БОЗИҲОИ СИЁСИИ НАВБАТИИ КАБИРӢ ДАР АВРУПО

      Мо, тариқи расонаҳои иттилоотӣ огаҳ ҳастем, ки роҳбари  ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ, зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, мехоҳад боз ба майдони сиёсӣ Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро истифода бурда,  нисбати кишвари мо кинаву адоват  зоҳир намуда, ба дурӯғпардозии навбатӣ шуруъ намояд.

        Таҳлилҳои охир собит менамояд, ки воқеан САҲА дар думболи пуштибонии ифротиёну террористон фаъолияташро ба роҳ мондааст. Бояд ёдовар шуд, ки қаблан роҳбари ТТЭ ҲНИ-Паймони миллатфурӯшон М. Кабирӣ дар хориҷи мамлакат бо пуштибонии намояндаи САҲА сӯҳбату вохӯриҳо доир намуда, ба бадномкунии миллати худ машғул шуда буд. Имрӯз  низ бо бозиҳои сиёсии навбатиаш, дар чорабинии навбатии САҲА, ки санаи 5 октябр  баргузор мегардад, ширкат варзида  оид ба қазияи Бадахшон ва нисбати рӯноманигорон баромад намояд. . Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд,ки дар чорабиниҳои САҲА иштирокчиён, аз як зумра расмиёти қатъӣ пешакӣ гузашта, номнавис мешуданду ҷиддан интихоб мешуданд.

             Хотиррасон мекунем, ки воқеан ТТЭ ҲНИ на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар кишварҳои бонуфуз низ гуруҳҳои терорристию экстремистӣ  эълон карда шудааст, ба мисоли Федерасияи Русия, санаи 14 сентябри соли равон ТТЭ ҲНИ дар ҳудудаш манъ намудааст.  Ба андешаи мо бо назардошти ин далел САҲА набояд дар ҷаласаи навбатиаш ба раҳбирияти ТТЭ ҲНИ сухан диҳад ва он чун ташкилоти террористӣ ҳуқуқи баромад намудан надорад.

      Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем, ки ҳар шаҳрванди кишвар таъкид бар он карда мешавад, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин гуруҳҳои нохалаф, ки мехоҳанд бо ҳилаву фириефта намудан, бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалӣ  ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд,  муборизаи беамон бояд бурд. Воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки зиддӣ терроризиму ифротгароӣ тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд. Хулоса, дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем.

                                    А.ВАЛИЕВ, ассистенти

кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *