст. М.Садриддин барои расидан ба мақсадҳои ғаразнокаш дувравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев, Раҳматулло барин ашхосро  моҳирона истифода мебарад.Ҳарчанд ин тӯдаи ифротгари иғвогар зодаи кишвари мо бошанд ҳам, аммо дар асл муносибати дурушт бо ватан доранд.

Таъкидан ба М.Садриддин ва думравонаш бори дигар хотиррасон менамоем, ки имрӯз дар Тоҷикистон имконият ва захираҳои бузург баҳри таъмини амну субот арзи вуҷуд доранд. Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.

Хулоса, мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсия дар фароварди изҳороти хеш иброз медорем, ки воқеан рўз то рўз аз файзу самараи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ  баҳравар ҳастем, рўзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрўзу ҳамавақт амалҳои номатлуби нафарони хоинони миллатро маҳкум менамоем. Хулоса, нагузорем, ки ин тудаи ифротии иғвогар дар шабакаҳои иҷӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон  сухан гӯянд!  Аз мардуми сарбаланди кишвар, аз ҷумла ба муҳоҷирони меҳнат қарор дошта, даъват ба амал меорем, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин тудаи ифротии иғвогар, ки мехоҳанд бо ҳилаву фириефта намудан, ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд. Воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки зиддӣ терроризиму ифротгароӣ тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд. Хулоса, дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем.

ВАТАНГАДОИ ҲИЛЛАГАРИ ИФРОТӢ

Мо борҳо зимни андешаи хеш нисбати баромадҳои ифротии яке аз роҳгумзадаи иғвогари ватангадо Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш андешаҳои хешро иброз дошта, онро шадидан маҳкум намуда будем. Ин навбат низ сараввал баромади навбатии ватангадои ҳиллагари ифротии иғвогарро маҳкум менамоем.
Бояд қайд кард, ки то ҳол М.Садриддин ва шогирдону думраваш ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, аз оғози соли ҷорӣ, аз ҷумла дар давоми моҳҳои октябр, ноябр ва декабри соли равон, тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”(Ислоҳ.ТV), дар барномаҳои “Номаҳо аз ноҳияхо ба Ислоҳ.нет”, “Зери заррабин” , бахусус дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир“ бо ҷалби думравонаш Муҳаммад Тағоев, Абдулло

                                                              

ва як қатор афрод бо номҳои сохта,аз қабили “Ватан 665”, “7+70” ,”Муҳоҷир” ”Ватсабт баромади ифротӣ менамоянд.
Зимни ҳар баромадаш М.Садриддин гоҳе худро “уламои дин” ва гоҳе “сиёсатмадору сиёсатшинос”, “ҳақиқатҷуву адолатпарвар” шуморида, камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода, мардуми кишварро ба қиём даъват менамояд. Тудаи ватангадои ҳиллагари ифротии иғвогар бо нафрати беасос ва ғаразпешаашон ба ҷомеа ва мамлакати мо дар бораи масъалаҳои давлатдорӣ, нисбати фаъолияти роҳбарияти олии кишвар сухан ронда, тухми кинаву адоват мекоранд.
Ҳар фарди солимақл аз баромадҳои М.Садриддин ва думравонаш бе ягон душворӣ пай мебарад, ки ин ватандадоёни ҳиллагари ифротӣ ба назари кас афроде намудор мешавад, ки дили торику пур аз кина дораду тафаккураш олуда ва бар хилофи адолат гап мезанад. Ягона роҳ барои фаъолияти ин тудаи иғвогар дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки онҳо аз ин имконият истифода бурда, фақат кору амалашон туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Андешаҳои носолими М.Садриддин ва думравонаш аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин тоифа наметавонанд ҳарфе бидуни ғараз гӯянд ва ақлу тамиз надорад, ки боре аз дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳарф занад.
Хулоса, мақсади ватангадои ҳиллагари фирорӣ, ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар аст. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ё ҳар як ҷавони солимфикр доири ин масоил хулосабарорӣ намояд ва бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали содиршударо холисона баркашад.
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон барем! Ба наврасону ҷавонони даврони соҳибистиқлол фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои ватангадои ҳиллагари ифротӣ дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад. Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст.

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия
ва қарзи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– РОҲНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

Дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Паёми Президенти кишвар ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ буда, самтҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмии давлатро муайян менамояд.

Таҳлили муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит менамояд, ки дар маркази таваҷҷуҳи он масъалаҳои соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илму маориф ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро фаро гирифта, бурдборию камбудиҳои онҳоро возеҳ намуда, дурнамои фардои миллатро муайян намуд.

Зимни ироаи Паёми навбатии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуданд, ки соли 2025 барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла барои кишвари мо низ соли вазнин буд, вале бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шуданд. Новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Дар Паёми соли 2025 рушди устувори иқтисодӣ ҳамчун ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ муаррифӣ гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бояд бо беҳбуди сифати зиндагии аҳолӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ҳамоҳанг бошад.Чунин равиш ба консепсияи рушди устувор мувофиқат намуда, имконият медиҳад, ки рушди иқтисодӣ на кӯтоҳмуддат, балки дарозмуддат ва мутавозин таъмин гардад.
Яке аз масъалаҳои меҳварии Паём рушди босуръати маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) мебошад. Дар ин замина, тағйир додани сохтори ММД ба нафъи соҳаҳои истеҳсолӣ, пеш аз ҳама саноат ва энергетика ҳамчун омили калидии рушди воқеии иқтисод арзёбӣ мегардад. Афзоиши саҳми саноат дар ММД имконият медиҳад, ки вобастагии иқтисод аз омилҳои беруна коҳиш ёфта, арзиши иловашуда дар дохили кишвар ташаккул ёбад.

Дар Паёми Пешвои миллат масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба сифати яке аз шартҳои муҳими рушди иқтисодӣ баррасӣ шудааст. Таъкид мегардад, ки бе сармоягузории самаранок татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва инфрасохтор ғайриимкон мебошад. Сиёсати сармоягузорӣ бояд ба беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ ва рушди механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ равона карда шавад. Ҳамзамон, рушди сармоягузории дохилӣ ҳамчун унсури муҳими устувории иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2025-ум 7,6 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 3,4 маротиба афзуд. Инчунин, дар Паёми навбатӣ оид ба наќши низоми бонкї дар рушди иќтисодиёти кишвар сухан карда шуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки пешниҳоди қарз аз ҷониби низоми бонкии кишвар дар соли 2025 –ум 38% ба соҳибкорон ташкил карданд, ки ин кофӣ нест, инчунин пешниҳод гардид, ки барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад. Баробари ин, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шаванд. Инчунин бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавию меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба онҳо на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда шаванд.

Зимни суханронӣ Сарвари мамлакат қайд карданд, ки соли 2026 барои мардуми кишвар соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст.

Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни миллӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. Изҳори бовар карда шуд, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад. Иншоотҳои бузурге, ки бунёд шудаанду идома ёфта истодааст чун меваи истиқлол, нишондиҳандаҳои иқтисодиест, ки оид ба ватандорӣ, тавоноӣ ва нерӯи созандагии ҳалқи эҷодофарину давлати навини тоҷикон шаҳодат медиҳад. Иқтисодиёти миллӣ, низоми муҳосиботи миллӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ – иҷтимоии марбут ба он заҳматҳову меҳнати манфиатноки аъзоёни ҷомеъамонро дар бунёди бойгарии миллӣ таҷассум намуда, мазмуни воқеъии худро ёфтааст.

Воқеан, Паём навбатии Сарвари кишвар аҳамияти боз ҳам вусъат додани корҳои созандагӣ ва амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҷашниро то рӯзи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид менамояд. Ин раванд на танҳо рамзи ифтихори миллӣ, балки ҷузъи муҳими ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ва давлатсозӣ маҳсуб мешавад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ва ҳар як оила вазифадоранд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоӣ хонаву кошона, кӯчаву маҳалли зисти худро таъмир ва озода намуда, саҳми фаъол дар рушди муҳити зисти худ гузоранд. Дар ин радиф, Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватан корҳои созандаву бунёдкорона саъю талош намуда, вориси арзандаи фарҳангу тамаддуни бостонии миллати тоҷик бошад. Сарвари кишвар дар робита ба таҷлили ҷашни бузурги таърихӣ соли 2026 –ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон карданд. Бояд қайд кард, ки Паёми Пешвои муаззами барномаест, ки бояд ҳар шаҳрванд онро омӯзаду аз рӯи он амал кунад ва боварӣ дорем, ки агар дар амал дуруст татбиқ карда шавад, шахсро ба ҳадаф мерасонад. Хулоса, мазмун ва муҳтавои Паём гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон роҳи рушди устувори иқтисодиёти кишвар, таҳкими давлатдорӣ ва беҳбудии зиндагии мардумро устуворона идома медиҳад.

МӮМИНОВА Н. Р.,
мудири кафедраи менеҷмент ва
маркетинги ДИС ДДТТ ш.Хуҷанд

ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инновастияи ДИС ДДТТ нисбат ба баромади иғвогаронаи М.Садриддин дар канали YouTube- ”Ислоҳ.тv” (аз 28 декабри 2025)

Мо, кормандони шуъба, борҳо зимни изҳоротҳои хеш нисбат ба иғвогари ватангадои фирорӣ – Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар канали You Tube – “Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет.) баромадҳои ифротӣ менамояд, андешаҳоямонро иброз намуда, онро шадидан маҳкум намуд будем.
Ин иғвогари дурўя имрӯз дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дораду ором надоранд. То ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, дар давоми соли равон бо ҷалби думравонаш дар барномаҳои ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”, “Зери Заррабин”ва “Номаҳо аз Ислоҳ.нет” баромад намуда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Ҳамин тавр бефаҳмиву бефаросотии худро ба мутолиакунандагони худ, яъне мо зиёиёни кишвар нишон дода, исбот мекунанд. ки онҳо ноқисулақаланд. Масалан, санаи 28 декабри соли равон дар барномаи ифротии дар боло зикршуда М.Садриддин бо ҷалби пайравонаш, аз ҷумла, бо номи Абдуллову Идрис, Алӣ ва як қаторо номҳои сохта, аз қабили “Ватан 665”

                                                                    

баромади ифротӣ намуданд. Ҳар як бинанда аз баромадҳои қаблӣ ва навбатии М.Садриддин ва думравони зикркардашуда бе ягон душворӣ дарк мекунад, ки ин афроди роҳгумзада ба ҷуз наҳсию касофат, ғайбату туҳмат ва бадбахтию хушунат дигар коре аз дасташон намеояд.Худнамоиши навбатии нохалафони миллат ин паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар аст. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ин навбат вобаста ба сафари Сарвари кишвар дар Санкт-Петербу́рг, қазияи барқ ва аз зиндонҳо озод намудани пайравонашон, баромадҳои беасосу носолим намуданд.
Хулоса, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки мардуми кишвар аллакай аз њилаю найранги М. Садриддин ва думравонаш хабардоранд ва ба суханпардозию сафсатабозии иғвогаронаашон эътибори љиддие намедињанд. Воқеан, сулҳи деринтизори мо бисёр қавӣ аст, ягон қувва онро халалдор карда наметавонад. Мо, ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварро ҷонибдорӣ менамоем ва Тоҷикистонро якҷоя баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ватанамонро боз ҳам зеботар хоњем намуд. Тоҷикистон, ба пеш!

ГУРУҲАКИ ИФРОТГАРИ БАДХОҲ

 

Вақтҳои охир яке аз думрави наҳзат, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин имруз паноҳанда дар яке аз кишварҳои аврупоӣ мебошад ва аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои интернет васеъ истифода бурда, тавассути сомонаи “Ислоҳ. нет “, дар барномаи “Минбари муҳоҷир ” ба лаҳни тунд бо шогирду пайравонаш баромад намуда, найрангбозиҳову дассисаҳо ва маълумотҳои бардуруғро паҳн намуда, бо ин васила, мехоҳад вазъи кишвари моро ноором созад. Дар аксар барномаи зикршуда маводе ба мушоҳида мерасад, ки баромадкунандагон, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев

ва як қатор афрод бо номҳои сохтаю пинҳонии “Ватан 665”,”7+70” ,”Ватсабт”ва ғайра аз он нафароне маҳсуб меёбанд, ки барои пешрафти кишвари азизи моро нодида мегиранд. Ҳар кас, бе ягон мушкилӣ, аз дидани барномаи ифротӣ-“Минбари муҳоҷир” эҳсос мекунад, ки М.Садриддин ва думравонаш заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифта, ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашро таблиғ карда, бегонапарастӣ мекунад. Хулоса, аз рафтору гуфтори ин гуруҳаки ифротгари бадхоҳ ҳама безоранд, ба ғайр аз хоҷагонашон. Ин гуруҳаки ифротиро ҳар як раҳгузари аврупоӣ аз беақлон медонанд. Ва мо низ чунин мешуморем. мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои тудаи ифротӣ бовар намекунанд ва муқобилашон мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифротгароёнаашон амалӣ нагардад ва онҳо заррае ҳам ба Тоҷикистони биҳиштосо таъсир расонанд.
Дар интиҳои масъалаи матраҳгардида, қайд менамоем, ки имрӯз бадхоҳони миллат дар кишварҳои Аврупо қарор доранду аз рушди босуръати Тоҷикистон бехабаранд. Такрор ба такрор гуфтанием, ки бадхоҳони миллат ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад! Зеро таърихи давлатдории навини тољикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, кӯшиш менамоянд, ки кишвари ободгаштаистодаи худро боз ҳам ободтар намуда, баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду љаҳд карда, саҳми худро мегузоранд. Умед дорем, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи кишвари соҳибитиқлоламонро тира намегардонад!

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОР ВА РАҚОБАТПАЗИРИ ИҚТИСОДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими стратегӣ буда, самтҳои калидии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир муайян менамояд. Дар Паём навбатӣ масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, рушди иқтисоди рақамӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлоли энергетикӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ бо таҳлили амиқ ва рақамҳои мушаххас асоснок карда шудаанд.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми имсолаи хеш дар атрофии масоили иқтисодӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки тайи даҳ соли охир иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати миёнаи 7,6 фоиз дар як сол рушд намудааст. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ин давра 3,4 баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 173 миллиард сомонӣ расидааст. ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонӣ дар соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, ки 2,7 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки сиёсати иқтисодии давлат ба баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст. Ҳамзамон, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 19 фоиз коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонӣ (2015) то 165 миллиард сомонӣ (2025) афзоиш ёфт, яъне беш аз 6 баробар зиёд гардид. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки рушди иқтисодӣ хусусияти фарогир дошта, ба беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбат расонидааст.

Дар Паёми Пешвои миллат саноатикунонии босуръат ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муайян гардидааст. Танҳо дар ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ сохта шуда, беш аз 87 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати рушди соҳа 22 фоизро ташкил додааст.

Соҳаи маъдан дар ин давра рушди назаррасро нишон додааст, ки ҳаҷми истеҳсолот аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расидааст, яъне 3,4 баробар афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаҳо аҳамияти коркарди ашёи хоми ватанӣ ва рушди саноати коркардро ҳамчун омили ивазкунандаи воридот ва афзоишдиҳандаи содирот тасдиқ менамоянд.

Яке аз самтҳои калидии Паём, рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад. Ҷорӣ намудани низомҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ ва молия самаранокии баланди худро нишон дод. Мисол, пас аз ҷорӣ гардидани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика, сатҳи пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ба 100 фоиз расидааст, ки талафоти неруи барқ танҳо дар шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2025 то 13 фоиз коҳиш додашуда, нисбат ба соли гузашта 7 банди фоизӣ кам гардидааст. Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки рақамикунонӣ воситаи муассири коҳиши омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани шаффофият дар соҳаҳои фаъолият мебошад.

Бо вуҷуди таъсири тағйирёбии иқлим, рушди соҳаи кишоварзӣ дар соли 2025 ба 8,5 фоиз расидааст. Сатҳи таъмини амнияти озуқаворӣ аз 60 фоиз дар соли 2015 ба 85 фоиз дар соли 2025 баланд гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз самаранокии сиёсати давлатии дастгирии кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии шаҳодат медиҳанд.
Дар ин баробар тули даҳ соли охир ба соҳаи энергетика зиёда аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шуда, иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17,2 миллиард кВт/соат (2015) ба 24,2 миллиард кВт/соат (2025) расонида шудааст, яъне 40 фоиз зиёд гардидааст.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки идома додани сохтмони НБО «Роғун» ва рушди энергетикаи офтобӣ заминаи истиқлоли энергетикӣ ва рушди минбаъдаи саноатро фароҳам меорад. Дар иртибот ба ин, Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки бо марҳила ба марҳила ба кор даровардани агрегатҳои НБО «Роғун», Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти дохилии худро бо неруи барқ пурра таъмин мекунад, балки имконияти содироти неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя низ фароҳам меояд. Ин раванд барои баланд бардоштани иқтидори иқтисодии давлат ва мустаҳкам намудани мавқеи он дар минтақа аҳамияти калон дорад. Хулоса, татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда имкон медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди сифатӣ гузашта, ба иқтисоди рақобатпазир ва содиротгаро табдил ёбад.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи мукаммали таҳлилӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ заминаҳои мусоиди таҳқиқотӣ фароҳам меоварад. Умуман, Паёмҳои Президенти Тоҷикистон мазмунан моҳияти илмӣ дошта, маҳз барои муҳаққиқони соҳаҳои гуногун, ки дар самтҳои муайян корҳои таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд, сарчашмаҳои боэътимод маҳсуб меёбанд. Бардошти мо аз ин Паём чунин аст, ки танҳо бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёна метавон дар таҳкими иқтисодиёти кишвар, тинҷиву оромии ҷомеа, баланд бардоштани некӯаҳволии халқ аҳамияти муҳим дошта, барои расидан ба ҳадафҳои олӣ саҳми арзишманд гузошт.

АЛИЕВ А.Р., мудири кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил

ва аудити ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

РАҲНАМО БАҲРИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА

“Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нави замони Истиқлол, санади сарнавиштсоз, роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди усувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегарданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Пешвои миллат ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии онро муҳим арзёбӣ намуда, ҳамзамон қайд карданд, ки бинобар афзоиши аҳамияти дипломатияи иқтисодӣ дар заминаи таҳаввулоти босуръати замони муосир истифодаи муассир ва самараноки василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Пешвои миллат дар атрофии масоили иқтисодӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Ҳамчунин дар ин самт Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ тақвият бахшида шавад.

Мусаллам аст, ки омили асосии пешрафти ҷомеа дар ҳама давру замон маориф аст. Дар ин замина дар Паём мутобиқ бо талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтарин амалӣ шудани барномаи рушди кишвар, аз ҷумла соҳаи мориф низ муайян шудааст. Дар робита ба ин, дар Паём оид ба масъалаи мактабу маориф ва илм андешаҳои ҷолиб баён карданд, ки он ба мо, рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Президенти кишвар барҳақ таъкид намуданд, ки: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад”.

Пешвои миллат зикр карданд, ки ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин замина аз моҳи сентябри соли 2026 маоши кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва мураббиён 25 фоиз боло бурда мешавад, ки ин ҳама натиҷаи ғамхорӣ ва дастгирии маорифчиён аз тарафи Пешвои миллат маҳсуб мешавад.

Бо баробари масоили дар боло зикргардида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш, инчунин доир ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз қабили нақши босазои ҷавонон дар пешрафти шукуфоии Ватан, гиромидошти таъриху фарҳанги миллӣ, волоияти қонун, муносибатҳои байналмилалӣ, созандагию ободкориҳо сухан ронда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони маҳбубро ба хотири таҳкими сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баҳри таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, баҳри гул-гулшукуфии Ватан ва меҳнати садоқатмандонаю созанда даъват намуданд.

Вобаста ба ин Сарвари муаззами далатамон барҳақ таъкид мекунанд: «Дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад. Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем».

 

Муовини директор оид
ба таълими
ДИС ДДТТ
дар шаҳри Хуҷанд

дотсент Ҷалолов Н.М.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҚУТБНАМОИ ҶОМЕА

Имсол низ дар толори Парлумони Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар он Сарвари давлат оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун фикру андешаи худро баён намуда, барои пешрафти иқтисодиёти кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки баҳри аҳли ҷамоатчигӣ давоми солди 2026 қутбнамое хоҳад буд.
Сарвари давлат дар бориа рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон фикру андешаи худро баён намуда таъкид карданд, ки он тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи буду имрӯз ҳалли худро ёфт. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд. Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳақиқат кишвари сулҳпарвару сулҳхоҳ аст, ки маҳз чунин шартномаҳо барои пешрафти кишвари азизамон мусоидат менамояд. Маҳз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурими Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки кишвари мо чунин рузҳои нек расид. Сулҳу дӯстӣ имрӯз Тоҷикистонро ба ободкориву созандагӣ ҳидоят намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бузурги ободкорӣ- бунёди корхонаҳои азим, биноҳои наву замонавӣ, роҳҳои гуногуни ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ин рӯ, боз ҳам барои ободию осоиштагии кишварамон соли 2026 – ро Президенти кишвар “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карданд. Ҷиҳати амали намудани ибтикору ташаббусии навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиро дар ин самт боз ҳам вусъат бахшида, ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави ҷумҳуриро фаро гирад. Ҳар фарди ҷомеа бояд барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азиз кори неке анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба анҷоми корҳои бузург қодиранд, Ватани хешро сидқан дӯст медоранд ва барои ҳимояи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодии худ ҳамеша омодаанд.

Р.АРАБОВА,
устоди ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд