ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд вобаста ба баромади иғвоангезонаи М. Садриддин дар пойгоҳи ифротии “Ислоҳ.нет” (аз 03 майи соли 2026)

Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол, зимни изҳороти хеш борҳо вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки пойгоҳеро бо номи “Ислоҳ” таъсис дода, мунтазам тавассути канали YouTube дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳои иғвоангезона менамояд, бо далелҳои раднашаванда амалҳои муғризонаи ӯро шадидан маҳкум намуда будем.
Бояд қайд кард, ки ин навбат М. Садриддин 3 майи соли равон дар барномаи ифротии зикршуда баромад намуда, боз фитнаангезиву дасисабозии иғвоангезонаро пешаи худ намуд. Ифротгари иғвоангез бо ҷалби думравонаш, аз ҷумла Абдулло, Муҳаммад Тағоев ва як қатор номҳои сохтаи ғайриодӣ, аз қабили “7+70”, “Регарӣ”, “Кофарниҳон”, “Ватан 665” ва “Ватсап”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” оид ба масоили гуногун, аз ҷумла борони пуршиддат — офати табиӣ дар шаҳри Душанбе, оид ба зиндониёни сиёсӣ, даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ ва нисбат ба фаъолияти Президенти Русия суханҳои кабеҳи ифротӣ баён намуданд, ки ба ягон қолаби инсонӣ рост намеояд.
Зимни баромад ва намоиши видеоӣ ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷароро аз як ҳодисаи тасодуфӣ гирифта, “аз пашша фил месозанд”. Умуман, вобаста ба обу ҳаво масъалаҳоро тағйир дода, мехоҳанд онҳоро ба манфиати худ ҳал намоянд.

Баробари ин, М. Садриддин аз бинандагони барнома барои пардохти музди меҳнати кормандони пойгоҳи “Ислоҳ.нет” кумак пурсид. Бо ибораи дигар, М. Садриддин талбандагӣ карда, гӯё маоши кормандон моҳи апрел пардохт нашудааст ва бо ин роҳ мехоҳад маблағҳои бедардимиёнро ба даст оварад.
Илова бар ин, бадхоҳони миллат бе асоси воқеӣ ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро ба иғвою мубориза даъват менамоянд. Мо, ҷавонон, аз баромадҳои ифротии М. Садриддин ва думравонаш ба хулосае омадем, ки пушти ин ҳама амалҳо кӣ меистад ва ин тоифаи камхираду ифроткор чӣ ҳадаферо дунболагирӣ менамоянд.
Аз ин лиҳоз, ҷавонони боору номуси кишвар, биёед яктаниву якдилӣ нишон дода, давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем ва бар зидди ин бадхоҳон муборизаи беамон барем.
Хулоса, мақсад аз ин изҳорот он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама муттаҳид бошем.

ЧЕҲРАИ МАНФУРИ ДАСИСАБОЗОНИ ИФРОТӢ АЁН АСТ!

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки яке аз пайравони фаъоли наҳзат — Муҳаммадиқболи Садриддин пойгоҳи таҳлилӣ, сиёсӣ ва диниро бо номи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон — Ислоҳ.нет” таъсис дода, бештар тавассути канали YouTube — “Ислоҳ TV” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳои ифротӣ менамояд.
Зимни баромадҳои ифротии худ М. Садриддин бо ҷалби шогирдону думравонаш дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” идеологияи бегонапарастӣ ва тафриқаандозиро пеша кардааст ва ҳамзамон аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон озурдахотир гардида, бо амали ноҷавонмардонаи худ камбудиҳои ночизи онро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳад.
Аз ҷумла, барои бадном кардани кормандони вазорату идораҳои давлатӣ маводи иттилоотии бедалелу бемантиқро дар сомонаи ифротии худ ҷой дода, бо ин васила худро “дилсӯзи миллат” нишон дода, миллати тоҷик ва хусусан ҷавононро ба ҷангҳои иттилоотии бемаънӣ даъват намудан мехоҳад.
Вобаста ба масъалаи матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, қайд кардан лозим аст, ки имрӯз ифротгароии иттилоотӣ ба амнияти миллии кишвари мо таъсири манфӣ расониданаш аз назар дур нест. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода намоянд.
Баробари ин, бояд қайд кард, ки таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори наҳзативу навнаҳзатиҳо ва хоҷагони онҳо дуруст андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки М. Садриддин ва думравонаш нисбати кишвари соҳибистиқлоламон суханони қабеҳ гӯянд.
Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо мебошад. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила чеҳраи манфури дасисабозонро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем ва бо ҳамин тарз қарзи худро дар назди Ватан адо намоем!

Р. АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ

ИЗҲОРОТИ ҷавонони ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд вобаста ба баромади иғвоангезонаи М. Садриддин дар канали YouTube — “Ислоҳ TV” (аз 26.04.2026 с.)

Мо, ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, қаблан зимни изҳоротҳои хеш нисбат ба пайрави фаъоли наҳзат — Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар яке аз кишварҳои Аврупо пойгоҳи таҳлилӣ, сиёсӣ ва диниро бо номи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон” (“Ислоҳ.нет”) ва “Номаҳо аз Ислоҳ.нет” таъсис дода, тавассути канали YouTube — “Ислоҳ TV” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳои ифротӣ менамояд, андешаҳои хешро иброз дошта будем.
Вобаста ба баромади навбатии ин гумроҳшудаи ифротӣ, ки 26 апрели соли равон дар барномаи зикршуда таҳти унвони “Фирори миллат: чаро тоҷикон Ватанро тарк мекунанд” боз бо ҷалби думраваш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев ва як қатор афрод, аз ҷумла шахсе бо номи Фирдавс, ки гӯё алҳол дар Исроил иқомат дорад, инчунин бо истифода аз лақабҳои сохта, аз қабили “7+70” ва “Ватан 665”, бо чашми ғараз баромад намуда, аз рушду пешрафти Тоҷикистон назди аҳли башар шикоят карданд.
Илова бар ин, вобаста ба масоили сиёсати муҳоҷират ва фаъолияти роҳбарияти олии кишвар андешаҳои носолими худро баён намуда, мисли баромадҳои қаблиашон боз ғайбату тӯҳматро пеша карданд.
Зимни баромадаш М. Садриддин қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва бахусус одоби мунозираро риоя накарда, худро дар баҳс ғолиб нишон дод, ки ин гуна усулҳо имрӯз куҳна шудаанд. Иловатан, дар ҷараёни баромадаш барои пардохти музди меҳнати кормандони “Ислоҳ.нет” талбандагӣ карда, изҳор намуд, ки гӯё музди меҳнати моҳи апрели думравонаш пардохт нашудааст.
Ҳар фарди солимақл бе мушкилӣ дарк мекунад, ки бадхоҳони ифротӣ бе ягон асоси воқеӣ ҳар гуна ҳиллаҳоро бофта, худро “мусичаи бегуноҳ” нишон дода, мардумро ба иғвою мубориза даъват менамоянд.
Бинобар ин, ҷавонони боору номуси кишвар, биёед яктану якҷон бошем ва давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем, бар зидди ин тӯдаи роҳгумзадаи ифротӣ муборизаи беамон барем.
Таърих гувоҳ аст, ки имрӯз дар Ватани азизамон — Тоҷикистон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамоянд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст медоранд ва ҳифз мекунанд, ки бо меҳнати ҳалол луқмае пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.

СОТРУДНИЧЕСТВО ГОСУДАРСТВ ЦЕНТРАЛЬНОЙ АЗИИ В РЕШЕНИИ ВОПРОСОВ ЭКОЛОГИИ И КЛИМАТ

 (В рамках участия Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона на Региональном экологическом саммите на тему «Общее видение устойчивого будущего» 22 апреля 2026 года, Астана, Республика Казахстан)

Современные экологические проблемы, такие как, таяние ледников, дефицит водных ресурсов, лесные пожары, ухудшение качества воздуха и другие проблемы наносят значительный ущерб экономике и экосистемам стран мира и становятся серьёзными вызовами для всего мира. Все они, создают серьезные риски для устойчивого развития и угрозой продовольственной безопасности. В связи с этим, решения экологических вопросов, требует от всех государств согласованных действий.

Центральная Азия как неотъемлемая часть мирового сообщества, также сталкиваются с общими экологическими вызовами и угрозами. Регион страдает от экстремальных погодных явлений – тают ледники, растет дефицит воды, загрязняется воздух, идет опустынивание и другие проблемы.

С учетом этого, страны «пятерки» в последние годы укрепляют единства и сплоченность, расширяют всестороннее сотрудничество в решении климатических вопросов во взаимодействии с другими государствами и международными структурами. Об этом свидетельствует, проведенные в последние годы диалоговые площадки в формате Консультативных встреч и «Центральная Азия плюс» (C5+1).

В результате тесного сотрудничества, государствам Центральной Азии удалось поднять вопросы охраны окружающей среды на уровень ключевых приоритетов регионального взаимодействия. Примерами такого партнёрства являются Региональная программа «Зелёная повестка для Центральной Азии», Региональная стратегия адаптации к изменению климата и Региональная программа по охране окружающей среды для устойчивого развития. Кроме того, ведется эффективная работа по практической реализации общих целей и задач климатической повестки.

Республика Таджикистан, 93 процента территории которой составляют горы, продолжает оставаться уязвимой перед стихийными бедствиями, связанными с водой и климатом. Таджикистан, обладающий крупнейшими ледниками в Центральной Азии, сегодня непосредственно сталкивается с проблемами таяние ледников. В настоящий момент из 14 тысячи ледников Таджикистана, 1300 полностью растаяли и исчезли, а процесс ускоренного таяния ледников всё ещё продолжается. Утрата ледников угрожает не только природному наследию, но и жизни миллионов людей в Центральной Азии.

Ледники Таджикистана являются не только основным источником водоснабжения рек Центральной Азии, но они также играют ключевую роль в поддержании климатической стабильности региона, имея при этом важное значение и для глобального климата.

22 апреля текущего года, Президент Республики Таджикистан, уважаемый Эмомали Рахмон в городе Астане Республики Казахстан принял участие и выступил на Региональном экологическом саммите на тему «Общее видение устойчивого будущего». В своем выступление Глава государства отметил, что процесс интенсивного таяния ледников имеет тенденцию усиления по всему миру, что приводит к нарушению водного баланса, возникновению угроз для окружающей среды и увеличению риска стихийных бедствий, связанных с водой. Президент нашей страны также отметил, что «Тревожная тенденция роста в странах региона частоты и продолжительность проявлений пыльной бури, отрицательно влияют на здоровье населения и окружающую среду»

Действительно, Республика Таджикистан уделяет серьезное внимание проблемам воды и климата в регионе и мире. Наша страна является одним из учредителей Международного фонда спасения Арала и направляет все свои усилия на решение этой региональной проблемы. Кроме того, ряд инициатив Президента Таджикистана уважаемого Эмомали Рахмона по вопросам, связанные с водой и климата были поддержаны резолюциями ООН.

В частности, 2003 год был объявлен «Международным годом чистой воды», Международным десятилетием действий «Вода для жизни», 2005-2015 годы, «Международным годом водного сотрудничества, 2013 год» и Международное десятилетие действия «Вода для устойчивого развития», 2018-2028 годы. Также, в 2022 году по инициативе Республики Таджикистан была принята Резолюция ООН об объявлении 2025 года «Международным годом защиты ледников». В 2025 году в городе Душанбе в сотрудничестве с ООН, состоялась Международная конференция по сохранению ледников. Также, реализуется резолюции ООН об объявлении 2018-2028 годов Десятилетием «Воды для устойчивого развития» и 2025-2034 годов «Десятилетием действий по криосферным наукам», принятой по инициативе Таджикистана. Наряду с этим, под эгидой Всемирной метеорологической организации в городе Душанбе создан Региональный центр по изучению и мониторингу ледников и криосферы Центральной Азии.

Важным вопросам также является расширения использования возобновляемых источников энергии, а также повышения энергоэффективности и формирования низко-углеродной экономики в Центральной Азии. Развитие гидроэнергетики и других чистых источников энергии для Таджикистана является стратегическим приоритетом.

По мнению Президента Таджикистана уважаемого Эмомали Рахмона, в нынешних условиях особую значимость приобретает мобилизация экологических инвестиций и внедрение рыночных механизмов поддержки «зелёного» роста. Правительство Таджикистана осуществляет выпуск «зелёных» облигаций. Это является важным шагом на пути интеграции страны в глобальную систему устойчивого климатического финансирования.

Следует отметить, что Республика Таджикистан сегодня имеет богатый гидроэнергетический потенциал в мире и регионе. На территории страны насчитывается 13 ледников и около 1000 рек, которые являются источником формирования более 60 процентов водных ресурсов Центральной Азии. Запасы гидроэнергетических ресурсов в Таджикистане оцениваются в 527 млрд. кВт.ч. в год. В техническом плане гидроэнергетические ресурсы Таджикистана имеют хорошие перспективы для развития и состоят из 317 млрд. кВт.ч в год из которых до настоящего времени использованы только 4-5%.

Вместе с тем, по своему гидроэнергопотенциалу Таджикистан занимает восьмое место в мире после Китая, России, США, Бразилии, Заира, Индии и Канады. Основу энергетики Таджикистана, на 95 и более процентов составляет гидроэнергетика. Гидроэнергопотенциал Таджикистана в три раза выше чем текущее потребление электроэнергии по всей Центральной Азии. При эффективном использовании этих ресурсов, регион может быть обеспечен недорогой и экологически чистой энергией. Основной гидроэнергетический потенциал сосредоточен в бассейнах рек Вахш, Пяндж, Аму-Дарья, Сыр-Дарья и Зеравшан.

Охрана и рациональное использование биологических ресурсов является важнейшим шагом в решении вопросов окружающей среды и, исходя из этого, в Таджикистане принята Программа по озеленению страны на период до 2040 года. Вместе с тем, Таджикистан активно реализует различные государственные программы и проекты по сохранению уникальных и редких видов горной фауны. Эффективная реализация программ по охране снежного барса и восстановлению поголовья винторогого козла и архара (горного барана Марко Поло) относится к числу ощутимых мер Правительства Республики Таджикистан.

В рамках своего выступления в Региональном экологическом саммите на тему «Общее видение устойчивого будущего», Президент Таджикистана уважаемый Эмомали Рахмон пригласил участников на четвёртую Международную конференцию высокого уровня по реализации целей Международного Десятилетия действий «Вода для устойчивого развития», которая пройдёт в Душанбе в конце мая текущего года.

В завершение, участниками Саммита была принята Совместная декларация под названием «Экологическая солидарность Центральной Азии» и утверждена Региональная программа действий на 2026–2030 годы,  которая будет осуществляться в тесном партнёрстве со структурами ООН, а также другие значимые соглашения.

Таким образом, в условиях сложной геополитической ситуации и глобального изменения климата, Центральная Азия превратилась в пространство дружбы, взаимодействия и партнерства. Открытый, доверительный и конструктивный диалог лидеров стран региона открыл путь к устойчивому, экономическому развитому и процветающему региону. Благодаря совместным усилиям страны региона смогли найти эффективные решения по целому ряду актуальных проблем, а также предложить мировому сообществу десятки инициатив, направленных на поддержание мира и обеспечение устойчивого развития. Только сплотившись, и опираясь на общую солидарность, страны региона, смогут найти в решении вопросах экологии и климата, а также другие проблем, возникающих в регионе.

Республика Таджикистан принимает все необходимые меры, по решению вопросов экологии и климата. Сегодня, инициативы Таджикистана получили международное признание в качестве международных платформ «Душанбинского водного процесса» и «Душанбинского процесса по защите ледников», что еще больше укрепило репутацию и авторитета не только нашей страны, но и всего региона Центральной Азии. Наша страна и впредь будет развивать, и расширять сотрудничество в области воды и климата со всеми международными организациями и государствами в целях обеспечения целей устойчивого развития в регионе и мире.

Хошимов Фируз Джаббарович,

старший преподаватель кафедры общественных дисциплин

Института экономики и торговли, Таджикского государственного

университета коммерции в г. Худжанде

ФАЗОИ ИНТЕРНЕТ МАЙДОНИ МУҒРИЗОН НЕСТ!

Мусаллам аст,ки имрӯз тараққиёти техникаву технологияи нав рӯз то рӯз бештар ба чашм мерасад ва шабакаҳои Интернет як воситаи ниҳоят муҳими ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷаҳони муосир мубориза байни марказҳои гуногун, ки асосан хусусияти иттилоотӣ доранд, маҳз тавассути Интернет бештару бештар амалӣ мешаванд. Интернет дастрасии осону соддаро ба шабакаҳои иҷтимоӣ таъмин намуда, дар он сензура ва назорат аз болои истифодабарандагон вуҷуд надорад ва аксарият рӯзномаву маҷалаҳо ва шабакаҳои итилоотӣ Интернетро ҳамчун манбаи муҳими гирифтан ва паҳн кардани итилоот истифода менамоянд. Интернетро минбари озод мегӯянд, ки воқеан, он озод аст. Аммо, бо мурури замон муносибат ба шабакаҳои Интернет тағйир ёфта, инсон, алалхусус ҷавонон онро ба таври дигар истифода мебаранд. Хуллас, бештари мардум онро на баҳри сайқал додани ҷаҳонбинию донишашон, балки барои танқид кардани ҳамдигару суханҳои беасосро дар байни ҷомеа паҳн кардан истифода мебаранд ва ниҳоят Интернет  минбари дашному ҳақорат ва нафрат табдил ёфта, яке аз сабаби пайдо шудани низоъҳои дохилӣ ва беруна мегарданд.

Баробари ин, гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ ба воситаи шабакаи Интернет мақсадҳою вазифаҳои гуногуни худро ҳаллу фасл менамоянд. Муҳақиқон қайд менамоянд, ки Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ имконияти зиёд шудани миқдори амалҳои террористиро афзоиш медиҳанд. Инчунин шабакаи Интернет мутамарказияти гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ террористиро мустаҳкам карда, зудҳаракатии гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ фаъол мегардонад. Гуфтан мумкин аст, ки ифротгарои динӣ – ифротӣ ва террористӣ афзалияту имконияти Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро эҳсос кардаанд ва онро ба фоидаи мақсадҳои ғаразноку ғайриқонуниашон самаранок истифода мебаранд. Оқибат он имруз  яке аз манбаи паҳншавии фаҳшу таҷовуз, ақидаҳои ифротию террористӣ гаштааст. Интернет воситаи муҳими алоқаи байни гуруҳои террористӣ буда, дар фаъолияти ҳаррӯза ва дар тайёрии амалҳои террористӣ аз Интернет фаъолона истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, мубориза бо торномаҳои экстремистӣ яке аз самтҳои муҳими пешгири ва мубориза бо паҳншавии экстремизму терроризм мебошад.Хуллас, фазои интернет  майдони муғризон нест!

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо ва ҳамзамон бо мақсади решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб зарурият пеш омадааст, ки ҳамаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанӣ дар самти омӯзиши сабабҳои ҷалби ҷавонон ба сафи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ, таҳқиқи методҳои нави муқовимат ба идеологияи ифротгароии динӣ, мониторинги фазо ва авзоъи сиёсӣ, пешниҳоди роҳу усулҳои илман асоснок фаъолияти густурдаро ба роҳ мондан тақозои замон аст. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки тамоми кӯшишу ғайрат ва инчунин ҷидду ҷаҳди асосии ҷомеаи башарӣ ва давлат, хусусан ниҳодҳои илмӣ ва доираҳои коршиносон бояд ба эҷоди тарзҳои нав ва ҳамзамон самарабахши пешгирӣ аз хатарҳои терроризм ва ифротгароии динӣ, муқовимат бар алайҳи он нигаронида шуда бошад.

К.Калонов,

устоди ДИС ДДТТ

БО АНДЕШАИ СОЛИМ ВА МАЪРИФАТИ БАЛАНД ПЕШИ РОҲИ ПАДИДАИ НОМАТЛУБРО БОЯД ГИРИФТ!

Имрӯз ба майдон омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ ва гурӯҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро дар ҷомеи ҷаҳонӣ боиси мушкилоти зиёд гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро қаблан мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва имруз бошад фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – ифротгароӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, бахусус «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, дар расонаҳои хабарӣ бештар шакли ДОИШ ва ДИИШ ва шохаи “Хуросон ”зикр мегардад, ки дар қаламрави Афғонистон ошкору пинҳонӣ фаъолят дорад ва вазъи минтақаро мураккаб месозад. Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки солҳои охир ҷангҷӯёни ДИИШ шакли зоҳиршавии худро тағйир дода, бо ҷаҳлу хурофот ва роҳу усулҳои нав мақсадҳои муғризонашонро дар қаламрави Афғонистон амалӣ менамоянд. Масалан 19 январи соли ҷорӣ дар тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар маркази шаҳри Кобул, ки шаҳрвандони Чин бештар ба он ташриф меоранд, амали террористӣ содир шуд. Дар натиҷаи ин амали мудҳиш ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти ин амали террористиро ДИИШ ба ӯҳда гирифта, бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст. Ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯёни ДИИШ моҳи декабри соли 2022 низ ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар шаҳри Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд.

Хулоса,  бо дарназардошти авзои кунунии Афғонистон ва умуман шиддат гирифтани вазъи сиёсии ҷаҳон, вусъати бесобиқаи низоъҳои байнидавлатию байнидинӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо ҳифзи суботу амнияти давлатро набояд фақат ба дӯши мақомоти қудратию бехатарӣ ва воситаҳои ахбори омма вогузор намоем, балки ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири давлати ягона, хурду бузург мувофиқи қудрату тавоноӣ бо забон, бо даст бо андеша, бо фарҳангу ҳунар ва фарҳанги баланд бояд пеши роҳи ин падидаи номатлубро гирем.

 Ф.МАМАДҶОНОВ,

устоди ДИС ДДТТ

 дар ш.Хуҷанд

ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд нисбат ба баромади иғвоангезонаи навбатии бадхоҳон дар канали YouTube, сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” (аз 19.04.2026)

Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар ҳастем, ки ин навбат санаи 19 апрели соли равон,  яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, боз бо ҷалби думравони фаъолаш бо номи Муҳаммад Тағоев, Абдулло, Абдураҳмон ва як қатор афрод бо лақаби ғайриоддӣ, аз ҷумла  “7+70”, “Ватан 665”, “Ватсап” мебошанд, ки аз афзалияту имконияти шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда,  тариқи канали YouTube сомонаи “Ислоҳ. нет” (Ислоҳ ТV) дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” баромад намуданд. Ин навбат М.Садриддин зимни баромадаш худро боз “уламои дин” оид ба моҳи Муҳаррам андешаронӣ намуда, боз чун баромадҳои қаблиаш туҳату ғайбатро пеша намуд.

Баробари ин, афроди  дар боло зикршуда дар ҷараёни баромадашон оид ба қазияи зиндониёни сиёсӣ, Артиши миллӣ, ҷудошавии оила, БНМО –бемории норасоии масунияти бадан (СПИД) ибрози андеша намуда, нисбати фаъолияти раҳбарияти мухталифи кишвар суханҳои қабеҳ гуфтанд. Бо ин васила аз пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Борҳо иброз намудаем,такроран гуфтанием, ин тудаи иғвоангези ифротӣ бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Ин гурӯҳаки ифротӣ намедонанд, ки имрўз андешаи ватандўстию меҳанпарастии мардумони кишвар нисбат аз солҳои 90-уми асри гузашта фарќияти калон дорад. Аз ин лиҳоз, ба М.Садриддин ва думравонашро бори дигар хотиррасон менамоем, ки имрӯз дар  кишвари соҳибистиқлоламон имконият ва захираҳои бузург баҳри таъмини амну субот арзи вуҷуд доранд. Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Имрузҳо мардуми кишвар дар  фазои осудаи Ватани хеш умр ба сар мебаранд ва дастовардҳои дар тўли наздик ба 35 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунанд.

Мо, кормандони шуъба рўз то рўз аз файзу самараи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ  баҳравар ҳастем, рўзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрўзу ҳамаваќт амалҳои номатлуби нафарони бадхоҳони миллатро маҳкум менамоем. Хулоса, нагузорем, ки ин тудаи роҳгумзадаи фирорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиќлоламон сухан гӯянд!

ХОТИРОТИ НЕК

(Дар ҳошияи порча аз “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов “Зиёие озодихоҳ, сарафроз ва шарафманд”. «Ҷумҳурият», №218 (25333), 13.11.2025)

Пораи нашршуда аз дафтари ёддошти доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саймумин Ятимов зери сарлавҳаи “Зиёие озодихоҳ, сарафроз ва шарафманд” шоистаи сутуданӣ ва бисёр ҳам ҷолиби диққат аст.
Дар раванди мутолааи он, ҳар як инсони худогоҳ ба андеша фурӯ рафта, дар замири худ, пеш аз ҳама, дарк менамояд, ки муаллиф шахсияти соҳиби донишу тафаккури баланд, донандаи хуби анъанаву суннатҳои хеле ҳам аҷиби сокинони Бадахшонзамин ва беш аз ин, тафсиргари беҳамтои давраҳои гуногуни кору фаъолияташон дар Бадахшон будаанд.

Чун шахси меҳанпараст, миллатдӯсту хештаншинос ба ҳар як ҷузъияти одии ҳаёти ин гӯшаи зебои сарзамини тоҷикон – Бадахшон бо таваҷҷуҳи хосса назар андохтааст.
Ҳатто аз як тасвири хонаи “ҷойдорӣ” дар ин ёддошт шахс ба ваҷд меояд. Ба риштаи қалам кашидани урфу одат, суннати мардуми мо аз ҷониби муаллиф шаҳодати он аст, ки худи ӯ инсонест ниҳоят закӣ ва донишманд. Дар баробари иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, тавонистааст зиндагиномаи ҷолиби ин мардуми шарифро ҳамаҷониба омӯзад ва имрӯз дигаронро ошно созад.
Пиёда убур намудани мавзеъҳои саросар сангзор, ҷариҳои бетагу кӯҳпораҳо, беш аз як соат тай кардани роҳ байни деҳаҳои Деҳу Шипад ҳамроҳи дӯсти ҷониаш бобои Душанбе ва сафарҳои якҷояи онҳо нишонаи ин аст, ки Саймумин Ятимов шахси ниҳоят хоксор аст ва дӯстиро бо мардуми одии таҳҷоӣ, аз ҷумла зиёиён, шарафу ифтихор медонад.
Дар намунаи меҳмондорӣ, ҳаёту мамоти зиндагиномаи муаллим Ҳусейнзода, бо тамоми ҷузъиёт зиндагии аҳли зиёро ба қалам додааст. Тасвири устод Ҳусейнзода дар хусуси зиёии асил, шахси донишманд ва, ҳамзамон, ҳунарманди нотакрор буданаш, ончунон дақиқу воқеист, ки дар назари хонанда баръало намоён мегардад. Таъкид мегардад, ки дар хонаи ҳар як фарди бадахшонӣ рубобу даф, ҷевони китоб мавҷуд аст ва далели равшандилии одамони ин диёр, донишманду соҳибзавқ буданашон аст. Собитгари порчаҳои шеъри устод Мирсаид Миршакаранд, ки ёдамон меояд: “Мардуми “Боми ҷаҳон” аксарият бенаво буд, вале доно буд”.
Саҳнаи баҳсу музокираи устод Ҳусейнзода бо гурӯҳи хоинону террористон, ки соли 1994 ба водии Язгулом ҳам сар халонданд, бисёр ҳақиқию мароқангез аст. Воқеияти ҳаёти ҳамонрӯзаро бармало инъикос мекунад. Ҳусейнзодаи зиёии асил, ҷонфидои миллат, меҳанпарасти самимӣ аз дағдағаи он иддаи разилу нобакор наҳаросида, рӯйирост бо онҳо ба муноқиша бармехезад:
“Мо, тоҷикон баъд аз ҳазор сол бори дигар давлати мустақили худро пайдо кардем… Дар оташи ҷанге, ки алангаи онро ба осмон бардоштед, ҳар соат онро доман мезанед, беҳтарин фарзандони миллат – шахсони ғаюр, далер, зиёӣ нобуд шуда истодаанд ! Фардо ин Ватанро кӣ ҳифз мекунад. Кӣ месозад?… ”.
Албатта, таърих гувоҳ аст ва муаллифи муҳтарам дар ин ёддоштҳои худ пораеро аз саргузашту фаъолияти мардуми одии водии Язгуломи Бадахшон овардааст. Ҳаққо, ки “қадри зар заргар бидонад”.
Профессор Саймумин Ятимов шахсан ватандӯст, хештаншинос, фарзанди вафодори Тоҷикистони азиз, пайрави содиқи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Бо сарсупурдагӣ, дар партави тавсияву роҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари бузурги миллатамон вазифаҳои бар дӯшаш вогузоршударо бо масъулияту садоқат иҷро намуда, инсонҳоеро азизу муътабар донистааст, ки дар ҷойгоҳу макони кору зиндагии худ вазифаашонро мисли худаш иҷро мекарданд.
Таърих гувоҳ аст, ки имрӯз нақши шахс дар пешрафти ҷомеа асосист. Дар таърихи инсоният номи афроди зиёде барои корнамоию фидокориҳояшон бо хатти зарҳалин сабт гардидаанд. Исми Сарвари маҳбуби давлатамон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сархати ин фарзандони фарзонаи миллат қарор дорад.
Саймумин Ятимов ва аксарияти қаҳрамонҳои “Ёддоштҳо”-и ӯ шахсоне мебошанд, ки дар татбиқи сиёсати ба эҳёи миллату давлати тоҷик равонашудаи ин абармард саҳми шоиста гузоштаанд.

Арамбегим МАҲТОБШОЗОДА,
собиқадори меҳнат, сокини шаҳри Хоруғ

ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи бадхоҳони бегонапарасти ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо, ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд борҳо зимни изҳороти хеш вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи бегонапарастии наҳзат ва гуруҳаки ифротиро сараввал маҳкум намуда, андешаҳоямонро иброз дошта будем. Ин навбат низ, вобаста ба баромадҳои иғвоангезиву фитнаҷӯии бадхоҳони бегонапарасти ифротӣ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирю Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ҳусейн Ашуров, ки дар давоми моҳи апрели соли равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуданд, андешаҳоямонро баён менамоем. Дар иртибот ба ин, бояд қайд, ки ин навбат М. Кабирӣ,бо номи паймони худсохтаи наҳзат дар барномаи “Daily Europe”, ки ровӣ Михаил Кацин- рӯзноманигори хориҷӣ, шаҳрванди шаҳри Одессаи Ҷумҳурии Украина мебошад, дар мусоҳиба иштирок намуда, зимни баромад худро “сиёсатшинос” шуморида, нисбат ба муносибати байни давлати Русия ва Арманистон бо таври худ андешаронӣ кард. Ба фикри мо, нисбати давлатҳои зикршуда, умуман давлатҳои ҷаҳон бо мулоҳиза ва андешаи солим бояд сухан кард. Баробари ин, яке аз пайрави фаъоли наҳзат М.Садриддин дар барномаи «Номаҳо аз Ислоҳ.нет» (Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ нет» ) бо намоиши сабти видиеоӣ оид фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳукуқи кишвар ҳарзагӯи кард.

Инчунин Ҳ.Ашӯров, ки узви фаъоли ҳарақати сиёсӣ мамнуъ дар кишвар-Гуруҳи 24 мебошад, дар барномаи “Ҳақ ва ботил”, бо ҷалби пайравонаш, аз ҷумла афроде бо номи Абдулло, Абдураҳмон ва номҳои ғайриоддӣ ба мисоли “Кошонӣ”,”Суханвар” баромад намуд. Зимни баромад оид ба қазияи зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла Иззат Амон ва мавзуъҳои мухталиф, аз қабили даъват кардани ҷавонон ба ҷанги иттилоотӣ андешаи носолимашонро баён сохтанд. Илова бар ин, Ҳ.Ашӯров, барои расонидани кумаки молиявӣ ба “муборизон”- барномаи ифротии зикршуда, талбандагӣ кард.

Хулоса, тӯдаи бегонапарастони ифротӣ, ҳеҷ гоҳ андешаи нуфузи миллатро намекунанд, танҳо онҳо бо ин васила мехоҳанд нафси худро қоневу ҳокимиятро ба даст оранду мардумро ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷаҳояшон созанд. Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки бадхоҳони зикршуда омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Умуман, хар як хонандаи закӣ аз баромадҳои тудаи бегонапараст дарк менамояд, ки ғояҳои ифротӣ паҳн менамоянд. Агар ин хоинон, алалхусус М.Кабирӣ ва М.Садриддин аз дину мазҳаб огоҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекард. Аз ақидаи дини мубини Исломӣ ёдовар шуда, таъкидан тӯдаи бегонапарасти ифротиро хотиррасон менамоем, ки муъмин бародари муъмин, ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор. Вале, аз ин гуфтор тудаи бегонапарасти ифротӣ хеле дур ва бехабаранд ва ё худро ба нодонӣ мезананд! Агар огаҳ мебуданд ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ бадгўӣ, тафриқаҷўӣ, хусумат ва суханони зишт нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон дар барномаю созмонҳои хориҷӣ садо баланд намекарданд.

Дар фарҷоми изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки баромадҳои бадхоҳони бегонапарасти ифротӣ, ки асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мегарданд, аз бевиҷдонӣ ва пастфитратӣ ва хиёнатомези онҳо гувоҳӣ медиҳад. Мо, ҳама вақт баромадҳои тудаи бегонапарасти ифротиро маҳкум намуда, нагузорем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!

ГУРӮҲАКИ РОҲГУМЗАДАИ ИФРОТӢ

Пӯшида нест, имрӯз дар ҷомеаи муосир як қатор падидаи номатлуб, аз қабили терроризиму экстремизм (ифротгароӣ)ва ҳаракату равияҳои гуногуни ифротӣ арзи вуҷуд доранду ба пешрафти устувори ҷомеа хатари воқеӣ эҷод мекунанд. Масалан, яке аз” пайравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, амиқтараш созмодиҳандаи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”-и ифротӣ, дар канали YouTube – Ислоҳ.тv(Ислоҳнет.), дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, дигаре Ашуров Ҳусейн ровии “Ҳақ ва ботил”, аъзои ҳаракати мамнуъ дар кишвар- Гуруҳи 24 мебошад, ки дар давоми соли ҷорӣ баромадҳои ифротӣ менамоянд. Барномаҳои зикршуда аз туҳмату дашном ва паст задани шаъну шарафи инсонӣ иборат буда, на ба бунёдкорию созандагӣ, балки ба тахрибкорӣ ва бадбинии ниҳодҳои давлатӣ нигаронида шудаанд, ки чунин амалу рафтор ба ҳеҷ як меъёри ахлоқӣ ва динӣ мувофиқат намекунад. М.Садриддин ва Ҳ. Ашуров зимни баромадҳояшон дастовардҳои давлату миллатро нодида гирифта, бо ранги сиёҳ ҷилва медиҳанд, то ин ки дар дили ҷавонон яъсу ноумедӣ ва бадбиниро нисбат ба Ватани азизамон бедор кунанд. Бо таҳлили воқеияти болозикр, бо далели амиқ гуфта метавонем, ки бозињои пасипардаги гурӯҳаки роҳгумзадаи ифротӣ ба њамагон маълум аст. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои худ талош доранд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслакашон ҳеҷ дарси ибрат намешавад.

Зимни фарҷоми андешаи хеш гуфтанием, ки ба афроди зикршуда, умуман ба гуруҳаки ифротӣ дар хотир дошта бошанд, барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои ивазнашавандаанд. Туҳмату буҳтонҳои ғаразноки ин бадхоҳони ифротӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ҳисси ватандӯстӣ ва иродаи қавии мардуми фарҳангсолори тоҷикро шикаста наметавонад. Хулоса, ҷавонони даврони соҳибистиқлол такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати алайҳи терроризму ифротгароӣ мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат хоҳанд намуд. Ҳамзамон, ҳамеша мо бояд дар хотир дошта бошем, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимӣ мебошад. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ