ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– РОҲНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

Дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Паёми Президенти кишвар ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ буда, самтҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмии давлатро муайян менамояд.

Таҳлили муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит менамояд, ки дар маркази таваҷҷуҳи он масъалаҳои соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илму маориф ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро фаро гирифта, бурдборию камбудиҳои онҳоро возеҳ намуда, дурнамои фардои миллатро муайян намуд.

Зимни ироаи Паёми навбатии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуданд, ки соли 2025 барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла барои кишвари мо низ соли вазнин буд, вале бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шуданд. Новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Дар Паёми соли 2025 рушди устувори иқтисодӣ ҳамчун ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ муаррифӣ гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бояд бо беҳбуди сифати зиндагии аҳолӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ҳамоҳанг бошад.Чунин равиш ба консепсияи рушди устувор мувофиқат намуда, имконият медиҳад, ки рушди иқтисодӣ на кӯтоҳмуддат, балки дарозмуддат ва мутавозин таъмин гардад.
Яке аз масъалаҳои меҳварии Паём рушди босуръати маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) мебошад. Дар ин замина, тағйир додани сохтори ММД ба нафъи соҳаҳои истеҳсолӣ, пеш аз ҳама саноат ва энергетика ҳамчун омили калидии рушди воқеии иқтисод арзёбӣ мегардад. Афзоиши саҳми саноат дар ММД имконият медиҳад, ки вобастагии иқтисод аз омилҳои беруна коҳиш ёфта, арзиши иловашуда дар дохили кишвар ташаккул ёбад.

Дар Паёми Пешвои миллат масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба сифати яке аз шартҳои муҳими рушди иқтисодӣ баррасӣ шудааст. Таъкид мегардад, ки бе сармоягузории самаранок татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва инфрасохтор ғайриимкон мебошад. Сиёсати сармоягузорӣ бояд ба беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ ва рушди механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ равона карда шавад. Ҳамзамон, рушди сармоягузории дохилӣ ҳамчун унсури муҳими устувории иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2025-ум 7,6 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 3,4 маротиба афзуд. Инчунин, дар Паёми навбатӣ оид ба наќши низоми бонкї дар рушди иќтисодиёти кишвар сухан карда шуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки пешниҳоди қарз аз ҷониби низоми бонкии кишвар дар соли 2025 –ум 38% ба соҳибкорон ташкил карданд, ки ин кофӣ нест, инчунин пешниҳод гардид, ки барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад. Баробари ин, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шаванд. Инчунин бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавию меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба онҳо на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда шаванд.

Зимни суханронӣ Сарвари мамлакат қайд карданд, ки соли 2026 барои мардуми кишвар соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст.

Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни миллӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. Изҳори бовар карда шуд, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад. Иншоотҳои бузурге, ки бунёд шудаанду идома ёфта истодааст чун меваи истиқлол, нишондиҳандаҳои иқтисодиест, ки оид ба ватандорӣ, тавоноӣ ва нерӯи созандагии ҳалқи эҷодофарину давлати навини тоҷикон шаҳодат медиҳад. Иқтисодиёти миллӣ, низоми муҳосиботи миллӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ – иҷтимоии марбут ба он заҳматҳову меҳнати манфиатноки аъзоёни ҷомеъамонро дар бунёди бойгарии миллӣ таҷассум намуда, мазмуни воқеъии худро ёфтааст.

Воқеан, Паём навбатии Сарвари кишвар аҳамияти боз ҳам вусъат додани корҳои созандагӣ ва амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҷашниро то рӯзи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид менамояд. Ин раванд на танҳо рамзи ифтихори миллӣ, балки ҷузъи муҳими ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ва давлатсозӣ маҳсуб мешавад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ва ҳар як оила вазифадоранд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоӣ хонаву кошона, кӯчаву маҳалли зисти худро таъмир ва озода намуда, саҳми фаъол дар рушди муҳити зисти худ гузоранд. Дар ин радиф, Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватан корҳои созандаву бунёдкорона саъю талош намуда, вориси арзандаи фарҳангу тамаддуни бостонии миллати тоҷик бошад. Сарвари кишвар дар робита ба таҷлили ҷашни бузурги таърихӣ соли 2026 –ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон карданд. Бояд қайд кард, ки Паёми Пешвои муаззами барномаест, ки бояд ҳар шаҳрванд онро омӯзаду аз рӯи он амал кунад ва боварӣ дорем, ки агар дар амал дуруст татбиқ карда шавад, шахсро ба ҳадаф мерасонад. Хулоса, мазмун ва муҳтавои Паём гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон роҳи рушди устувори иқтисодиёти кишвар, таҳкими давлатдорӣ ва беҳбудии зиндагии мардумро устуворона идома медиҳад.

МӮМИНОВА Н. Р.,
мудири кафедраи менеҷмент ва
маркетинги ДИС ДДТТ ш.Хуҷанд

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОР ВА РАҚОБАТПАЗИРИ ИҚТИСОДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими стратегӣ буда, самтҳои калидии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир муайян менамояд. Дар Паём навбатӣ масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, рушди иқтисоди рақамӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлоли энергетикӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ бо таҳлили амиқ ва рақамҳои мушаххас асоснок карда шудаанд.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми имсолаи хеш дар атрофии масоили иқтисодӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки тайи даҳ соли охир иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати миёнаи 7,6 фоиз дар як сол рушд намудааст. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ин давра 3,4 баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 173 миллиард сомонӣ расидааст. ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонӣ дар соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, ки 2,7 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки сиёсати иқтисодии давлат ба баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст. Ҳамзамон, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 19 фоиз коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонӣ (2015) то 165 миллиард сомонӣ (2025) афзоиш ёфт, яъне беш аз 6 баробар зиёд гардид. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки рушди иқтисодӣ хусусияти фарогир дошта, ба беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбат расонидааст.

Дар Паёми Пешвои миллат саноатикунонии босуръат ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муайян гардидааст. Танҳо дар ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ сохта шуда, беш аз 87 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати рушди соҳа 22 фоизро ташкил додааст.

Соҳаи маъдан дар ин давра рушди назаррасро нишон додааст, ки ҳаҷми истеҳсолот аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расидааст, яъне 3,4 баробар афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаҳо аҳамияти коркарди ашёи хоми ватанӣ ва рушди саноати коркардро ҳамчун омили ивазкунандаи воридот ва афзоишдиҳандаи содирот тасдиқ менамоянд.

Яке аз самтҳои калидии Паём, рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад. Ҷорӣ намудани низомҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ ва молия самаранокии баланди худро нишон дод. Мисол, пас аз ҷорӣ гардидани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика, сатҳи пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ба 100 фоиз расидааст, ки талафоти неруи барқ танҳо дар шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2025 то 13 фоиз коҳиш додашуда, нисбат ба соли гузашта 7 банди фоизӣ кам гардидааст. Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки рақамикунонӣ воситаи муассири коҳиши омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани шаффофият дар соҳаҳои фаъолият мебошад.

Бо вуҷуди таъсири тағйирёбии иқлим, рушди соҳаи кишоварзӣ дар соли 2025 ба 8,5 фоиз расидааст. Сатҳи таъмини амнияти озуқаворӣ аз 60 фоиз дар соли 2015 ба 85 фоиз дар соли 2025 баланд гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз самаранокии сиёсати давлатии дастгирии кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии шаҳодат медиҳанд.
Дар ин баробар тули даҳ соли охир ба соҳаи энергетика зиёда аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шуда, иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17,2 миллиард кВт/соат (2015) ба 24,2 миллиард кВт/соат (2025) расонида шудааст, яъне 40 фоиз зиёд гардидааст.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки идома додани сохтмони НБО «Роғун» ва рушди энергетикаи офтобӣ заминаи истиқлоли энергетикӣ ва рушди минбаъдаи саноатро фароҳам меорад. Дар иртибот ба ин, Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки бо марҳила ба марҳила ба кор даровардани агрегатҳои НБО «Роғун», Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти дохилии худро бо неруи барқ пурра таъмин мекунад, балки имконияти содироти неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя низ фароҳам меояд. Ин раванд барои баланд бардоштани иқтидори иқтисодии давлат ва мустаҳкам намудани мавқеи он дар минтақа аҳамияти калон дорад. Хулоса, татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда имкон медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди сифатӣ гузашта, ба иқтисоди рақобатпазир ва содиротгаро табдил ёбад.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи мукаммали таҳлилӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ заминаҳои мусоиди таҳқиқотӣ фароҳам меоварад. Умуман, Паёмҳои Президенти Тоҷикистон мазмунан моҳияти илмӣ дошта, маҳз барои муҳаққиқони соҳаҳои гуногун, ки дар самтҳои муайян корҳои таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд, сарчашмаҳои боэътимод маҳсуб меёбанд. Бардошти мо аз ин Паём чунин аст, ки танҳо бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёна метавон дар таҳкими иқтисодиёти кишвар, тинҷиву оромии ҷомеа, баланд бардоштани некӯаҳволии халқ аҳамияти муҳим дошта, барои расидан ба ҳадафҳои олӣ саҳми арзишманд гузошт.

АЛИЕВ А.Р., мудири кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил

ва аудити ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

РАҲНАМО БАҲРИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА

“Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нави замони Истиқлол, санади сарнавиштсоз, роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди усувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегарданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Пешвои миллат ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии онро муҳим арзёбӣ намуда, ҳамзамон қайд карданд, ки бинобар афзоиши аҳамияти дипломатияи иқтисодӣ дар заминаи таҳаввулоти босуръати замони муосир истифодаи муассир ва самараноки василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Пешвои миллат дар атрофии масоили иқтисодӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Ҳамчунин дар ин самт Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ тақвият бахшида шавад.

Мусаллам аст, ки омили асосии пешрафти ҷомеа дар ҳама давру замон маориф аст. Дар ин замина дар Паём мутобиқ бо талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтарин амалӣ шудани барномаи рушди кишвар, аз ҷумла соҳаи мориф низ муайян шудааст. Дар робита ба ин, дар Паём оид ба масъалаи мактабу маориф ва илм андешаҳои ҷолиб баён карданд, ки он ба мо, рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Президенти кишвар барҳақ таъкид намуданд, ки: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад”.

Пешвои миллат зикр карданд, ки ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин замина аз моҳи сентябри соли 2026 маоши кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва мураббиён 25 фоиз боло бурда мешавад, ки ин ҳама натиҷаи ғамхорӣ ва дастгирии маорифчиён аз тарафи Пешвои миллат маҳсуб мешавад.

Бо баробари масоили дар боло зикргардида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш, инчунин доир ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз қабили нақши босазои ҷавонон дар пешрафти шукуфоии Ватан, гиромидошти таъриху фарҳанги миллӣ, волоияти қонун, муносибатҳои байналмилалӣ, созандагию ободкориҳо сухан ронда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони маҳбубро ба хотири таҳкими сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баҳри таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, баҳри гул-гулшукуфии Ватан ва меҳнати садоқатмандонаю созанда даъват намуданд.

Вобаста ба ин Сарвари муаззами далатамон барҳақ таъкид мекунанд: «Дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад. Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем».

 

Муовини директор оид
ба таълими
ДИС ДДТТ
дар шаҳри Хуҷанд

дотсент Ҷалолов Н.М.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҚУТБНАМОИ ҶОМЕА

Имсол низ дар толори Парлумони Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар он Сарвари давлат оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун фикру андешаи худро баён намуда, барои пешрафти иқтисодиёти кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки баҳри аҳли ҷамоатчигӣ давоми солди 2026 қутбнамое хоҳад буд.
Сарвари давлат дар бориа рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон фикру андешаи худро баён намуда таъкид карданд, ки он тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи буду имрӯз ҳалли худро ёфт. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд. Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳақиқат кишвари сулҳпарвару сулҳхоҳ аст, ки маҳз чунин шартномаҳо барои пешрафти кишвари азизамон мусоидат менамояд. Маҳз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурими Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки кишвари мо чунин рузҳои нек расид. Сулҳу дӯстӣ имрӯз Тоҷикистонро ба ободкориву созандагӣ ҳидоят намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бузурги ободкорӣ- бунёди корхонаҳои азим, биноҳои наву замонавӣ, роҳҳои гуногуни ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ин рӯ, боз ҳам барои ободию осоиштагии кишварамон соли 2026 – ро Президенти кишвар “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карданд. Ҷиҳати амали намудани ибтикору ташаббусии навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиро дар ин самт боз ҳам вусъат бахшида, ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави ҷумҳуриро фаро гирад. Ҳар фарди ҷомеа бояд барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азиз кори неке анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба анҷоми корҳои бузург қодиранд, Ватани хешро сидқан дӯст медоранд ва барои ҳимояи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодии худ ҳамеша омодаанд.

Р.АРАБОВА,
устоди ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд

ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА СУЛҲОФАРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

16 декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардид. Дар Паёми хеш, Президенти кишвар оид ба натиҷаҳо, дастовардҳо ва руйдодҳои муҳиме ки дар соли 2025 ба даст омаданд, қайд карда гузаштанд. Алалхусус, “Руйдоди муҳими таърихӣ -ин ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам овард” – иброз доштанд Сарвари кишвар.
Воқеан, Осиёи Марказӣ имрӯз ба фазои боварӣ, ҳамсоягии нек ва дӯстӣ табдил ёфтааст. Заминаи муносибатҳои давлатҳои Осиёи Марказиро имрӯз муҳокимаи боварибахш, ошкоро, созанда, ҳамчунин ҳалли ҳамоҳанг шудаи мушкилоти умумии минтақа ташкил медиҳад. Дар ин зимн, бо роҳи сулҳ ҳал гаштани масъалаҳои марзӣ миёни кишварҳои минтақа ин воқеиятро тасдиқ намуд. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд ва мусбатро гирифт. Вобаста ба ин, 21 декабри соли равон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба робарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.
Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳамбастагӣ ва ҳамгироии минтақавӣ нақши муҳимро мебозад. Он ба кишварҳо имкон медиҳад, ки мушкилоти рӯзафзунро ҳал намуда, ба пойдории субот ва рушду боустувори давлатҳо мусоидат намояд. Ҳоло, дар минтақа барои таҳкими ҳамгироӣ фазои мусоид фароҳам омадааст. Баргузор гаштани ҳафт Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар солҳои охир инро собит сохт. Баробари ин, Тоҷикистон аз 1 январи соли 2025 раёсати ИДМ-ро ба ӯҳда гирифт. 10 октябри соли равон дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ин созмон баргузор гашт. Инчунин, 9 октябри соли равон ҳамоиши дуюми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор шуд. Рӯзномаҳои ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавиро дар бар гирифт.
Дигар рӯйдоди муҳиме ки дар соли 2025 ба вуҷуд омад, ин мизбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ин конфронро дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор намуд
Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Қатъномаи мазкур дастоварди дигари муҳим дар соли ҷорӣ мебошад.
Дар ин радиф, бояд зикр кард, ки Тоҷикистон зиёда аз бист сол мешавад, ки тадбирҳои худро ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти обу иқлим пеш мебарад. Аз ин ҷост, ки якчанд ташаббусҳои кишвари мо дар ҳалли масоили обу иқлим бо қатъномаи Созмони Милал қабул шудаанд. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза эълон гардидани соли 2003», Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» мебошанд.
Ҳамзамон, бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шудааст. Илова бар ин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса моҳи августи соли 2024 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қатънома оид ба эълон намудани солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ” якдилона қабул гардид.
Ташаббусҳои мазкур дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун майдонҳои байналмилалии “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо” пазируфта шудааст, ки обру ва нуфузи кишвари моро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт.
Бо ташаббуси дигари кишвари мо 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Хотиррасон бояд кард, ки Ташаббуси мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми МУ СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
Қабул гардидани санади мазкур бо бархурдорӣ аз пуштибонии якдилонаи кишварҳои узви СММ қадами муҳиммеро дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ ташкил медиҳад. Илова бар ин, қатъномаи зикршуда ҳамчунин механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян менамояд. Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ҷиҳати ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Имрӯзҳо, бо мураккабу вазнин гаштани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, раванди поймол гаштани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба вуҷуд омадааст, ки пойдевори назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Бо дар назардошти ин раванд ва бомуваффақона татбиқ намудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ, 2024” дар Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милал имконияти эълон намудани “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқи”- ро мавриди баррасӣ қарор диҳад ва аз ҳамаи давлатҳои аъзо даъват намуданд, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд. Боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Қабули гаштани санади мазкур рӯйдоди муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои ташвиқу огоҳ намудани давлатҳо бо мақсади риояи ҳуқуқ, адолат ва масъулиятпазирӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин қатънома нақши созандаи Тоҷикистонро дар пешбурди омӯзиши ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбарии дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббуси навбатиашон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шуд, эътироф менамояд.
Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё ба ҳисоб мераванд. Гузаштагони мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Дар замони истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ЮНЕСКО ба дастовардҳои назаррас муваффақ гашт. Танҳо дар соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Ҳамчунин, танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад.
Тоҷикистон, ният дорад, ки солҳои минбаъда боз дигар ёдгориҳои фарҳангӣ ва шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷикро ба руйхати ташкилоти бонуфузи ЮНЕСКО пешниҳод намояд.
Дар ин росто, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбади Марвазӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён – зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Дар баробари дастовардҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ЮНЕСКО, дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд. Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки мерос ва аҷдодони худро омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
Зимни Паёми хеш Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба вазъи кунунии ҷаҳон диққати аҳли нишастро ҷалб намуда, қайд карданд: “Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад”. “Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем” – таъкид карданд, Пешвои миллат.
Дар ҳақиқат, вазъи имрӯзаи ҷаҳон то ҳол мураккабу пурҳассос боқӣ мондааст. Алалхусус вусъатёбии ҷангу низоъҳои мусаллаҳона дар баъзе минтақаҳои гуногуни олам, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хавфу хатарҳое мебошанд, ки ба суботу оромӣ ва рушди тараққиёти кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Ҳамзамон, оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба монанди гармшавии шадид, обхезӣ, хушксолӣ ва камобӣ ба раванди рушди устувори давлатҳо монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми кушишу тадбирҳои худро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва ҳалли мушкилоти обу иқлим дар ҷаҳон равона карда истодааст.
Вобаста ба ин, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш зикр карданд, ки “Зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» минбаъд низ идома хоҳем дод”.
“Ҳамзамон бо ин, барои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош хоҳад кард” – иброз доштанд, Сарвари кишвар.
Ҳамин тариқ, дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастоварду рӯйдодҳои муҳим ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ироа шуданд. Маҳз, таҳти роҳбарии Пешвои миллат мақому манзалати Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯсту созанда дар арсаи ҷаҳон шинохта шуд ва симои мусбати кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким ёфт. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби Пешвои миллат дар тақвият ёфтани обру ва нуфузи кишвари мо дар ҷаҳон хело бузург аст. Моҳияти сиёсати хориҷии Тоҷикистонро имрӯз сафарбар намудани саъю талош барои ҳалли масоили сайёра, аз қабили мухолифатҳо, ҷангу низоъҳо ва ҳамчунин мушкилоти обу иқлим ташкил медиҳад. Ба шарофати чунин сиёсат ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари кишвар, Тоҷикистон тавонист бо зиёда аз 187 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намояд ва узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардад. Дар ин росто, мо боварӣ дорем, ки боз дигар ташаббусҳои созандаву сулҳофари кишвари мо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва қабул хоҳад ёфт.

Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович
муаллими калони кафедраи
ҷомеашиносӣ, ДИС ДДТТ
дар ш. Хуҷанд.

ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ САТҲИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои узв ва вакилони ин мақоми олии қонунбарор ба халқи шарифи Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 ироа гардид. Дар паёми навбатӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ватани азизамон Тоҷикистон мавриди таҳлили амиқ, хулосабарорӣ, натиҷагирӣ ва ояндабинӣ қарор гирифта, аз амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, рушди бемайлони тамоми ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мужда дода шуд.
Президенти кишвар зимни ироаи Паёми хеш қайд намуданд, ки соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид. Аз ҷумла, ташаббусҳои созандаи сатҳи ҷаҳонии кишвари соҳибистиқлоламон мебошад, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд.
Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.
Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Ҳамчунин, танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Инчунин, боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Дар ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.
Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои амалигардонии ин сиёсатҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки қобили қабули ҷаҳониён гаштааст саҳмгузор бошем, заррае бошад ҳам барои пешрафти давлати азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ диҳем.

МАНОНОВА Ф. И.,
ассистенти кафедраи
ҳуқуқшиносии ДИС ДДТТ

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид)

Таҳлили муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки дар маркази таваҷҷуҳи он масъалаҳои соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илму маориф ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро фаро гирифта, бурдборию камбудиҳои онҳоро возеҳ намуда, дурнамои фардои миллатро муайян намуд. Инчунин, зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди бонизоми «зеҳни сунъӣ», «иқтисоди рақамӣ», «иқтисоди сабз» ва «инноватсия»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои татбиқи босамари онҳо дастуру ҳидоятҳои созандаро роҳандозӣ намуданд. Самти зикршударо мавриди омӯзишу хулосабарорӣ намуда, бояд қайд, ки масъалаҳои зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, иқтисоди «сабз» ва инноватсия дар шароити рушди бемайлони муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангию илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мубрамияти ба худ хосро касб намуда истодаанд.

         Бояд қайд кард, ки зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence, AI) дар ҷаҳони технологӣ падидаи нав буда, бо дарназардошти раванди ҷаҳонишавӣ, рушди илму техника, ворид ва истифода гардидани технологияҳои пешқадаму муосир дар ҳама соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ хеле муҳим мебошад. Зеро технологияҳои зеҳни сунъӣ имкон фароҳам меоваранд, ки дар солҳои наздик сохтори иқтисодӣ ва тарзи фаъолияти одамон ба куллӣ иваз гардад. Ин аст ки бо мақсади расидан ба натиҷаҳои шоиста бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №483 “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул гардид. Бо дарназардошти талаботи муосири бозори ҷаҳонӣ, бахусус рушди муносибатҳои рақамӣ ва маҷозӣ, дар Стратегияи мазкур ҳадафу афзалиятҳо ва вазифаҳои минбаъдаи рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар муайян шудаанд.

Боиси ифтихор ва сарбаландии мо аст, ки дар партави ташаббуси навбатии Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи онро қабул намуд. Лозим ба зикр аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмааи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд. Аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабул гардидани қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» нақши муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳамияти таърихии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид мекунад.

Дар ҷаҳони муосир, ки технологияҳо ва рақамӣ шудани ҳаёт тамоми соҳаҳоро фаро гирифтааст, зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи асосӣ дар рушди иқтисод ва ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ин технологияҳо қариб ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, аз қабили тандурустӣ, маориф, саноат, нақлиёт, бонкдорӣ то самти мудофиа ворид шуда, кори инсонро ба маротиб беҳтар ва осон мегардонанд. Дар оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст, ба яке аз кишварҳои пешсаф дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ мубаддал гардад.

Барои амалӣ гардидани ин мақсад андешидани чораҳои стратегӣ дар ташкили шароити мусоиди соҳавӣ ва омодаву ҳавасманд намудани мутахассисони ҷавон муҳим мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода ва рушди AI-ро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон кардааст.

Президенти кишвар дар Паёми навбатии хеш  таъкид карданд:

        “Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем”

Зеҳни сунъӣ дар умум  метавонад равандҳои истеҳсолӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоиро самаранок созад. Пешвои миллат зикр карданд:

«Бо истифодаи технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ мо метавонем хизматрасониҳои давлатӣ ва истеҳсолотро босамар ва рақамӣ созем.»

Бо ёрии AI:

  • маҳсулоти миллӣ дар бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ рақобатпазир мегарданд;
  • корҳое, ки пештар вақт ва захираҳои зиёд мегирифтанд, автоматизатсия мешаванд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ интегратсияи AI бо иқтисоди сабз ва захираҳои барқароршаванда мебошад. Аз ҷумла, бо истифода аз технологияҳои интеллектуалӣ:

  • идораи захираҳои об ва энергия самаранок мегардад;
  • мониторинги муҳити зист ва ҳифзи табиат осон мешавад;
  • истеҳсоли энергияҳои барқароршаванда афзоиш меёбад.

      Инчунин зеҳни сунъӣ имкониятҳои навро барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва хизматрасонии рақамӣ фароҳам меорад. Дар иртибот ба ин, Пешвои миллат зикр карданд:

«Мо бояд насли ҷавонро бо технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ шинос созем, то онҳо барои ояндаи Ватан омода бошанд.»

Аз ин лиҳоз, барои насли ҷавон бояд:

  • шиносоӣ бо технологияи рақамӣ ва AI қобилияти таълим ва эҷодиётро афзоиш медиҳад;
  • малакаи мутахассисон дар соҳаҳои нав ба таври назаррас баланд мешавад;
  • имкониятҳои касбии ҷавонон барои саҳмгузорӣ дар рушди кишвар васеъ мегарданд.

Зеҳни сунъӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо воситаи рақамӣ ва автоматизатсия, балки амалиёти стратегии рушди устувор ва ҳамгироии иқтисод ва муҳити зист мебошад. Пешвои миллат таъкид карданд:

«Зеҳни сунъӣ ва инноватсия воситаи муҳим барои баланд бардоштани самаранокии иқтисод ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мебошад.»

Бо истифода аз AI, кишвар метавонад:

  • иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабзро ҳамзамон рушд диҳад;
  • рақобатпазирии маҳсулоти миллӣ ва хадамотро дар бозорҳои байналмилалӣ афзояд;
  • насли ҷавонро барои рӯ ба оянда омода созад.

     Равандҳои зикршуда дар оянда Тоҷикистонро ҳамчун кишвари инноватсионӣ ва рақамӣ пешсаф ва устувор нишон медиҳад.

         Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон як ҳуҷҷати мукаммали сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки роҳнамои рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб меравад. Ин Паём на танҳо дастовардҳоро ҷамъбаст мекунад, балки бо муайян намудани вазифаҳои мушаххас барои ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа дурнамои равшани ояндаро нишон медиҳад. Мазмун ва муҳтавои Паём гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон роҳи рушди устувор, таҳкими давлатдорӣ ва беҳбудии зиндагии мардумро устуворона идома медиҳад.

АХМЕДОВ М.А.,

 мудири шуъбаи ТИШ-и

ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН САНАДИ РОҲНАМО ДАР РУШДИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ КИШВАР

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16 декабри соли 2025 яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян намуда, вазифаҳои калидии рушди ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёдро барои солҳои минбаъда муқаррар мекунад. Ин Паём ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ нақши муассир дорад.

Як нуқтаро бояд қайд кард, ки пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар банди якуми моддаи 69-и Конститутсия, ки дар он салоҳиятҳои Президенти Тоҷикистон ифода ёфтааст, чунин омадааст: «Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад».

Агар мо аз нигоҳи усулӣ моҳияти Паёмҳои Президенти Тоҷикистонро баён намоем, пас онҳо ифодакунандаи вазъи воқеии натиҷаи солонаи ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии ҷумҳурӣ буда, ҷанбаи барномавӣ, натиҷагирӣ, руҳбаландкунандагӣ ва ҳамгироикунандагӣ доранд. Асосан, Паёмҳо ифодакунандаи натиҷаи ноил гардидани мардуми ҷумҳурӣ ба ҳамон чор ҳадафи стратегӣ мебошанд, ки муҳтавои он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ҳамасола мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Паёми Президенти Тоҷикистон аз 16 декабри соли равон ифодагари ҳамин хусусият буд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Ҳамчунин дар Паёми имсолаи Пешвои миллат масъалаи таҳкими волоияти қонун ҳамчун асоси давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд таъкид гардид. Пешниҳодҳои марбут ба рақамикунонии идоракунии давлатӣ, коҳиш додани таъсири омили инсонӣ дар муносибатҳои молиявию маъмурӣ ва густариши пардохтҳои ғайринақдӣ ба баланд бардоштани шаффофият, пешгирии коррупсия ва таъмини адолати ҳуқуқӣ равона шудаанд. Ин равандҳо ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ мебошанд.

Паём зарурати таҳияи як қатор санадҳои нави меъёрии ҳуқуқиро ба миён мегузорад. Аз ҷумла, таҳияи қонун дар бораи сиёсати аграрӣ, бостоншиносӣ, стратегияҳои рушди бозори сармоя, соҳаи алоқа ва истифодаи зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба шароити муосир равона шудаанд. Қабули чунин санадҳо ба танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Дар Паём масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон мавқеи хос доранд. Баланд бардоштани музди меҳнат, индексатсияи нафақаҳо, рушди бозори меҳнат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кафолатҳои иҷтимоии давлатро тақвият мебахшанд. Ин тадбирҳо ба амалисозии ҳуқуқ ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва сатҳи арзандаи зиндагӣ мусоидат намуда, уҳдадориҳои конститутсионии давлатро ифода мекунанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар Паём зарурати ташаккули заминаи мукаммали ҳуқуқиро дар ин самт таъкид менамояд. Пешниҳодҳо оид ба таҳияи стратегияҳои соҳавӣ, таъсиси корпоратсия ва марказҳои зеҳни сунъӣ заминаи ҳуқуқии истифодаи технологияҳои навро фароҳам оварда, ҳамзамон масъалаҳои ҳифзи маълумот, амнияти иттилоотӣ ва масъулияти ҳуқуқиро ба рӯзномаи сиёсати ҳуқуқии кишвар ворид мекунанд.

Бояд қайд кард, ки дар ибтидо дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба ду масъалаи муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ андешаронӣ карданд, ки ин дастоварди беназир дар соли 2025 ба шумор мераванд.

Якум ин баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки моҳи марти соли 2025 доир гардид. Воқеан интихобот маъракаи муҳими сиёсиест, ки дар шароити давлати соҳибистиқлоли демократӣ воситаи асосии иштироки халқ дар идоракунии давлат ва рушди ҷомеа мебошад.

Дуввум дастоварде, ки он ҳам ба моҳи марти соли равон рост омада буд, ба имзо расонидани санадҳои муҳим байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сарҳади давлатии ду ҷумҳурӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба мебошад. Кушодашавии сарҳади байни ду давлат қадами бузург дар сиёсати хориҷии мамлакат ба шумор меравад. Ҳамзамон дар ҷашни байналмилалии Наврӯз – 31 марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд иштирок намудани сарони се давлати ҳамҷавор – Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ва қабули Эъломияи Хуҷанд дар ин рӯзи таърихӣ, бозгӯе аз таҳкими дӯстӣ, ҳамҷавории нек ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дастовардҳое, ки мардуми Тоҷикистон бо сарварии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар даҳсолаи охир ба даст овардаанд, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таҳлил ва баррасӣ гардиданд. Пеш аз ҳама, бояд иброз намуд, ки дастовардҳои ноилгардида натиҷаи заҳмату талошҳои мардуми шарафманди ҷумҳурӣ мебошанд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид гардиданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади сиёсӣ, балки ҳуҷҷати дорои аҳаммияти баланди ҳуқуқӣ мебошад, ки самтҳои асосии қонунэҷодкунӣ ва амалияи ҳуқуқиро муайян месозад. Иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда ба такмили низоми ҳуқуқии миллӣ, таҳкими қонуният ва болоравии фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ҳамчун санади стратегӣ ва роҳнамо дар рушди сиёсати ҳуқуқии кишвар хизмат мекунад. Он заминаи устуворро барои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба равандҳои муосири ҷаҳонӣ фароҳам меорад.

Маҳмудов Ш. У.,
мудири шуъбаи кадрҳо
ва корҳои махсуси ДИС ДДТТ

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲУҶҶАТИ СТРАТЕГИИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳими стратегӣ ва барномавии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Паёми имсолаи Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ, илму маориф, таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва устувории давлатро дар бар мегирад. Ин санади муҳим на танҳо ҷамъбасти дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро фаро гирифт, балки самтҳои асосии рушди минбаъдаро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир муайян намуд.

Соли 2025 барои Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ гардид. Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихӣ ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки тӯли зиёда аз сад сол ҳалношуда боқӣ монда буд. Имзои шартномаи сарҳадӣ, инчунин созишнома бо иштироки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳо ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ, заминаи устувори сулҳу субот ва рушди минтақавиро фароҳам овард.

Паёми навбатӣ бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеи устувор дорад. Мизбонии нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва қабули қатъномаҳои муҳими Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба ҳифзи пиряхҳо, криосфера ва нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор, далели равшани эътирофи ҷаҳонӣ мебошанд.

Инчунин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои Хуттали қадим ва қабули қатънома дар бораи эълон шудани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» мавқеи фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшид.

Дар Паём натиҷаҳои татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар ҷамъбаст гардиданд. Тайи даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, рушди солонаи иқтисодӣ ба ҳисоби миёна 7,6 фоизро ташкил дод. Даромади пулии аҳолӣ беш аз шаш баробар афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.

Қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026–2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қадами муҳим ба сӯи ояндаи устувор мебошад. Ин барнома ба ду баробар афзоиш ёфтани иқтисод, коҳиши камбизоатӣ то 10 фоиз ва тавсеаи табақаи миёна нигаронида шудааст.

Яке аз меҳварҳои асосии Паём рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад. Пешвои миллат ба таври мушаххас зарурати коҳиш додани омили инсонӣ, гузариш ба идоракунии рақамӣ, ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи таҷрибаи муваффақи биллинги рақамӣ дар соҳаи энергетикаро таъкид намуданд.

Пешниҳоди таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва дата-сентрҳои «сабз» нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ният дорад аз захираҳои гидроэнергетикии худ барои рушди технологияҳои пешрафта истифода намояд.

Дар Паёми имсола ба масъалаи рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст. Таъкид шуд, ки саноатикунонии босуръати кишвар, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ аз омилҳои калидии пешрафти иқтисодӣ мебошанд. Дар давраи саноатикунонии босуръат беш аз 2600 корхонаи саноатӣ таъсис ёфта, ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ 2,5 баробар афзоиш ёфт. Соҳаи энергетика низ бо сармоягузории калон рушд карда, бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва идомаи сохтмони НБО «Роғун» заминаи истиқлоли энергетикиро фароҳам меорад.

Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2025 санади фарогир ва стратегӣ буда, роҳи равшани рушди Тоҷикистонро дар солҳои наздик муайян менамояд. Он ифодаи иродаи қавии сиёсӣ, таҷрибаи бойи давлатдорӣ ва эътимоди комил ба неруи созандаи мардум мебошад. Бо такя ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва заҳмати аҳлона, Тоҷикистон қадам ба қадам ба сӯи давлати пешрафта, иқтисоди рақобатпазир ва ҷомеаи солиму маърифатнок ҳаракат мекунад.

Ғ.ЮСУПОВ,
ассистенти кафедраи молия ва
қарзи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд